Сафири Амрико дар Украина аз мақоми худ истеъфо медиҳад. Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кардааст, ки ин симат дар вақте холӣ мешавад, ки музокироти муҳими сулҳ миёни Вашингтон, Киев ва Маскав, дар ҷараён аст.
Бриджет Бринк, ки аз сӯи президенти пешини Амрико Ҷо Байден дар ин мақом таъйин шуда буд, аз моҳи майи соли 2022 ва дар яке аз ҳассостарин давраҳо, ба унвони сафир дар Киев робитаҳои Амрико ва Украинаро мудирият мекард. Даврае, ки бо ҳамлаи Русия ба Украина рост меояд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 10 апрел ба хабарнигорон гуфт, "сафир Бриджет Бринк дар ҳоли канорагирӣ аст. Ӯ се сол дар онҷо сафир буд, ки дар як минтақаи ҷангӣ, муддати зиёде ба ҳисоб меравад".
Интизор меравад, ки Бриджет Бринк давоми ҳафтаи оянда аз мақомаш канор биравад.
Даврони фаъолияти ӯ ду ҳукумати Амрикоро дар бар мегирад, ки сиёсатҳои гуногун дар баробари Украина доштаанд.
Робитаҳои Вашингтон ва Маскав дар замони президентии Байден ба поинтарин сатҳ пас аз даврони Ҷанги Сард, расид. Ба гунае, ки робита бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба таври комил қатъ шуд, он ҳам дар авҷи калонтарин ҷанги заминии Аврупо аз замони Ҷанги ҷаҳонии дувум.
Дар муқобил, ҳукумати Трамп бо Кремл тамоси мустақим барқарор кард ва Трампу Путин дар моҳҳои ахир дастикам ду бор бо якдигар телефонӣ суҳбат карданд ва дар ҳоли ҳозир Вашингтон дар талош барои миёнҷигарӣ барои як созиши сулҳ байни Русия ва Украина аст.
Бриджет Бринк ҷадидтарин дипломати баландпояи амрикоӣ аст, ки дар даврони ҳукумати феълӣ аз мақоми худ канорагирӣ мекунад. Пеш аз ӯ, Ҷон Басс, саввумин мақоми баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, дар моҳи январ истеъфо дода буд.
Далели хосе барои тасмими Бриджет Бринк барои канорагирӣ эълон нашудааст. Аммо хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз манбаъҳои худ гузориш додааст, ки ин тасмим "довталабона" ва аз сӯи худи ӯ гирифта шудааст.
Бриджет Бринк ахиран аз сӯи Владимир Зеленский, раисҷумҳури мавриди интиқод қарор гирифт. Иллати ин интиқод, вокуниши ӯ ба ҳамлаи маргбори мушакии Русия ба шаҳри Кривой Роги Украина дар ҳафтаи гузашта буд. Дар ин ҳамла 20 нафар, аз ҷумла, 9 кӯдак дар як тарабхона ва майдончаи бозии кӯдакон, кушта шуданд.
Бриджет Бринк дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳамлаи 4 апрел ишорае ба масъул будани Русия накарда буд. Ин масъала боиси норозигии Зеленский шуда буд.
Аммо дар паёме, ки ду рӯз баъд дар бораи ҳамлаи мушакии дигари Русия нашр кард, ин дипломат ошкоро Русияро масъул донист.
Ӯ рӯзи 6 апрел дар паёме дар шабаки иҷтимоии Х навишт, "аз соати 6:30-и субҳ, Киев ва дигар нуқтаҳои Украина ҳамчунон зери оташ ва мушакҳои баллистикӣ ва "Круз"-и Русия ҳастанд. Садои таркишҳои сахт дар пойтахт шунида мешавад ва гузоришҳое аз ҳамлаҳо дар чандин шаҳр, нашр шудааст".
Аммо бо канорагирии хонум Бриджет Бринк, маълум нест, ки чӣ касе ҷойнишини ӯ хоҳад шуд.
Гуфтугӯ