Зарифа Абу Таъмия, сокини шаҳри Хон Юнуси Ғазза, дар мотами наздиконаш нишастааст. Исроил рӯзи 14-уми октябр ба хонаи онҳо бомба андохт. Худаш зинда монд, ҷияну пайвандони дигараш кушта шуданд.
Рӯзномаи амрикоии "Washington post" ба нақл аз ду мақоми огоҳ гузориш додааст, ки нахуствазири Исроил дар гуфтугӯи ахири худ бо раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Исроил ба Эрон шомили таъсисоти ҳастаӣ ё нафтӣ нахоҳанд буд ва пойгоҳҳо ва мавзеъҳои низомиро ҳадаф қарор хоҳанд дод. Амрико ва Исроил ҳанӯз вокунише ба ин гузориш нишон надодаанд.
Як сол пас аз ҷанги "Ҳамос" ва Исроил, акнун задухӯрдҳо байни "Ҳизбуллоҳ" ва Исроил дар ҷануби Лубнон шиддат гирифтааст. Ин низоъ боиси як бӯҳрони нави башарӣ шуд, ки ба гуфтаи Созмони Милал тақрибан 200 ҳазор касро нафарро беҷо кардааст.
Артиши Исроил субҳи душанбеи 14-уми октябр эълон кард, ки чор тан аз сарбозонаш бар асари ҳамлаи паҳбод ё дронҳо ба як пойгоҳи низомӣ дар атрофи шаҳри Беняминия дар шимоли ин кишвар кушта шуданд.
Аксари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз ҳамлаи Исроил ба Эрон, ки метавонад вазъ дар минтақаро дигар кунад, нигаронанд.
Ҳамлаи Исроил аз замину ҳаво ба Лубнон давом дорад. Дар се ҳафта зиёда аз 1400 кас кушта ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шудаанд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар мулоқот бо раҳбарони Бритониё, Фаронса, Италия ва ҳамчунин раиси нави НАТО тарҳи "пирӯзӣ" дар ҷанг бо Русияро пешниҳод кард ва хостори иҷозаи истифода аз мушакҳои дурпарвози кишварҳои ғарбӣ алайҳи аҳдофе дар хоки Русия шуд.
Телевизиони давлатии Сурия гузориш дод, ки Исроил ба минтақаи саноатӣ дар шаҳри Ҳимс ва як пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Ҳамо ҳамлаи ҳавоӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, ин ҳамлаҳо "хисороти моддӣ" ба ҷой гузоштааст.
Сухангӯйи сарвазири Арманистон гуфт, дар ҷараёни дидори Никол Пашинян ва Владимир Путин дар Маскав тавофуқ шудааст, ки нерӯҳои Русия посгоҳҳо ё нуқтаҳои назорати марзии Эрон ва Арманистонро тарк кунанд.
Вилям Бурнз, раиси Созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA гуфт, агарчӣ Вашингтон ба ин бовар аст, ки на Эрон ва на Исроил ҳеҷ кадом "ба дунболи як ҷанги ҳамаҷониба нестанд", аммо хатари афзоиши нохостаи даргириҳо "бисёр воқеӣ ба назар мерасад".
Ба гузориши Созмони Милал, дар як соли ҷанг дар Навори Ғазза наздик ба ду миллион нафар хонаҳои худро аз даст дода, дар вайронаҳо ё паноҳгоҳҳои муваққатӣ зиндагӣ мекунанд. Дастрасӣ ба хӯроку дору низ барои бисёре аз онҳо ғайриимкон шудааст.
Навори Ғазза дар соҳили Баҳри Миёназамин то соли 1917 дар ихтиёри империяи усмонӣ буд. Дар як асри гузашта аз итоати Бритониё ба Миср гузашт ва сипас зери назорати артиши Исроил даромад. Ҳоло бурунбум ё анклави деворпече аст, ки дар он зиёда аз ду миллион фаластинӣ зиндагӣ мекунанд.
Ёфтҳои бештар