Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба чанд шаҳри Сурия


Телевизиони давлатии Сурия гузориш дод, ки Исроил ба минтақаи саноатӣ дар шаҳри Ҳимс ва як пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Ҳамо ҳамлаи ҳавоӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, ин ҳамлаҳо "хисороти моддӣ" ба ҷой гузоштааст.

Ин гузориш мегӯяд, ки Исроил як корхонаи мошинсозӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Ҳимсро мавриди ҳамла қарор дод. Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса ба оташсӯзӣ дар корхона анҷомид ва нерӯҳои оташнишон барои хомӯш кардани алангаи оташ ба маҳал шитофтанд.

Хабаргузории давлатии Сурия, SANA низ навишт, ки ин ҳамла дар соати яки шаб ба вақти маҳаллӣ анҷом шуд ва як корхонаи бандубасти мошинҳо дар минтақаи саноатии Ҳасёъ дар вилояти Ҳимс мавриди ҳамла қарор гирифт. Ҳасёъ дар 80-километрии ҷануби шаҳри Ҳамо қарор дорад.

Гурӯҳи мухолифи дидбони ҳуқуқи башари Сурия қароргоҳаш дар Лондон мегӯяд, ки ин корхонаи мошинсозӣ ба Эрон тааллуқ доштааст. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои артиш ва дифои ҳавоии Сурия дар он минтақа ҷобаҷо ҳастанд.

Расонаҳои давлатии Сурия ҳамчунин хабар доданд, ки садои таркишҳое дар шаҳри Даръо шунида шудааст ва масъулин дар ҳоли таҳқиқи он ҳастанд.

Аз оғози ҷанги дохилии Сурия, артиши Исроил борҳо нерӯҳои вобаста ба Эронро дар Сурия ҳадаф қарор додааст. Ин ҳамлаҳо аммо аз 7-уми октябри соли гузашта, ки ҷанги Ғазза оғоз шуд, афзоиш ёфтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG