Паноҳгоҳи “Байт Лаҳия” дар ҷануби Ғазза макони зиндагии тақрибан 200 хонавода аст. Варда Алмосламӣ, беҷошудаи фаластинӣ ва ҳамсару ҳафт фарзандаш дар хаймае зиндагӣ доранд, ки аз маводи пластикӣ сохта шудааст. Ӯ мегӯяд, рӯзҳои душворро паси сар мекунанд.
"Ҳар рӯз ба сахтӣ мегузарад, чун на обу барқ дорем, на чизи дигаре барои зистан. Ҳар рӯз кӯшиш мекунем, ки об пайдо кунем. Мо зарфҳоро дар нуқтаи обдиҳӣ пур мекунем. Кӯдакон рӯяшонро мешӯянд, мӯйҳояшонро ба тартиб медароранд ва сипас ҳар кас пайи вазифаҳои рӯзона мешавем,” -- қисса кард ӯ.
Хонаводаи Салҳо низ дар ҳамин паноҳгоҳ аст. Онҳо баъди вайрон шудани хонаашон дар шимоли Ғазза ночор ба инҷо кӯчиданд. Вазифаи Бана Салҳои 13-сола обкашонист. Вай орзу дорад, ки рӯзе ба сулҳу оромӣ бирасанд.
"Орзу дорем, ки хонаи вайроншудаи худро дубора бисозем. Дар онҷо зиндагӣ кунем. Мехоҳем, ки дӯстону ҳамсинфон, устодонро бинам ва дубора ба мактаб баргардам," – гуфт ӯ.
Мондер Салҳо, падари Бана, бинокор аст ва то ҳол чор бор барои хонаводааш дар чаҳор гӯшаи Ғазза бо маводи пластикӣ паноҳгоҳ сохтааст. Ҳар бор маҷбур шудаанд, ки ба ҷойи амнтар бикӯчанд.
Ҳаво сард мешавад ва Мондер барои зимистон бо порчаҳои пластикӣ хаймаи даридаро бозсозӣ мекунад. Ҳоло имкони кор пайдо кардан дар Ғазза номумкин аст ва ӯ ҳам пуле надорад, ки барои аҳли оилааш макони беҳтаре созад: "Мо дар инҷо бегона ҳастем, чун аз гӯшаи дигари Ғазза омадем. Мо як овораем. Дар ин ҷанг аз як ҷо ба як ҷо гаштем. Дар шароити ҷанг коре ҳам нест, ки кунем.”
Ҳамсари Мондер рӯзи дароз ба мисли занҳои дигари Ғазза ба коре андармон аст. Ӯ аз орде, ки ба сахтӣ пайдо мешавад, нон мепазад. Як бахши онро мефурӯшад, то даромаде ба даст оранд.
Варда Алмосламӣ бегоҳӣ бо занҳои дигар ҷамъ меоянд. Мавзӯи гапи онҳо ҷанг асту нигаронӣ аз зимистоне, ки дар роҳ аст. Ӯ мегӯяд, "аз осмони инҷо фақат тир меборад. Ҳеч ҷой амн нест. Кӯчаву мактабу роҳҳо бомборон мешаванд. Мо аз борон ҳам метарсем. Мо ба зимистон омода нестем."
Талошҳои зиёд барои оташбасу созиши сулҳ дар Ғазза то ин дам ноком шудаанд. Исроил мегӯяд, ҷанг замоне поён хоҳад ёфт, ки гурӯҳи "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) нобуд шуда, гаравгонҳо пурра озод гарданд.
Видеоро дар ин ҷо бинед: