Порлумони Қирғизистон дархости раисҷумҳури собиқи ин кишвар Аскар Оқоев (Акаев)-ро барои барқарор кардани мақоми “президенти пешин” нисбат ба ӯ рад кард. Ӯ баъд аз 14 соли рафтан аз Қирғизистон, тасмим гирифт, ки мақому дахлнопазирии худро барқарор кунад. Оқоев соли 2010 аз дахлнопазирӣ маҳрум шуд.
Наим Қосим, муовини раиси “Ҳизбуллоҳ”, як созмони тундрави таҳти ҳимояти Эрон ва ҳизби сиёсӣ, ки ҷануби Лубнонро зери назорат дорад, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, раиси нави созмонро ба зудӣ интихоб мекунанд.
Кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи ҷангҷӯйи "Ҳизбуллоҳ" вокуниши раҳбарони чанд кишвари ҷаҳонро дар пай дошт.
Як зархариди сербистонӣ, ки дар ҷанги Украина аз тарафи Русия меҷангид, гуфтааст, ба ин хулоса омад, ки дӯстӣ ё "бародарӣ"-и русу сербҳо афсона аст.
Гурӯҳи ҷангҷӯйи "Ҳизбуллоҳ", ки аз сӯйи Амрико созмони террористӣ эътироф шудааст, рӯзи 28-уми сентябр дар баёнияе кушта шудани раҳбари он Ҳасан Насруллоҳро тасдиқ кард.
Артиши Исроил 28 сентябр иддао кард, ки Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро дар ҳамлае рӯзи ҷумъа (27 сентябр) дар Бейрут куштааст. Ҳасан Насруллоҳ беш аз сӣ сол раҳбари “Ҳизбуллоҳ” буд ва бахши аъзами ҷануби Лубнонро зери назорат дошт. “Ҳизбуллоҳ” дар паёме марги Насруллоҳро тасдиқ кард.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ба душмани ашаддияш – Ҷумҳурии Исломии Эрон – ҳушдори сахте дод. Вай рӯзи 27-уми сентябр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар Эрон "ҷое нест", ки дасти Исроил ба он нарасад.
Дар ҳоле ки Русия мавҷи нави ҳамлаҳои ҳавоиро ба шаҳру минтақаҳои Украина ба роҳ монд, президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 26-уми сентябр бо раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден ва муовинаш, Камала Ҳаррис, “нақшаи пирӯзӣ”-ро дар миён хоҳад гузошт.
Бо идомаи ҷангу хунрезӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла Навори Ғазза, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷомеаи байнулмилал хост, ки барои поён додан ба ин муноқиша чораҳои муассир биандешад.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфт, президенти Русия Владимир Путин бо ҳамлааш ба Украина “ба ҳадафи аслии худ нарасид” ва аз аъзои ин ниҳоди байнулмилалӣ хост, ки ба пуштибонӣ аз Киев идома диҳанд.
Вазорати тандурустии Лубнон эълон кард, ки бар асари ҳамлаҳои Исроил дар рӯзи 23-юми сентябр 492 нафар кушта шуданд. 90 нафари онҳо занону кӯдакон ҳастанд. Бино ба гузоришҳо, шумори захмиҳо низ ба 1645 нафар расидааст. Ҷангҷӯёни "Ҳизбуллоҳ" ва ғайринизомиён аз якдигар ҷудо ҳисоб нашудаанд.
Мақомоти Покистон гуфтанд, бар асари таркиш дар масири ҳаракати корвони дипломатҳои хориҷӣ як пулис кушта ва чор нафари дигар захмӣ шудааст.
Ёфтҳои бештар