Хушунатҳо дар сарҳад як сол пеш шурӯъ шуд ва ҳоло деҳоти воқеъ дар хатти сарҳади Лубнон, харобазорро мемонанд. Бисёри сокинон бо хонаводаҳояшон фирор карданд.
Маҳаллаи Кфар Сирии вилояти Набатия дар ҷануби Лубнон, 500 оилаи фирориро паноҳ додааст. Оилаи Фотима Раммал яке аз онҳост. Дар ин бебандубориҳо ин оила ҳар замон омода аст, ба ҷойи дигар бикӯчанд.
“Дар аввал вақте ин ҷо омадем, ором будем, ки ба зудӣ, шояд дар як ё ду моҳ бармегардем, вале дар ин 12 моҳ, ки ин ҷо ҳастем, бисёр сахт мегузарад. Хонаро бисёр ёд кардем, мехоҳем зудтар баргардем,”-мегӯяд Фотима.
Ҳукумати Лубнон аксар мактабҳоро ба маркази қабули паноҳандагон табдил додааст. Барои оилаи Маҳмуд Мувассӣ мактабе дар шаҳри ҷанубии Сур паноҳгоҳ шудааст.
Ҳамлаҳои мушакии Исроил хонаи онҳоро дар деҳаи Айтарун хароб кард. Бо гузашти замон ноумедии Маҳмуд бештар мешавад.
“Ҳукумат бо ғизо медиҳад, вале кӯмаки молӣ нест. Гӯё моро нодида мегиранд. Соли 2006 ҳузури ҳукумат бештар ба чашм мерасид,” мегӯяд ин мард.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Бӯҳрони башарӣ вазъи ҳукумати Лубнонро боз ҳам бадтар кард, чун аз соли 2020 он варшикаста шуд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, кӯмаки байнулмилалӣ ҳам хеле кам аст
Муртазо Муҳна, як масъули ёриҳо дар ҳукумати Сур аст. Мегӯяд, дар як соли гузашта 7 ҳазор оилаҳо фақат чор дафъа қуттии ғизову маводи гигиенӣ гирифтанд. Ин ёриҳо бояд ҳар моҳ дода мешудаанд.
Низое, ки як сол пеш сар зад, то ҳол идома дорад ва хатари табдил шудан ба ҷанги васеъмиқёс дар хоки Лубнон ҳам ба вуҷуд омадааст. Сарнавишти паноҳҷӯёни мисли Фотимаву Муртазо бештар риққатбор мешавад.
Гуруҳи “Ҳизбуллоҳ”, ки ҷануби Лубнонро зери назорат дорад, аз 8-уми октябри соли 2023 ва бо тарафдори аз “Ҳамос”, ба сӯи шаҳрҳои Исроил мушак партоб мекард. Артиши Исроил 1-уми октябри имсол аз оғози “амалиёти маҳдуди заминӣ” дар ҷануби Лубнон ва дар минтақаҳои зери идораи “Ҳизбуллоҳ” хабар дод. Аксар роҳбарони ин гуруҳи таҳти ҳимояти Эрон дар ҳамлаҳои ҳавоии артиши Исроил кушта шуданд.
"Ҳизбуллоҳ" аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад ва Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо шохаи низомии онро ба руйхати сиёҳ ворид кардааст.