Дар яке аз таблиғот ё огоҳиҳое, ки дар шабакаи иҷтимоии Weibo дар Чин нашр шуд, мардоне дида мешаванд, ки кори рӯзмарраро раҳо карда, барои ҷангидан дар ҷабҳаи Русия ба Украина мераванд.
Дар Русия китоби наверо дар бораи оиладорӣ муаррифӣ карданд, ки барои хонандагони мактаби миёна пешбинӣ шудааст. Назарҳо яксон нест.
Осиёи Марказӣ ба бозори муҳим ва макони мошинҳои истеҳсоли Чин табдил ёфтааст. Сокинон бо майли зиёд ин мошинҳои нисбатан дастрасро мехаранд ва ҳукумат ҳам талоши ҷалби миллардҳо доллар аз ширкатҳои чиниро дорад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 9-уми апрел дар вокуниш ба амалкарди Чин мизони таърифа ё боҷи гумрукиро бар молу колои ин кишвар ба 125 дарсад афзоиш дод. Ӯ ҳамзамон боҷи гумрукии ҷоришуда барои 75 кишварро ба муддати 90 рӯз боздошт.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, иддао кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ду шаҳрванди Чинро, ки аз тарафи Русия дар минтақаи Донетск меҷангиданд, ба асорат гирифтанд. Ӯ аз ҳампаймонҳои Киев хост, ба ин масъала вокуниш нишон диҳанд ва аз Пекин шарҳ бихоҳанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон гуфтугӯҳои мустақимро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон оғоз кардаанд ва рӯзи шанбе, 12-уми апрел, нишасте дар сатҳи боло баргузор хоҳад шуд.
Давоми шаш рӯзи охир 6700 муҳоҷири афғон, ба шумули 944 хонавода, аз Покистон ба Афғонистон ронда шудаанд.
"Ин шурӯи фасли нав дар дӯстии деринаи мост." Раиси Кумисюни Аврупо нишасти аввали сарони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар шаҳри Самарқанд чунин хулоса кард. Нишаст дар рӯзҳои 3 ва 4-уми апрел гузашт.
Ёфтҳои бештар