Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия чӣ гуна шаҳрвандони Чинро барои ҷанг ҷалб мекунад?


Дар яке аз таблиғот ё огоҳиҳое, ки дар шабакаи иҷтимоии Weibo дар Чин нашр шуд, мардоне дида мешаванд, ки кори рӯзмарраро раҳо карда, барои ҷангидан дар ҷабҳаи Русия ба Украина мераванд. Ин видео бо забони русӣ бо зернависи чинӣ нашр шуда, бо ҷумлаи таҳрикомез тамом мешавад: "Ту як мардӣ, мард бош!" Сипас ваъдаи подош аз 7 то 21 ҳазор доллар барои имзои қарордод ва маоши моҳонаи ҳудуди 2400 доллар дода мешавад.

Ин клипро садҳо ҳазор нафар дидаанд ва танҳо яке аз намунаҳои огоҳӣ ё реклама аст, ки ба таври онлайн дар Чин пахш шудаанд ва ҳадафашон ҷалби нерӯ барои ҷанг дар Украина аст.

Ин таблиғот пас аз он бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи ҳаштуми апрел гуфт, артиши кишвараш ду зархариди чиниро, ки дар паҳлуи нерӯҳои Русия меҷангиданд, дастгир кардааст.

Ӯ ҳамчунин Русияро муттаҳам кард, ки маъракаи систематикӣ барои ҷалби шаҳрвандони чиниро ба роҳ андохтааст ва гуфт, ин ду нафар танҳо намунаҳое аз дастикам 155 чинӣ ҳастанд, ки дар артиши Русия меҷанганд.

Агарчӣ аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия гузоришҳое дар бораи ҳузури чиниҳо дар ду сӯи ҷабҳа нашр шуда буд, суханони нави Зеленский таваҷҷуҳи бештарро ба чигунагии ҷазби ин нерӯҳо аз сӯи Русия ҷалб кард.

Изҳороти Зеленский дар идомаи гузориши қаблӣ дар бораи ҳузури зархаридони хориҷӣ дар Украина аст. Аз ҷумла, асноди ихтисосии бистарӣ шудани зархаридони хориҷӣ дар бемористонҳое, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба даст овард, нишондиҳандаи паҳлӯҳои воқеии талафоти Русия дар ин ҷанг аст.

Дар миёни ин маълумоти ба дастомада, номи як марди чинӣ низ дида мешавад, ки дар паёмҳое ба ин расона тасдиқ кардааст, ки шаҳрванди Чин аст ва дар паҳлуи нерӯҳои Русия ҷангидааст, аммо аз пешниҳоди ҷузъиёти бештар худдорӣ кардааст.

Чиниҳо чаро барои Русия меҷанганд?

Муҳимтарин сабаб, ба назар мерасад, ангезаи молӣ аст. Таблиғоти нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоии чинӣ бар сари даромадҳое таъкид доранд, ки аз маоши миёна дар бисёре аз минтақаҳои Чин баландтар аст. Дар бахши коммент ё назарҳои ин огоҳиҳо пурсишҳои бештар дар бораи миқдори пардохт аст.

Бо ин ҳол, ҳеч нишонае вуҷуд надорад, ки ин нерӯҳо бахше аз барномаи расмии ҳукумати Чин барои фиристодани нерӯ ба ҷабҳаи ҷанги Русия бошанд. Бисёре аз довталабон ҳеч гуна таҷрибаи низомӣ надоранд.

Дар яке аз видеоҳо, ки Зеленский дар рӯзи нуҳуми апрел нашр кард, яке аз ин афрод эътироф мекунад, пеш аз онки барои омӯзиш ба Русия биравад, на дар даргириҳои низомӣ иштирок карда буд ва на ҳатто силоҳе дар даст гирифта буд. Бархе дигар низ гуфтаанд, ки бо ҳадафи ба даст овардани таҷрибаи ҷангӣ ба ҷабҳа пайвастаанд.

Дар мусоҳибае, ки моҳи гузашта дар Ютюб нашр шуд, рӯзноманигори чинӣ Chai Jing бо яке аз шаҳрвандони чинӣ, ки дар хати пеш дар паҳлӯи нерӯҳои Русия ҷангида буд, гуфтугӯ кард.

Ин зархарид худро бо номи рамзиаш муаррифӣ кард ва шарҳ дод, ки чӣ гуна ва чаро ба ин ҷанг пайвастааст. Ӯ гуфт, дар охирҳои соли 2023 бо визаи сайёҳӣ ба Русия сафар кард ва сипас ба нерӯҳои Русия пайваст. Вай аз узвияташ дар як "тими ҳамла" дар наздикии хати пеш дар шарқи Украина сухан гуфт ва наворҳое нашр кард, ки ба назар мерасид, ӯро дар шаҳри Бахмут, дар ҷараёни ҷангҳои хунине, ки ба вайронии комили ин шаҳр анҷомид, нишон медиҳад.

Ӯ ҳамчунин аз душвориҳое, ки худи ӯ ва нерӯҳои дигари хориҷӣ дар воҳидҳои низомии Русия таҷриба кардаанд, гуфт, аз ҷумла мушкилоти забонӣ ва нажодпарастӣ. Ин ҷангҷӯ гуфт, пештар узви артиши Чин будааст ва пул, яке аз ангезиҳои аслиаш барои пайвастан ба ҷанг аст, аммо ҳосил кардани таҷрибаи ҷангӣ низ яке аз сабабҳои пайвастанаш ба ҷанг дар Украина мебошад.

Вай акнун хотираҳои ҳузураш дар ҷанги Украинаро дар шабакаҳои иҷтимоии чинӣ нашр мекунад. Худаш гуфтааст, "фаҳмидам, мумкин аст, рӯзе инҷо кушта шавам. Барои ҳамин, тасмим гирифтам, таҷрибаҳоямро ба иштирок бигузорам, чун мардуми Чин муддатҳост таъми ҷангро начашидаанд".

Вокунишҳо ба ҳузури зархаридони чинӣ

Чин шарики наздиктарини Русия аст ва мақомҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Пекин дар тӯли ҷанг нақши муҳиме дар сари по нигоҳ доштани иқтисоди Русия иҷро кардааст. Бо ин ҳол, Чин то кунун аз фиристодани ёриҳои низомӣ ба Русия худдорӣ кардааст ва Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар гуфтааст, ки ба шаҳрвандонаш тавсия кардааст, аз минтақаҳои ҷангӣ дурӣ кунанд ва гузоришҳо дар бораи ҳузури густурдаи чиниҳо дар ҷабҳаҳоро "комилан беасос" хондааст.

Зеленский то кунун мустақим нагуфтааст, ки ҳукумати Чин ба ҳузури ин зархаридон "чароғи сабз" нишон додааст, аммо Пекинро муттаҳам кардааст, ки дар баробари ҷалби шаҳрвандонаш аз сӯи Русия чашми худро бастааст.

Ҳамчунин нишонаҳое вуҷуд дорад, ки мақомҳои чинӣ талоши босамар барои пешгирӣ аз ин раванд анҷом надодаанд. Бо вуҷуди сензураи сахти интернет дар Чин ва назорати густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бисёре аз ин таблиғот ва огоҳиҳои ҷалби нерӯ, ки баъзе аз онҳо моҳҳост нашр шудаанд, ҳамчунон дар фазои маҷозии Чин дар даст ва дар ҳоли бознашр ҳастанд.

  • Акси 16x9

    Рид Стэндиш

    Рид Стэндиш рӯзноманигорест, ки масъалаҳои Русия ва АвруОсиёро бозтоб медиҳад. Вай пештар барои маҷаллаи Foreign Policy дар Маскав кор мекард ва борҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст.

XS
SM
MD
LG