То замоне ки мошинҳои барқии чинӣ ба як ҷузъи кӯчаҳои пурғавғои Душанбе табдил ёбанд, Толиб Рауфов бовар дошт, ки ин мошинҳо барои таксиронҳое мисли ӯ, фоида меоранд.
Аввалин электромобили чинии худро Толиб 3 сол пеш бо 30 ҳазор доллар харида, соли гузашта онро фурӯхт. Бо ин пул вай худрави барқии навъи BYD-ро, ки аз рӯйи фурӯш дар ҷаҳон аз Tesla ҳам пеш гузаштааст, харидорӣ кард. Нархи ин мошин 21 ҳазор доллар аст.
Ба гуфтаи Толиб Рауфов, нархи нисбатан дастрас, имкони фурӯши дубораи он бо нархи бештар ва сарфаи сӯзишворӣ, ба ӯ чун як ронандаи таксӣ имкон дод, ки даромадашро зиёд кунад. "Ман аз харидани мошини барқии чинӣ ягон зарра пушаймон нестам",-гуфт ӯ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва афзуд, "бо таксиронӣ ман ягон бор чунин даромади хуб надоштам".
Қиссаи Толиб бозгӯи он аст, ки чӣ тавр нуфузи афзояндаи иқтисодии Чин дар минтақа, вазъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистону Туркманистонро тағйир медиҳад. Дар ҳоле ки таксиронҳое мисли Толиб аз дастрас будани мошинҳои воридотии Чин хушҳолӣ мекунанд, ҳукуматҳои минтақа бо пешниҳоди имтиёзҳо аз ҳисоби боҷ ва кушодани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба ин раванд мусоидат мекунанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, натиҷа на фақат дигаргунӣ дар бахши нақлиёти Осиёи Марказӣ аст, балки равандҳои босуръати иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад, ки минтақаро бо Чини ҳамсоя наздиктар мекунад.
Ин тамоюл ба сиёсати баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, махсусан Амрико ва Иттиҳоди Аврупо мухолиф аст, ки солҳои охир барои манъи воридоти мошинҳои истеҳсоли Чин боҷ ё таърифа ҷорӣ кардаанд. Тасмими охири Доналд Трамп ва эълони ҷанги тиҷоратӣ бо Пекин, метавонад вазъро дар ин самт шиддат бахшад.
"Таърифаҳои ҳукумати Трамп, ба эҳтимоли зиёд, содироти мошинҳои барқии Чинро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мекунад ва ин метавонад Пекинро ба афзоиш додани тавлидот дар минтақа таҳрик диҳад",-гуфт Юнус Шарифлӣ, ходими илмии тарҳи China Global South Project. Ба бовари ӯ, "ин вазъ метавонад талаботи дохилиро таъмин ва нақши бозигарони ғарбиро барои рақобат дар бозори мошинҳои Осиёи Марказӣ кам кунад.”
"Вазъ дар бозор дигар тағйир намеёбад"?
Пештозии Чин дар бозори худравҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи чандинсолаи кор ва истифода аз имкониятҳои муносиб аст. Темур Умаров, ходими илмии Маркази Карнеги дар Берлин ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт: "Сабаби асосии афзоиши нуфузи Чин дар бахши мошинҳои барқӣ ва саноати мошинсозӣ, зиёд шудани талабот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Истифодабарандагон дақиқан ҳамон чизеро мехоҳанд, ки ҳоло брендҳои чинӣ пешниҳод мекунанд".
Сармоягузории Чин дар минтақа асосан дар як даҳсолаи охир ва дар чаҳорчӯби тарҳи азиму чандмиллиардолларии "Як камарбанд - Як роҳ", оғоз шуд. Ин тарҳ пешниҳоди раҳбари Чин, Си Ҷинпин аст. Чин саъй кардааст, масири нави тиҷоратӣ сохта, дастрасиро ба кону маъданҳои фоидаовар ва захираҳои дигари гаронбаҳои Осиёи Марказӣ осонтар кунад.
Ин кишвар худро чун шарики пештози тиҷоратӣ ва бузургтарин сармоягузори хориҷӣ дар минтақа муаррифӣ кард ва ин марҳила ҳам ба афзоиши ҳузури ширкатҳои чиниву нақши онҳо дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд.
Тоҷикистон барои воридоти худравҳои барқии Чин як қатор имтиёзҳо ҷорӣ кардааст. Озодӣ аз пардохти боҷу молиёт ва сабукӣ барои истифодабарандагон аз ҷумлаи ин имтиёзҳост. Ба ин тартиб, барои ворид кардани мошинҳои барқии Чин ва бунёди нуқтаҳои нерӯдиҳии худравҳо дар тамоми кишвар 10 сол боҷи гумрукӣ ситонида намешавад.
Моҳи сентябри соли 2024 шаҳрдории Душанбе қароре қабул кард, ки бар асоси он дар пойтахти Тоҷикистон таксиҳо бояд электромобил бошанд ва ҳукумат ҳадаф гузошт, ки то соли 2030 сӣ дарсади тамоми худравҳои кишварро мошинҳои барқӣ ташкил диҳанд.
Рустам, ки дар Душанбе тиҷорати мошин дорад, гуфт, робита бо Чин аз соли 2020 дар пасманзари пандемияи COVID-19 ва пас аз оғози ҷанги фарогири Русия дар Украина густариш ёфт. Мусоҳиби мо нақл кард, ки қаблан вай аз Аврупо ва Литва мошин меовард, аммо баъди баста шудани роҳу парвозҳо, занҷираи воридотӣ вайрон шуд ва ширкатҳои чинӣ ба фурӯши мошинҳои худ бо нархи нисбатан арзон сар карданд. Масири воридоти мошинҳо асосан ба сӯйи шарқ равона шуда буд.
Ба гуфтаи Рустам, баъди ҷорӣ шудани таҳрим алайҳи Русия, ки иқтисоди он бо Тоҷикистон иртиботи зич дорад, тағйирот дар ин самт боз ҳам бештар шуд ва ворид кардани мошин аз Аврупо дигар чандон фоидаовар набуд. Ин вазъ барои ширкатҳои мошинсозии Чин дар минтақа як гардиш шуд.
Пештар ширкатҳои маъруф аз дастраскунандагони мошинҳои одӣ ва бесифате зарар медиданд, ки зуд вайрон мешуданд ва фурӯши дубораашон мушкил буд. Дар солҳои охир ширкатҳои чинӣ тавонистанд ин қолабҳоро шикаста, ба рақибони худ баробар ва дар баъзе ҳолатҳо дар бозори мошинҳои барқӣ аз онҳо пеш гузаранд.
Баъзе аз мошинҳои барқӣ ҳамоно мушкили гирифтани қувва доранд, вале нархи дастрас ва рушди технологӣ имкон додааст, ки онҳо устуворона вориди бозори Осиёи Марказӣ шаванд. "Чиниҳо ҳоло мошинҳои босифат истеҳсол мекунанд. Ҳатто агар таҳримҳо бекор ҳам шаванд, вазъ дар бозори мо дигар тағйир намеёбад",-гуфт, Рустам, тоҷири мошин.
"Суръати рушди барқосо"
Дар мавриди мошинҳои барқӣ Осиёи Марказӣ барои ширкатҳои чинӣ ҳам бозори рушд ва ҳам макони тавлиди худравҳо аст. Туркманистон – пӯшидатарин кишвари минтақа ҳам ба воридоти электромобилҳои чинӣ сар кардааст, ҳарчанд бо суръати хеле сусттар аз ҳамсояҳояш. Бо ҳадафи густариши фанновариҳои аз нигоҳи экологӣ тоза ва дар доираи барномаи электромобилсозии таксиҳо, ҳукумати ин кишвар мошинҳои ширкати JAC Motors-ро харидорӣ карда, барои барқдиҳӣ ба онҳо нуқтаҳои махсус бунёд кард.
Дар ҳамин ҳол, дар минтақаҳои боқимонда тавлидкунандагони чинӣ мавқеи худро дар бозор босуръат таҳким мебахшанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба фурӯши рекордии электромобилҳо дар ҷаҳон дар соли 2024, ки аксаран аз ҳисоби фурӯш дар дохили Чин аст, Қазоқистон дар ҳамин давра фурӯши электромобилҳои чиниро 36 маротиба зиёд кардааст.
Остона талош дорад, бо дастгирии тавлидоти чинӣ бахши саноати мошинсозии худро рушд диҳад. Ҳукумати Қазоқистон аллакай барои муайян кардани харитаи бунёди истгоҳ ё нуқтаҳои барқдиҳандаи мошинҳо ва навсозии шабакаҳои барқӣ то соли 2029 қонун қабул кард.
Мошинҳои одии Чин ҳам бошиддат бозори Қазоқистонро аз худ мекунанд. Соли равон дар кишвар корхонаи бандубасти мошинҳои истеҳсоли чинӣ, ба мисли тамғаи Chery, Haval, Tank ва Changan ба кор сар кард.
Оксана Черноножкина, сармуҳаррири маҷаллаи онлайнии test-drive.kz мегӯяд, нафақат ширкатҳои тавлидкунандаи электромобил, балки брендҳои дигари чинӣ ҳам тавонистаанд дар фурсати кӯтоҳ рақибони худро аз Аврупо, Амрико ва кишварҳои дигар пеш гузашта, бозори Қазоқистонро аз худ кунанд.
"Суръати рушд барқосо аст. Онҳо тарроҳон ва муҳандисони беҳтаринро ҷалб кардаанд ва ин аллакай самара додааст," – гуфт Черноножкина дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
Алексей Алексеев, сармуҳаррири маҷаллаи қазоқии "За рулём", ки дар бораи мошинҳо аст, мегӯяд, ширкатҳои чинӣ дар ҳоли ҳозир дар байни серфурӯштарин тамғаи мошинҳо дар Қазоқистон аз 10 зина, дар мавқеи панҷум қарор доранд.
"Нақши брендҳои аврупоӣ аз оғози пандемия дар бозор кам шуд. Ширкатҳои чинӣ нархи хуб ва технологияҳои навтаринро пешниҳод мекунанд, ки ин муҳим аст. Онҳо аз 5 то 7 сол кафолат медиҳанд. Аксари мошинҳои тавлиди Аврупо фақат се сол кафолат доранд",-афзуд ӯ.
Соли 2024 президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими бозшавии корхонаи BYD дар Ҷиззах ширкат кард. Ин корхона 1200 ҷойи корӣ ташкил карда, ният дорад истеҳсолотро дар як сол аз 50 ҳазор то 500 ҳазор мошин бирасонад. Ширкати чинии Xiaou Group дар ин кишвар бо 1,5 миллиард доллар барои тавлиди мошинҳои барқӣ боз як корхонаи дигар месозад.
Тошканд ҳамчунин бо ширкати чинии Henan Suda барои бунёди 50 ҳазор нуқтаи барқдиҳии мошинҳо то соли 2033 созишнома баст. Ҳамчунин бо озод кардани воридоти мошинҳо аз як қатор андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, фурӯши мошинҳои барқии Чин дар ин кишвар бештар шуд.
Дар натиҷаи пешниҳоди чунин сабукиҳо аз соли 2019, фурӯши мошинҳои барқӣ дар кишвар то 10 баробар бештар шудааст. Бино ба омори мақомоти гумруки Узбекистон, соли 2024 шумораи электромобилҳо ба фарқ аз мошинҳои маъмулӣ дар кишвар якбора зиёд шуд.
Гузаштан ба худравҳои барқӣ барои баъзе аз сокинон дар Узбекистон фоидаовар аст. Қаҳрамони 53-сола аз Тошканд, ки чанде пеш соҳиби мошини BYD e2 шуд, мегӯяд, харҷи ӯ ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст. Ӯ дигар барои иваз кардани равғани мошин пул намедиҳад ва харҷи моҳона барои маводи сӯхт ҳам аз 300 доллар ба 10 доллар расидааст. Ин пул ҳам фақат барои нерӯ додани мошини барқӣ сарф мешавад.
"Ин мошин барои сафар ба роҳҳои дур нест ва зуд нерӯ намегирад, вале барои ҳаракат дар шаҳр интихоби беҳтарин аст",-афзуд вай.
Аз бозсодирот (реэкспорт) то рушди дохилӣ
Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон дар бозсодироти мошинҳои чинӣ ба Русия пештоз аст. Ин ҷо гап дар бораи фақат мошинҳои барқӣ нест.
Соли 2023 Қирғизистон ба маблағи 651 миллион доллар аз Чин мошинҳои ҳибридӣ ворид кардааст. Соли 2024 ба ин кишвар 7541 мошини барқӣ бо маблағи 219, 8 миллион доллар оварда шуд.
Вале воридот на фақат ба талаботи дохилӣ вобаста аст. Дар пайи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, пас аз оғози ҷанг дар Украина, мавҷи воридоти мошинҳои тавлидоти ғарбӣ ва ҷопонӣ ба Маскав қатъ шуд. Бо кумаки соҳибкорони қирғиз, мошинҳои ҳибридӣ ва электромобилҳои чинӣ қисман ин холигоҳро пур карданд.
Дониёр Салякаев, тоҷири мошин ва муаллифи блоги маъруф дар бораи мошинҳо, мегӯяд, соҳибкорон аз талаботи зиёди Русия ба мошин ва қоидаҳои сабуки гумрукии кишварашон барои бозфурӯшии мошинҳои чинӣ хуб истифода карданд.
"Таҳримҳо як имкон пеш овард ва тоҷирони маҳаллӣ бо шарофати робитаҳои худ бо Русия ва Чин ва ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгиршавии хуби ҷуғрофии кишвар, аз ин зуд истифода бурданд",-гуфт ӯ.
Дар се соли охир аз Чин ба Қирғизистон расман қариб 150 ҳазор мошин оварда шудааст. Бино ба омори расмӣ, як қисми ками он ба Русия фурӯхта шудааст, вале омори воқеӣ хеле бештар аз ин аст.
Гуфтугӯ