Аз рӯзи ба дунё омадани Муҳиддини Олимпур, рӯзноманигори шинохта, 80 сол гузашт. Ӯ 2-юми марти соли 1945 дар рустои Шамтичи ноҳияи Айнӣ зода шуда, тақрибан сӣ сол қабл, дар айёми ҷанги дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ба қатл расид.
Дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, ки бори аввал дар он ҳеч ҳизби воқеан мухолиф иштирок надорад.
Оҷонсии омори Тоҷикистон чанде пеш гуфт, шумораи муҳоҷирони берункардашуда аз Русия муҳри махфӣ гирифтааст. Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон низ эълом дошт, ки бо сабаби якхела набудани маълумот бо мақомоти Русия, Тоҷикистон аз овардани шумораи муҳоҷирон худдорӣ мекунад.
Маҳдудият дар ҷалби муҳоҷирони корӣ дар Русия барои ширкатҳои сохтмонии ин кишвар мушкилоти хеле ҷиддӣ эҷод хоҳад кард, гуфт президенти Иттиҳодияи муштараки сохтмончиён Антон Глушков.
Русия се сол пеш, 24-уми феврали соли 2022, ба Украина ҳамла кард.
Баъзе аз намояндагони мухолифон интихоботи порлумониро дар Тоҷикистон, ки ширкатдоронаш танҳо аз аъзои ҳизби ҳоким ва ё шахсону созмонҳои ҷонибдори ҳукумат иборатанд, "намоиши навбатӣ" номиданд.
Як рӯз пеш аз моҳи Рамазон бозорҳои Тоҷикистон серодаманд, чун мардум барои як моҳи рӯзадорӣ омода мешаванд.
Интихобот чист? Интихобот дар ҷомеа ба мардум имкон медиҳад, раҳбарону вакилони кишварашонро интихоб намоянд ва рафтору сиёсатгузориҳои онҳоро мутобиқ ба хостаҳои худ дигар кунанд.
Номзадҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии 2-юми марти имсол барои сокинон ваъдаҳои зиёд медиҳанд.
Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) аз додситони кулли Тоҷикистон даъват кардааст, ки журналист Рухшона Ҳакимова аз зиндон озод карда шавад.
Муфтии Тоҷикистон ба коргарони нерӯгоҳи Роғун тавсия додааст, ки ҳангоми кор дар ин иншооти бузург рӯза нагиранд.
Ёфтҳои бештар