Мақомоти Русия бо роҳи маҷбур кардани онҳое, ки шиносномаи русӣ доранд, таҳдиди ихроҷи муҳоҷирон ё ваъдаи озодии маҳбусон ва осон кардани гирифтани шаҳрвандӣ, ба ҷалби зодагони Осиёи Марказӣ ба ҷанги зидди Украина оғоз намуданд.
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар ин давра ба ҷанг дар Украина бурда шудаанд.
Мақомоти Украина гуфтаанд, ки 54 зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин кишвар асир афтодаанд, ки дар панҷ урдугоҳи махсус барои асирон нигаҳдорӣ мешаванд.
Богдан Охрименко, сардори котиботи ситоди ҳамоҳангсозии Украина оид ба асирони ҷангӣ гуфт, "16 нафар асири тоҷик ҳаст, ки 11 нафараш шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва дигарон шаҳрванди Русия ҳастанд."
Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 15 нафари дигар аз Узбекистон, 20 нафар қазоқ, 8 озарбойҷонӣ, 1 қирғиз ва як туркман дар асорат ҳастанд.
"Аксари онҳо, соли 2024 ум ба асорат афтоданд. Онҳое низ ҳастанд, ки аз солҳои 2022 ва 23 дар ҳамин ҷоянд,"--гуфт ӯ.
Ду моҳ пеш мо дар барномаи Рӯзгори муҳоҷир муроҷиати як зодаи Тоҷикисторо ба президент Эмомалии Раҳмон нашр карда будем, ки дар асорат афтодаву мехост дар раҳо карданаш мусоидат шавад.
Аммо тавре ба мо маълум шуд, ин асири тоҷик то ҳанӯз дар яке аз урдугоҳҳо дар Украина қарор дорад ва исмаш дар руйхати онҳое, ки барои табодул пешбинӣ шудаанд, ворид нагардидааст. Ҳамсараш низ ҳоло бо фарзандон дар Тоҷикистон қарор дорад ва мегӯяд, шавҳараш дигар бо ӯ ба тамос набаромад.
Пойгоҳои интернетии марбут ба Украина то кунун чандин наворҳои тоҷикони асирафтодаро нашр намуданд. Дар яке аз онҳо шаҳрванди маҷрӯҳшудаи Тоҷикистон аз раиси вилояти Орёл барои баргардониданаш ёрӣ хост.
“Ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам ва дар вилояти Орловск қарордод бастам. 29 -уми март ба асорат афтодам. Поям шикастагӣ аст. Аз шумо хоҳиш дорам, ки барои бозгаштани ман ёрӣ диҳед,”--мегӯяд дар як навори видеоӣ.
Мақомоти Украина ва лоиҳаҳое, ки ба ҷустуҷӯйи асирон машғуланд, шумори дақиқи зодагони Осиёи Марказиро, ки бар ивази сарбозони украинӣ ба Русия баргардонда шудаанд, ошкор намекунанд.
Тоҷиддин Гардиеви 46-соларо, ки 26 сол боз дар шаҳри Николаеви Украина зиндагӣ дорад, чандин дафъа барои тарҷумонӣ назди тоҷикони асирафтода бурдаанд. Ӯ мегӯяд синни ҳамаи онҳо аз 20 ба боло буда, шиносномаи русӣ доштанд.
Гуфтугӯ