Аз рӯзи ба дунё омадани Муҳиддини Олимпур, рӯзноманигори шинохта, 80 сол гузашт. Ӯ 2-юми марти соли 1945 дар рустои Шамтичи ноҳияи Айнӣ зода шуда, тақрибан сӣ сол қабл, дар айёми ҷанги дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ба қатл расид. Олимпур дар солҳои гуногун дар нашрияҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар оҷонси ТоҷикТА (Ховар) ва аз соли 1990 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши радиои Би-би-сӣ дар Душанбе кор кардааст.
Марде бо чашмони сиёҳу калони меҳрубон, риши зебову мураттаб, пешонии баланд ва мӯйҳои маввоҷи дарвешона ва боронии домандароз дар тану дурбине дар даст шояд танҳо лаҳзаҳои кӯтоҳе ором мегирифт, аммо бештари вақт беқарор буд ва ҳар лаҳза аз ин гӯша ба гӯшаи дигаре мерафту акс мебардошт. Гоҳе меистод, ҷойи беҳтареро меҷуст ва лаҳзаи аҷиберо мунтазир мешуд, то гузашти бераҳмонаи замонро барои як сония дар чаҳорчӯби акс боздорад, то пасон ин нигоҳи фишурдаи ӯ чашми ҳазорон нафарро об диҳад, дили ҳазорон нафарро ба тапиш орад ва бинандаро ҷузви лаҳзае гардонад, ки шоҳидаш набудааст ва он дигар бебозгашт ва ҷовидона рафтааст.
Ин мард дӯст ва ҳамкори ман Муҳиддини Олимпур аст, ки борҳо бо ҳам ба бозтоби ин ё он воқеа рафтаем ва ман матн навиштааму ӯ акс бардоштааст. Гоҳе дар навиштан таъхир кардаам, то нахуст аксҳои ӯро бинам, чун мисли машваратҳояш ба мани дар рӯзноманигорӣ навпо кумак мекарданд, мағзу умқи воқеаро бубинам.
Муҳиддин даҳҳо акс мегирифт ва аз байни онҳо якеро бармегузид, ки ҳам зебо бошад ва ҳам гӯё. Талош мекард, тундии ҳаракат, авҷи эҳсосот, туғёни ҳодисаро ба гунае дар ҳалқаи нигоҳаш шикор кунад, ки дар он сонияи фишурда маъниҳои ниҳон, розу рамзҳое намудор шаванд. Чунин лаҳзаҳо ногаҳонӣ ва зудгузар буданд ва на аз ҳар зовияе ба чашм мехӯрданд. Устод бояд буд, ки онҳоро шинохт ва зовияи беҳтаринро пайдо кард, давиду расид ва дар фосилаи кӯтоҳе аз он ҷо воқеаро ба асорати акс гирифт: аз чап, рост, боло, поён. Муҳиддин мехост ҳар аксаш шоҳкор бошад. Ин орзу ӯро комгор мегардонд. Аксҳояшро аз байни садҳо акси дигар ба осонӣ мешуд ҷудо кард, ҳатто агар зераш номи Муҳиддини Олимпур набошад ҳам.
Ба пиндори ман се чиз ин ҷо нақш доштанд. Нахуст, деҳи зебои Шамтич, ки Муҳиддин он ҷо ба дунё омада, бачагӣ ва наврасияшро ба сар бурдааст. Ман чанд бор он ҷо будам ва дар фаслҳои гуногун. Дар ҳар чаҳор фасли сол ин деҳа он қадар зебост, ки кас фикр мекард, биҳишт шояд ҳамин гуна ҷое бошад. На танҳо манзараҳои он назаррабову дилошӯб, балки сокинонаш низ зебо, шариф, ҳунарманд ва соҳибдиланд.
Дувум, Муҳиддин дар овони навхатӣ мехост, наққош бошад. Аз хурдӣ расм мекашид, наққошӣ мекард ва хеле осон ба Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дар шаҳри Душанбе пазируфта шуд. Вай ба он ҷо бо чанд олбум наққошӣ омада буд, ки устодонро мафтун карданд. Бисёре аз наққошони маъруфи Тоҷикистон шарикдарсони Муҳиддине буданд, ки чун бо дастгоҳи аккосӣ ошноӣ ёфт, мӯқаламро канор гузошт. Аммо таҳсил дар ин даргоҳи ҳунар ба ӯ донишҳои зиёди ҳирфаӣ дод, то таркиббандии тасвир, таносуб, умқ, ҳаракат, гардиш, ҳаҷм, ранг, зовия ва ҳамоҳангиро ба хубӣ донад. Ҳамаи ин дар сохтори ҳар акси Муҳиддини Олимпур нек дида мешавад.
Савум, зебопарастӣ ва зебоии ботинию зоҳирии худаш. Ёд надорам, касе аз зеботарин бонуҳои шаҳр ба хоҳиши ӯ, ки аксашонро гирад, посухи рад дода бошад. Зебоии одамон, шаҳру деҳ ва кӯҳу дамани кишвар аз чашми зебошиноси ӯ пинҳон намемонд. Гоҳе дар интизори дамидани субҳ шабҳоро дар кӯҳу дашт саҳар мекард ва ё соатҳо лаҳзаи парвози кабке ё нигоҳи ғизолеро мепоид. Садҳо бор тугмаи дастгоҳашро пахш мекард, ҳазорон акс мегирифт ва аз онҳо якеро барои бинандаҳояш бармедошт. Боре шоҳид будам, ки аз як саҳнаи рақс қариб ду навор акс гирифт, вале танҳо якеро ба чоп дод. Ин лаҳзае буд, ки дар нигоҳи бонуи арғуштӣ шӯру ишқу фараҳ ҳама бо ҳам ба як бор дурахшиданд.
Муҳиддин чанде дар рӯзномаи ҷавонон кор кард ва аз аввалинҳое буд, ки барои кор ба кишвари ҳамсояи Афғонистон фиристода шуд. Шиносоӣ бо ин мамлакати афсонавӣ, ки дар он таърихи бостон бо ҳаёти муосир ҳамсоя буданд, дастрасӣ ба ҳазорон ҷилд китобу навое, ки дар Тоҷикистони Шӯравӣ дастнорасанд, нишасту бархост бо фарҳехтагони он рӯҳияи миллии ӯро бедор карданд.
Аз он ҷо бо ишқи бузурге ба забони форсӣ, адабиёт ва ҳунари ҳазорсолаи ниёкон баргашт. Бо худ садҳо китобу навору аксу наққошӣ овард. Вазъи молияш ҳам беҳтар шуд ва аз хонаи танге дар кӯчаи Ломоносов ба ҳавлие дар кӯҳдомани канораи Душанбе кӯчид. Он вақт буд, ки муддате дар бахши аккосии хабаргузории давлатии Шӯравӣ ТоҷикТА, бахше аз ТАСС ба кор пардохт, аммо ҳарчанд дастмузди бехтарин дошт, аз маҳдудиятҳои кор хушаш наомад ва дар соли 1983 ба тими “Адабиёт ва санъат” пайвасту ин ҷо мо ҳамкори ҳамарӯза шудем.
Коргоҳи нигорини ӯ шабеҳи як кохи фарҳангу ҳунару хирад буд. Дар ин ҷо беҳтарин маҳфилҳои шеъру достон ва рақсу мусиқӣ, гоҳе ҳам ба гунаи комилан худҷӯш сар мезад. Нодиртарин китобҳои чопи Эрону Афғонистон ва Амрикоро аз коргоҳи ӯ мегирифтем, навтарин таронаҳои Гугушу Дориюш ё Муину Сатторро дар коргоҳи ӯ тамошо мекардем, дар камтарин ҳолат моро ҳамеша бо як пиёла чой ё як финҷон қаҳва ва қиссаи ҷолибе зиёфат медод.
Чӣ афроди бузурге меҳмони коргоҳи ӯ мешуданд! Чӣ афроди зебову нотакроре. Аз дуру наздик, аз дохилу хориҷ, чеҳраҳои маъруф ва ҳам одамони одӣ. Ҳама Муҳиддинро дӯст медоштанд, чун инсони роду бекина ва софдил буд. Ҳарчанд ҳар коргоҳе шебу фарозҳое дошт ва коргоҳи мо ҳам истисно набуд, ман ҳаргиз надидам, ки ӯ хашмгин ё нороҳат шуда бошад.
Вай аз зумраи касоне буд, ки умед ба накӯӣ ҳаргиз таркашон намекард. Дар бадтарин лаҳзаҳо байтҳои Саъдӣ ва Ҳофизро ба ёд меовард. Дар бораи он ки мушкиле нест, осон нашавад ва даври гардон доиман яксон намонад.
Касе буд, ки аз камтарин хубӣ ба осмонҳо парвоз мекард ва бо дидани камтарин зебоӣ ба важд меомад, одати кӯдаконаи тааҷҷубу таҳайюрро дар сахтию машаққати зиндагӣ набохта буд. Муҳиддини Олимпур ба атрофиёнаш ишқ медод ва посухи онҳо барояш низ ишқ буд. Талош мекард, бештар дар миёни дӯстонаш ё дар байни одамони зебо бошад ва аз кинатузону бадгӯёну бадчеҳрагон канора меҷуст.
Бовар дорам, ҳеч рӯзноманигори он аҳд баробари Муҳиддини Олимпур ба ин қадар дӯстӣ ва эҳтироми чеҳраҳои бузурги Тоҷикистон сазовор нашудааст. Мегуфтанд, устод Мирзо Турсунзода ӯро ситоиш мекард ва Муҳаммад Осимӣ, Мӯъмин Қаноат, Акбари Турсон, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Фаррухи Қосим, Малика Собирова ва дигарон аз дӯстони наздикаш буданд.
Муҳиддини Олимпур то қарни “Фотошоп” назист, аммо аксҳояш на он вақт, на имрӯз ва на фардо ба тағйиру такмили электронӣ ниёз надоштаанду нахоҳанд дошт. Фарзанди навбаҳор, шаби 2-юми марти соли 1945 ба дунё омада, тамоми умр, то дами номардона кушта шуданаш — шаби 12-уми декабри соли 1995, ошиқи ҷовидонаи баҳор ва зебоӣ буд.
Муҳиддин чашми бози тоҷикон ба худ ва ҷаҳони берун буд. Миллионҳо нафар аз хилоли ин чашм ба хештан хира мешуданд, давру бари худро медиданд, мисли ӯ ошиқ мешуданд, ифтихор мекарданд ё ғамгин мегаштанд ва чун Муҳиддин ба ҷое сафар мекард, ангор миллионҳо ҷуфт чашмро бо худ мебурд, то зебоиҳои оламро бинанд, пардаҳое аз марзу сарҳадҳо бардошта мешуд ва дунёҳои нави паси онҳо пеши чашми ин мардум падид меомаданд. Дар аксҳое, ки ӯ бардоштааст, беҳтарину нозуктарин лаҳзаҳои зиндагии мардуми тоҷик ҷовидона нақш бастаанд ва ҳар пардаеро, ки ӯ аз пеши чашми мардумаш мебардошт, ҷаҳони зебо ва фараҳбахшеро падидору дастрас мекард.
Муҳиддин дар пешаи худ нобиға буд, аммо як “нуқс” дошт, ки дар чаҳорчӯби аксбардорӣ намегунҷид, чун донишу хирадаш фаротар аз он буд, ишқаш сӯзонтар, зебопарастияш камназир ва ҷӯяндагияш хастагинопазир. Аз он ҷо ки дар замираш истеъдод ва ангезаи азиме нуҳуфта буд, ӯ наметавонист пеш наравад ва ба сафири фарҳангу ҳунару забону таърихи мардуми худ ва форсизабонони ҷаҳон табдил нагардад. Ӯ парвардаи фазои фарҳангие буд, ки аз устод Садриддин Айнӣ ба ирс мондаву онро баъдҳо Мирзо Турсунзода ва Муҳаммад Осимӣ нерӯ дода буданд ва ворисе чун Муҳиддини Олимпур наметавонист ба гунаи дигаре бошад ва роҳи дигареро равад.
Шаби 12-уми декабри соли 1995 шояд он ягона лаҳзае буд, ки Муҳиддини Олимпур ҳам ба хашм омад ва ҳам афсурдаву андӯҳгин шуд. Вай дар он лаҳзаҳо бепаноҳии комили инсони бузургро дар баробари мили силоҳи чанд ҷоҳил ҳис кард. Ғам хӯрд, ки дигар чеҳраи зебои фарзандонашро нахоҳад дид, ҳазорон кораш нотамом хоҳад монд ва дурахши нигоҳаш дар оинаи дурбини аккосияш хомӯш хоҳад гашт. Дигар зебоиҳои мардумашу мулкашро рӯи навор нахоҳад овард, ҳазорон нафарро дар саросари олам ба ҳам пайванд нахоҳад дод.
Дастони хунолуди шайтонӣ симои ӯро бо он лабханди зебояш аз манзараи умумие буриданду берун кашиданд, ки дар он фақат оташу хокистару ҷасадҳо буданду ашку ғаму хуни баноҳақ. Акси Муҳиддини Олимпур дар ин манзара намегунҷид, бо он ҳамхону созгор набуд. Акси ӯ ҷойи бениҳоят зиёдеро мегирифт, вале кишвар ва ҷаҳон баробари сӯрохи мили силоҳ танг шуда буд.
Аксҳои бештар аз Муҳиддини Олимпур: