Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати “Тоҷик Эйр” ва мудири пешини фурудгоҳи Душанбе, озод шудааст. Ӯро дар охири соли 2023 боздошт карда буданд. Додситонии кулли Тоҷикистон Рустам Холиқовро ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” айбдор медонист.
Додгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Екатеринбург як марди русро барои шиканҷаи кӯдаки муҳоҷири тоҷик 5 сол зиндонӣ кард.
Дар вилояти Хатлон 1800 корманди давлатиро ба хонаҳои мардум фиристодаанд, то бо сокинон дар бораи либоси миллӣ ва ҷалби ҷавонон бо артиш суҳбат кунанд. Мунтақидон ин корро дахолат ба ҳарими шахсии мардум медонанд.
Беш аз 85 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳайати гуруҳҳои террористӣ ҷангиданд, аз Русия ба “кишварҳои исломӣ” рафтаанд. Ин оморро ду устоди Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мақолаашон зикр кардаанд.
Пас аз чанд сол қарздорӣ ва "танаффус", ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" эълон кард, ки ҳавопаймоҳояшро дубора ба ҳаракат медарорад, аммо дар ҳоли ҳозир танҳо дар масири Душанбе-Хоруғ. Маълум нест, то куҷо комёб хоҳад шуд.
Муҳаммадраҳим Холов (Бобои Шайх), тоҷики муқими Украина, ки дувуним сол боз рӯзгори осоишта ва бе бонги хатарро фаромӯш кардааст, қаҳрамони навбатии "Рӯзгори муҳоҷир" аст.
Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷӣ ва консули собиқи Тоҷикистон дар Кундузи Афғонистон, боздошт шудааст.
Бештар шудани чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, агар пеши роҳи чангу ғубор ва таъсири онҳо ба обшавии босуръати пиряхҳо гирифта нашавад, минтақа ба буҳронҳои экологӣ дучор мегардад.
Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтаанд, ки пӯшидани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳои ҷумҳурӣ ҳатмӣ нест ва танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад.
Дар поёни солҳои 90-ум, баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, расонаҳои мустақил дигарбора ба майдон омаданд. Дар баробари ин, созмонҳои рӯзноманигорӣ фаъол шуданд. Ҳадафи расонаҳо ва созмонҳо саҳм гузоштан дар бозсозии Тоҷикистони баъдиҷангӣ буд.
Мақомоти Русия дар ним соли охир шеваи нави озору азияти муҳоҷиронро пеш гирифтаанд, ки солҳои пеш кам мушоҳида мешуд. Ҳоло муҳоҷиронро аз фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои марзӣ ба Русия роҳ намедиҳанд ва ба ватан пас мегардонанд.
Бо идомаи ҷангу хунрезӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла Навори Ғазза, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷомеаи байнулмилал хост, ки барои поён додан ба ин муноқиша чораҳои муассир биандешад.
Ёфтҳои бештар