Вазорати тандурустии Тоҷикистон сабабҳои марги як занеро, ки аз Русия ихроҷ ва ҳангоми зоиш дар таваллудхони шаҳри Турсунзода фавтид, таҳқиқ дорад.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, хостори гуфтугӯ ва музокирот бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи САҲА шуд.
Дар шаш моҳи аввали имсол 8 кас аз шиканҷа шудан дар ниҳодҳои интизомӣ ва қудратӣ дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Боздоштшудаҳо ба Эътилофи созмонҳои иҷтимоии зидди шиканҷа гуфтаанд, ки маъмурон барои эътироф кардани онҳо ба гуноҳ аз чанд роҳ, аз ҷумла задан ва ба барқ мондан истифода намуданд.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрда, масъалаи аломатгузории минтақаҳои боқимондаи марзро баррасӣ кардаанд. Дидори Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев 1-уми октябр баргузор шудааст.
Акбари Турсон, номи ошно на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои илмӣ ва фикрии дунё аст. Дар оғози даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи илмҳоро ба дӯш дошт. Дертар ба Амрико рафт ва 17 сол дар он ҷо буд.
"Ту дон, ки хоҳ район аст, хоҳ вилоят ё ҷумҳурӣ, ҳокими асосӣ котиби дуюм ҳисоб меёбад. Ҳамаи дигаргуниҳо, шикасту рехт, ки дар ҷумҳурӣ ба вуқуъ меоянд, котиби дуюм бо роҳу каналҳои махсус ба Маскав мерасонад, қоида чунин аст."
Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати “Тоҷик Эйр” ва мудири пешини фурудгоҳи Душанбе, озод шудааст. Ӯро дар охири соли 2023 боздошт карда буданд. Додситонии кулли Тоҷикистон Рустам Холиқовро ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” айбдор медонист.
Додгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Екатеринбург як марди русро барои шиканҷаи кӯдаки муҳоҷири тоҷик 5 сол зиндонӣ кард.
Дар вилояти Хатлон 1800 корманди давлатиро ба хонаҳои мардум фиристодаанд, то бо сокинон дар бораи либоси миллӣ ва ҷалби ҷавонон бо артиш суҳбат кунанд. Мунтақидон ин корро дахолат ба ҳарими шахсии мардум медонанд.
Беш аз 85 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳайати гуруҳҳои террористӣ ҷангиданд, аз Русия ба “кишварҳои исломӣ” рафтаанд. Ин оморро ду устоди Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мақолаашон зикр кардаанд.
Пас аз чанд сол қарздорӣ ва "танаффус", ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" эълон кард, ки ҳавопаймоҳояшро дубора ба ҳаракат медарорад, аммо дар ҳоли ҳозир танҳо дар масири Душанбе-Хоруғ. Маълум нест, то куҷо комёб хоҳад шуд.
Муҳаммадраҳим Холов (Бобои Шайх), тоҷики муқими Украина, ки дувуним сол боз рӯзгори осоишта ва бе бонги хатарро фаромӯш кардааст, қаҳрамони навбатии "Рӯзгори муҳоҷир" аст.
Ёфтҳои бештар