Ду манбаи Радиои Озодӣ, наздик ба мақомоти тафтишотӣ, гуфтанд, Додгоҳи шаҳри Душанбе дар аввали моҳи август қарори раҳоии Рустам Холиқовро содир кард. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, ин кор пас аз пардохти беш аз 10 миллион сомонӣ (1 миллион доллар) “ҷуброни зарар” имконпазир шуд.
“Холиқов дар хориҷ аз Тоҷикистон буд. Ваъда карда буданд, ки баргардад ва зарарро ҷуброн кунад, аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Рустам Холиқов ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргашт. Инро ҳамчун як ҳолати сабуккунанда истифода карда, ӯро баъд аз пардохти зарар озод карданд,”—гуфт як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми сентябр.
Тасдиқи хабари раҳоии Рустам Холиқов дар ҳоле дастрас шуд, ки ширкати “Тоҷик Эйр” аз дубора фаъол шуданаш хабар дод.
Як корманди собиқи ширкат рӯзи 30-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "зиёне, ки Рустам Холиқов бо қарору тасмимҳои нодурусташ ба ширкат ворид кард, ҷуброннопазир аст."
Рустам Холиқов аз соли 2008 то 2016 раёсати ширкати давлатии "Тоҷик Эйр"-ро ба уҳда дошт.
Радиои Озодӣ дар соли 2021 дар як таҳқиқ маълум карда буд, ки бӯҳрони “Тоҷик Эйр” аз созиши Рустам Холиқов бо ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" оғоз шудааст. Дар пайи як созишномаи шубҳабарангез ин ширкати литвонӣ "Тоҷик Эйр"-ро беш аз 20 миллион доллар қарздор кард.
Бо даъвои ин ширкат Додгоҳи Маскав ва Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон чанд ҳавопаймои “Тоҷик Эйр”-ро ҳабс карда буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки баҳси ширкати литвонӣ бо “Тоҷик Эйр” ба куҷо расидааст.
"Тоҷик Эйр", ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон, солҳо боз мушкили молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по рост кардани он, вазъи ширкат беҳ нашуд ва ҳавопаймоҳояш аз парвоз монданд.