Ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи "Толибон" дар ҳоли гирифтани машруият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Оё Душанбе мавқеи худро дар пасманзари ривояти зидди "Толибон" тағйир медиҳад?
Дар робита ба ҳамла ба толори консертии "Крокус", мумкин аст номи гумонбарони нав эълон шавад. Ин хабарро Оҷонсии ТАСС баъди шинос шудан бо маводҳои парванда нашр кардааст.
Як сокини Душанбе баъди норозигияш аз талаби маблағ дар яке аз таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе, ки фарзандонаш онҷо таҳсил мекарданд, ба додгоҳ кашида шудааст.
Даҳ сол аст ин сокини Панҷакент дар шароити ваҳим зиндагӣ мекунад, вале касе надорад, ки ба кӯмакаш шитобад.
Дар кӯҳҳои Помир дар минтақаи Ишкошим як мошини барномаи маъруфи чехии «Татра дар атрофи ҷаҳон 2» ба садама дучор шуд ва бо ҳамин лоиҳаи панҷсолаи телевизионӣ пеш аз вақт ба анҷом расид.
Фармони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 27 август имзо шуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 10-уми сентябр ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаҳои охир роҳ надодани муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва ихроҷи онҳо аз ин кишвар шиддат гирифтааст.
Ба зудӣ дар Хуҷанд, дуюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ гузошта шавад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, аксари корҳои санҷишӣ ба анҷом расидааст ва дар садади насби камераҳои мушоҳидавӣ ҳастанд.
Расонаҳои Афғонистон аз як сафари эълоннашудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул ва дидору мулоқоташ бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии Толибон хабар додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар сафараш ба шимоли кишвар рӯзи 10-уми сентябр ба сохтмони роҳе шинос шуд, ки то Узбекситон мебарад.
Афви Байнулмилал (Amnesty International), созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз саркӯбу шиканҷа ва пайваста поймол шудани ҳуқуқи помириҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, ин ҳолатҳоро таҳқиқ кунад.
Пойгоҳи таҳлилии “SpecialEurasia” моҳи августи соли ҷорӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки чолишҳои чашмраси дохилӣ ва хориҷӣ барои амнияти кишварҳо ва решадор шудани фаъолияти гурӯҳҳои даҳшатафкани ДОИШ ва “ал-Қоида” метавонад суботи Тоҷикистонро халалдор кунад.
Ёфтҳои бештар