Дар замоне ки мақомоти Тоҷикистон барои сокинон "лимит"-и барқ ҷорӣ карда, зимистони тӯлониро пешгӯйӣ мекунанд, ба гуфтаи шахсони огоҳ, як нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ танҳо бо нисфи иқтидораш фаъол аст. Сухан дар бораи "Сангтӯда-1" меравад. Онро бо пули Русия сохтаанд.