Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 10-уми сентябр ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаҳои охир роҳ надодани муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва ихроҷи онҳо аз ин кишвар шиддат гирифтааст.
Ба зудӣ дар Хуҷанд, дуюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ гузошта шавад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, аксари корҳои санҷишӣ ба анҷом расидааст ва дар садади насби камераҳои мушоҳидавӣ ҳастанд.
Расонаҳои Афғонистон аз як сафари эълоннашудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул ва дидору мулоқоташ бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии Толибон хабар додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар сафараш ба шимоли кишвар рӯзи 10-уми сентябр ба сохтмони роҳе шинос шуд, ки то Узбекситон мебарад.
Афви Байнулмилал (Amnesty International), созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз саркӯбу шиканҷа ва пайваста поймол шудани ҳуқуқи помириҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, ин ҳолатҳоро таҳқиқ кунад.
Пойгоҳи таҳлилии “SpecialEurasia” моҳи августи соли ҷорӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки чолишҳои чашмраси дохилӣ ва хориҷӣ барои амнияти кишварҳо ва решадор шудани фаъолияти гурӯҳҳои даҳшатафкани ДОИШ ва “ал-Қоида” метавонад суботи Тоҷикистонро халалдор кунад.
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба шаҳри Маскав ва аз кор мондани чанд фурудгоҳ, парвозҳо миёни Душанбе ва пойтахти Русияро ба мушкил рубарӯ кардааст. Мусофирон, ки дар миёнашон муҳоҷирон низ ҳастанд, ду рӯз боз бо таърих аз Душанбе Маскав парвоз мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои мудофиа ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар буҷаи соли 2025, 4,7 миллиард сомонӣ ($ 446 млн) пешбинӣ кардааст. Ин маблағ дар қиёс ба хароҷоти низомии кишвар дар соли равон, 972,4 миллион сомонӣ ($ 92 млн) бештар аст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон хостааст, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.
Харита ё нақшаи ҷуғрофиёи давлати Сомониёнро, ки дар пушти муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, дар маркази Душанбе ҳаккокӣ шудааст, соли 2023 дигар кардаанд.
Як паҳлавони тоҷикро, ки қарор буд дар Гран-при оид ба самбои размӣ дар Краснодари Русия ширкат кунад, ба ин кишвар роҳ надодаанд. Рамазон Ҷумаеви 25-сола се рӯз дар Фурудгоҳи Сочӣ дармонд ва дар ниҳоят ӯро ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд.
Аммо баъзе омӯзгорон гуфтанд, муҳим сифати таълим аст, на шеваи баҳогузорӣ.
Ёфтҳои бештар