Радиои Озодӣ баъзе аз ҷузъиёти парвандаи чор маъмури милисаи Хуҷандро ба даст овард, ки ба шиканҷаи як боздоштшуда гумонзад ҳастанд. Муовини пешини сардори Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд ва се зердасташ ба он муттаҳам мешаванд, ки Неъмат Ашӯрматовро боздошт карда, ҳангоми бозпурсӣ азоб додаанд.
30 октябр дар кишварҳои Шӯравии собиқ рӯзи ёдбуди қурбониёни саркӯбҳои даврони сталинӣ аст, ки 11 миллион нафар ҷабри онро кашидаанд. Ин мавзуъ дар Тоҷикистон дуруст омӯхта нашудааст, вале муҳаққиқони масоили ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ҳодисаҳои 80 сол пеш имрӯз ба навъе дар Тоҷикистон такрор мешавад.
Дилмурод Эргашев, паноҳҷӯйи 40-сола ва яке аз фаъолони мухолифони тоҷик, аз мақоомти Олмон хостааст, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун эҳтимоли боздошту шиканҷа ва зиндонӣ шуданаш ҳаст.
"Комбинати металлургии тоҷик", ки бар асоси ҳуҷҷатҳо муассисаш ширкати "Фароз" сабт шудааст, дар як кони ҷанҷолӣ дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ ба истихроҷи мармар оғоз кардааст. Пештар ин кон дар ихтиёри ширкати "Хрустал" буд. Моликаш Ху Сюдун, шаҳрванди Чин, аст.
Сокинони дараи Яғноб, як гӯшаи дуруфтодаи Тоҷикистон, аз ояндаи забони худ нигаронанд, ки ба гуфтаашон дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Забони яғнобӣ аз гӯишҳои қадимии суғдӣ аст ва ҳоло тақрибан 10-12 ҳазор кас дар Тоҷикистон бо он гап мезананд.
Баъзе аз муҳоҷирони корӣ дар Русия мегӯянд, ки ҳамла ба хобгоҳ ва боздошту азияту таҳқири онҳо дар он кишвар ба кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Мақомоти Русия дар се рӯзи охир аз боздошти беш аз 500 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ хабар доданд.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29-уми октябр як зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи хиёнат ба давлат ба сездаҳуним сол зиндон маҳкум кард.
Як соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бозпас гирифтани боғаш ба ниҳодҳои интизомии минтақа "бонги хатар" задааст. Вай дар номаи хеш ба мақомот иддао кардааст, ки масъулони ҳукумати маҳаллӣ ва Идораи замин бархилофи қонун боғи ӯро ба як соҳибкори дигар медиҳанд.
Хонаводаҳои ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, мегӯянд, ки ба додгоҳи болоӣ шикоят намебаранд, чун медонанд, ки натиҷае намедиҳад.
Пайвандони як ҷавони тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунад, аз фишори намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд шикоят доранд.
Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ба рӯйхати довталабони ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс шомил шудааст.
Ҳарчанд солҳои ахир шаҳрдории Душанбе талош дорад, ки пойтахтро ба сарсабзтарин шаҳри минтақа табдил диҳад, аммо ниҳодҳои байналмилалӣ ҳавои Душанберо дар раддабандиҳояшон яке аз олудатаринҳо нишон медиҳанд.
Ёфтҳои бештар