Дар равобити Тоҷикистон ва Русия ягон мушкили ҷиддӣ ҷой надорад ва муносибати Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин "дӯстона ва бародарона" аст.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлати амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, таъин ва аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар марҳилаи анҷомёбист. Ин нуктаро Тошиев 13-уми октябр зимни ҳамоише дар вилояти Ботканди Қирғизистон баён кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар аз минбари Созмони Милал дар мавриди талоши кишвараш барои даст ёфтан ба иқтисоди сабз то соли 2037 суҳбат кард.
Додситонӣ амри тахриби ду бинои баландошёнаи навсохт дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо додааст.
Дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе бори аввал барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон гардид. Барои Суперҷом "Истиқлол", қаҳрамони феълии Суперлигаи кишвар, бо "Соро компания", барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқот, мубориза бурд.
Наздикони муҳоҷирони зиндонӣ дар Русия аз ҷалби онҳо ба ҷанг дар Украина нигаронанд.
Белгия дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Ситорамо Иброҳимова, як зани 37-соларо рад кардааст. Ӯ ҳамсари Муродалӣ Ҳалимов аст, ки дар Тоҷикистон ба иттиҳоми "зархаридӣ" ва "терроризм" 23 сол зиндонӣ шудааст.
Ҷонибек Латипови 44-сола, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаааст. Нобасомониҳои он замон ва тангдастии хонавода боис шуд, ки баъди хатми мактаби миёна натавонист дар донишгоҳ дарс хонад ва ба сафи муҳоҷирон пайваст.
Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигори номвари тоҷик, 24 сол пеш, дар 46-солагӣ дар Маскав кушта шуд. Асрори марги ӯ ба мисли зиндагии пуршебу фарозаш то имрӯз нақши ҷонсӯзе барои хонавода, ёру дӯст ва ҳаводорони осораш гузошта.
Шаҳрванди хориҷӣ будан дар Русия шояд ба зудӣ ҳамчун “ҳолати вазнинкунандаи ҷиноят” шинохта шавад. Ин пешниҳодро вакили Думаи давлатӣ Евгений Марченко ироа карда, мақсадашро “пешгирии ҷинояткорӣ” номидааст. Вай гуфтааст, ки дар нимаи аввали соли 2024 ҷинояткории муҳоҷирон 55 дарсад афзуд.
Йорк Шуграф, сафири Олмон дар Душанбе, гуфт, зиёда аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвари Аврупо кору зиндагӣ доранд, вале омори дақиқи паноҳҷӯён ва мухолифони ҳукуматро номбар накард.
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни матбуотро, ки аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Маҷлиси намоядагон таҳия шуда буд, рад кардааст.
Ёфтҳои бештар