Дар минтақаҳои гуногуни Русия амалиёти “Нелегал 2024” ҷараён дорад, ки ҳадафаш пайдо ва ихроҷи муҳоҷиронест, ки ба иддаои мақомоти рус, ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд. Мақомоти рус гуфтаанд, ки дар шаш моҳи ахир беш аз 512 муҳоҷирро аз ин кишвар рондаанд.