Дар Тоҷикистон пешниҳод доранд, барои занони хонашин ҳам маош таъин карда шавад. Ба гуфтаи муаллифи пешниҳод Меҳрангез Турсунзода, саҳми занони хонашин, ки дар иқтисоди хонавода бузург аст, дар бештари маврид нодида гирифта мешавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр хабар дод, ки дар пайванд ба кушторҳои пайиҳам дар шаҳри Конибодом, ки аҳолиро дар ҳолати тарсу нигаронӣ қарор дода буд, 4 кас дастгир шудааст.
Дар ин шумораи барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" қиссаи зани тоҷик Парвина Олимоваро пешкаши бинандагон мекунем. Ӯ бо умеди табобати фарзандон ба Русия омадааст, вале баъди ихроҷи шавҳараш аз Екатеринбург дар ҳоли мушкиле қарор гирифт. Ҳамватанон ба ӯ дасти ёрӣ дароз карданд.
Аз донишгоҳи Вашингтон то Бостону Вирҷиния. “Замини модарон” имсол Шаҳзодаи Самарқандӣ, нависандаи тоҷики муқими Ҳолландро барои баҳсу таҳлили ин китоб ба Амрико бурд. Достоне, ки шебу фарози фурӯпошии Шӯравиро ба риштаи тасвир кашида. Радиои Озодӣ рӯзи 19 декабр бо Шаҳзодаи Самарқандӣ гуфтугӯ кард.
Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсист, вале борҳо ба ҷиноҳҳо тақсим шудааст, номзадии панҷ намояндаашро ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард. Интихобот моҳи марти 2025 баргузор хоҳад шуд. Созмону кишварҳои ғарбӣ то ин дам ягон интихоботро дар Тоҷикистон шаффоф надонистаанд.
Мақомоти Русия шаҳрванди Узбекистон Аҳмадҷон Қурбоновро, ки ба қатли генерал Игор Кириллов гумонзад аст, то 17-уми феврали соли 2025 ба ҳабс гирифтаанд. Ҳукм рӯзи 19-уми декабр содир шуд. Бисёре аз муҳоҷирони узбек шикоят доранд, ки пулиси Русия онҳоро ҳадафмонда мавриди таъқиб қарор медиҳанд.
Сокинони чанд деҳа дар Конибодом мегӯянд, шабона аз тарс хоби ором надоранд ва бинобар ин дару тирезаҳои хонаашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карданд. Дар як моҳи охир дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ узви се оила ба таври мармуз кушта шуд.
Ҳизби демократии Тоҷикистон панҷ номзадро ба интихобот пешбарӣ намуд, муҳоҷири гумонбар дар куштори генерали русро барои ду моҳ ҳабс карданд, сокинони ваҳшатзадаи Конибодом дару тирезаи хонаҳояшонро панҷарбандӣ мекунанд ва 21 декабр “Инқилоби Офтоб” ё ҷашни “Шаби Ялдо” фаро мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳангоми як нишаст риояти ахлоқи журналистӣ дар расонаҳоро баррасӣ карданд, вале айни замон гуфтанд, ки барои риояти ин меъёрҳо бояд фазои мусоид барои фаъолият фароҳам бошад. Фазое, ки ҳоло дар Тоҷикистон нест.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Бо гузашти се рӯз аз ҳодисаи нави куштор дар шаҳри Конибодом фарзияҳои расмии мақомоти дахлдор дар бораи ин ҳодиса ва изи гумонбарон эълон нашудааст. Шаби 15 ба 16 уми декабр дар деҳаи Ҳисораки ҳамин шаҳр аз ду оила 4 нафар ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расиданд. Я
Ёфтҳои бештар