Шаш узви оилаи Неъматовҳоро рӯзи 11-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъаи Конибодом (вилояти Суғд) дафн карданд. Бо гузашти се рӯз аз марги мармузи аъзои ин хонавода то ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ё ниҳодҳои дигари тафтишотӣ ҳеч хабар ё шарҳе нашр накардаанд.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Шикваи муҳоҷирон дар Русия: "Моро ҳамватанамон фиреб кард"
Муҳлатеро, ки ба 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик барои ислоҳи камбудҳо ва пешгирӣ аз ихроҷу муҷозот шуданашон дар Русия додаанд, тақрибан ба поён мерасад. На ҳамаи муҳоҷирон дар бораи тафтиши номи худ ва роҳҳои берун овардани он аз рӯйхати "шахсони зери назорат" огоҳии кофӣ доранд.
Баъди Вожгун шудани ҳукуматдории Башор Асад Сурия бо сaрнавишти норӯшан мувоҷеҳ гашт. Коршиносон мегӯянд, ба ҳеҷ сурат, вазъият бадтар нахоҳад шуд.
Бо гузашти ду рӯз аз марги мармузи аъзои як хонавода дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз хабар ё шарҳе нашр накардааст.
Ҳар сол 10-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар таҷлил мешавад. Созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамвора Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи башар интиқод мекунанд ва Душанбе онро ғайривоқеӣ медонад. Радиои Озодӣ аз мардум пурсид, ки ба назарашон ҳуқуқи инсон чӣ аст ва оё ҳуқуқи онҳо риоя мешавад?
Дар аввали моҳи марти 2025 дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд. Намояндагони ҳеч ҳизбе дар бораи эҳтимоли ширкаташон дар ин маърака суҳбат накардаанд. Вакилони порлумон барои панҷ сол интихоб мешаванд. Солҳои охир онҳоро барои хомӯшӣ дар баробари душвориҳои мардум танқид мекунанд.
Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд марги мармузи шаш узви як хонадон аз деҳаи Шӯробқалъа (Шӯрқӯрғон)-ро таҳқиқ доранд. Ин ҳодиса шаби 8-уми декабр рӯй додааст.
Марги мармузи 6 узви як оила дар Конибодом, вокунишҳои коршиносони тоҷик ба таҳаввулоти Сурия, ҳамлаи навбатии Думаи давлатӣ ба муҳоҷирон, назарпурсии роҳгазарҳо дар бораи интихоботи ояндаи порлумонӣ дар Тоҷикистон ва мулоқоти Зеленский бо Трамп.
Соли равон тақрибан дар ҳар ҷаласаи Думаи давлатии Русия чораҳои нави маҳдудкунанда барои буду боши муҳоҷирон пешниҳод шуданд.
Вожгуншавии ҳукми Башор Асад дар Сурия ба Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт?
Ёфтҳои бештар