Гурӯҳе аз ронандагони "Яндекс.Такси", ки дар миёнашон муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, рӯзҳои 21 ва 22-юми ноябр дар шаҳри Маскав корпартоӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз рафтори корфармо, молиёт (андоз)-и зиёду пардохтҳои иловагӣ норозиянд.
Қурби рубли Русия дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, бо суръат кам мешавад. Агар як ҳафта пеш ҳазор рубл 106 сомонӣ буд, аксар бонкҳои Тоҷикистон 26 ноябр онро ба сад сомонӣ поин оварданд. Арзиши рубл барои аксар сокинон муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд.
Муҳоҷири тоҷик аснои фирор аз рейд аз 4-ум ошёна афтид, эътирози муҳоҷирони таксирон дар Маскав, парвандаи ҷиноии Рухшона Ҳакимова. нороҳатии баъзе сокинони Тоҷикистон аз поиншавии қурби рубли русӣ ва равуои озоди мошинҳои боркаш дар марз бо Узбеикстон.
Бар муқобили Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини боздоштшудаи раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҳафтаи гузашта Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз бекор шудани рухсатномаҳо барои убури ҷумҳурии Узбекистон ба ронандагони мошинҳои боркаш хабар дод. Аз рӯзи 21-уми ноябр мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон ва Узбекистон метавонанд бе иҷозатнома аз ҳудуди якдигар гузаранд.
Дар ҳоле ки кору зиндагии муҳоҷирон ва оилаҳояшон дар Русия ҳар рӯз мушкилтар мегардад, як вакили рус иддао дорад, ки "мавзӯи муҳоҷирон аз хориҷа доман зада мешавад".
Модар шикоят дорад, ки писари ноболиғашро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд; вакилони Думаи Русия мегӯянд, масъалаи муҳоҷирон аз хориҷа доман зада мешавад; боздошти се шаҳрванди Узбекистон дар робита бо куштори хохоми яҳудӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва матолиби дигар.
Маҳпора Киромова, рӯзноманигори тоҷик, шикоят дорад, ки нозирони милиса дар Душанбе рӯзи 20-уми ноябр ҳуқуқи писари 14-солаашро поймол кардаанд. Ба нақли ӯ, писараш “бо истифода аз зӯр дастгир ва ҷайби ӯ бе ҳузури шоҳидон кофтукоб шудааст”. Дар идораи милиса касе масъаларо шарҳ надод.
Як гурӯҳи саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ ба идораҳои давлатӣ шикоят намуда, собит кард ки замини онҳоро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд. Ниҳодҳои давлатӣ аз онҳо пуштибонӣ намудаанд вале баҳс то кунун ҳал нашудааст.
Гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз қарори раиси ноҳия барои сохтмони бинои баландошёна изҳори норозигӣ доранд. Барои ин сохтмон, мегӯянд онҳо, бояд ҳавлию хонаашонро тарк кунанд ва дар сармо саргардон шаванд. Мақомоти маҳаллӣ тасмимро қонунӣ донистанд. Ҷонибҳо ба додгоҳ муроҷиат кардаанд.
Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷик, мегӯяд, бар асоси баёноти як зерҳимояаш дар бораи "ришвахории чанд маъмури Додситонӣ" нома навишт, вале мақомот ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала, нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев раиси хадамоти амнияти ин кишварро барканор кард.
Ёфтҳои бештар