Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба воситаи ширкатҳои Узбекистон ба ҳаҷи умра рафтаанд, мегӯянд, ки фиреб хӯрдаанд. Ба гуфтаи зоирон, ширкат барои 14 рӯз онҳоро ба Арабистон бурд, вале 20 рӯз гузашту билети бозгаштро намегирад. Айни ҳамин шикоят аз худи шаҳрвандони Узбекистон ҳам мерасад.