Вазорати маориф ба як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи кам шудани устодони унвондор дар мактабҳои олии кишвар вокуниш карда гуфтааст, вазъият дигар аст. Ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ навишт, агар дар гузашта як номзади илм ба 16 донишҷӯ рост меомад, ҳоло ба 42 донишҷӯ як номзади илм рост меояд.