Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба оилаи дигари тоҷик дар Русия хона доданд, баҳс дубора рӯ зад


Оилаи Акрам Масаидов
Оилаи Акрам Масаидов

Ба оилаи Акрам Масаидов, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, ки чор фарзанд дорад, дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов хона доданд. Гурӯҳҳои марбут ба миллатгароёни Русия дар Телеграм навиштанд, ки "дар Качканар ҳадди ақал 20 хонаводаи камбизоати рус дар навбат ҳастанд", вале "муҳоҷирони дирӯзӣ соҳиби хона мешаванд".

Дар се моҳи охир дафъаи дувум аст, ки тақдими хона ба зодаҳои Тоҷикистон дар Русия баҳсбарангез мешавад. Дар нимаи моҳи январи имсол дар шаҳри Митиши, наздикии Маскав, ба хонаводаи дигари зодаи Тоҷикистон – Таҳмина Самадова – манзили зист тақдим карданд. Ин оила низ серфарзанд буд ва шиносномаи Русияро дошт.

Дертар мақомоти Русия зери фишори ҷомеа ва миллатгароҳо манзилро аз Таҳмина Самадова ва ҳамсараш Рамазон Раҳимов гирифта, онҳоро ба тақаллуб муттаҳам карданд. Дар пайванд ба ин ҳодиса муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир шуд.

Навор дар Инстаграм:

Муродалӣ Раҷабов, зодаи Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад, гуфт, шиносномаи он кишвар барои муҳоҷирон ҳанӯз ба маънои амнияти комили онҳо нест.

“Бояд дар кӯчаву хонаашон нанамоӣ. Биёӣ, дар вагон кор кунӣ, ҳамон хел мустақим ба истгоҳи роҳи оҳан ё фурудгоҳ равӣ. Бо хонавода биёӣ, мисли одам дар хона зиндагӣ кунӣ, намефорад ба инҳо. Табъи русҳо хира мешавад, ки тоҷик мисли одам зиндагӣ дорад,” – гуфт ӯ.

Маълум нест, сарнавишти оилаи Акрам Масаидов бо чӣ меанҷомад. Оё вай бо хонаводааш ба манзили нав мекӯчад ва ё ба монанди Таҳмина Самадова хонаро месупорад.

Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буд, ки танҳо дар соли 2023-юм 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Баъд аз оғози ҳамлаи густардаи Маскав ба Украина, ба муҳоҷирони корӣ пешниҳод мешавад, ки дар ивази иштирок дар ҷанг шаҳрвандии бигиранд. Бархе мепазиранд, вале баъзеи дигар барои сарпечӣ аз он аз ҳудуди Русия ронда мешаванд.

Навор дар Фейсбук:

XS
SM
MD
LG