Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нақшаро аз боло таъйин мекунанд"


Майдони пахта дар деҳаи Яхак, 120-километрии шаҳри Душанбе. Акс аз соли 2013
Майдони пахта дар деҳаи Яхак, 120-километрии шаҳри Душанбе. Акс аз соли 2013

Мақомоти вилояти Суғд ваъда додаанд, ки истеҳсоли пахта, яке аз маҳсулоти стратегӣ ва муҳим барои иқтисоди Тоҷикистонро афзоиш медиҳанд, аммо маълум нест, ин ваъда то куҷо қобили иҷро аст. Соли гузашта ҷамъоварии пахта, ки даҳҳо ҳазор мардуми кишвар барои парвариши он кор мекунанд, кам шуд.

Тухмӣ, ҳаво ё об?

Кишоварзони вилояти Суғд дар соли 2024 дар муқоиса бо соли 2023 тақрибан сӣ тонна камтар пахта ё пунба гирифтаанд. Раисони шаҳру ноҳияҳо дар моҳҳои январ ва феврал дар суҳбат бо хабарнигорон сабабҳои гуногунро пеш оварданд.

Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, гуфт: “Зиёда аз 40 дарсад тухмиҳои техникӣ будааст. Ба фикрам, мо эътибор надодем. Аз тарафи баъзе соҳибкорон 4-5 намуди тухмиро омехта карда фурӯхтаанд. Вақте бо гурӯҳи корӣ рафтем, соҳибкоронро наёфтем. Дар ҳудуди ноҳияву вилоят нестанд, шояд ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.”

Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2024 аз ҳар гектар замин то 13 сентнер пахта ба даст овардаанд. Солҳои пеш ин рақам ба 30 сентнер баробар буд.

Баъзе аз раисони шаҳру ноҳияҳо омили дигари кам шудани пахтаро ба ҳаво, камбуди об ва нархи он пайванд доданд.

Темурҷон Нуъмонзода, раиси ноҳияи Спитамен, мегӯяд, “дар моҳи май ҳаво хеле сард ва дар моҳи август ҳаво бисёр гарм омад. Аз ҳамин ҳисоб шона ва гулҳои пахта нобуд шуд. Қариб 45 дарсади ҳосилро гум кардем”.

“Се-чор соли охир мушкили об ҳаст. Мардум пахтаро кишт карда, камтар зарар ҳам диданд. Барои ҳамин, аз кишти пахта худдорӣ карда буданд. Дар соли 2024 диданд, ки мушкилот байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳал шуд, обро бе ягон душворӣ гирифтанд," – шарҳ дод Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Даврон Зоҳидзода, иҷрокунандаи раиси шаҳри Конибодом, ҳам мегӯяд, “аз рӯи омори охир 7820 пахта гирифта шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ хеле ва хеле кам аст. Инҷо шояд паст будани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ яке аз омилҳои таъсиррасон буд."

"Пахта зиёд буд, начиданд"

Соли гузашта аз ҳама бештар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пахта ҷамъоварӣ шудааст. Ба гуфтаи раиси ноҳия, Нусратулло Салимзода, танҳо онҳо тавонистанд 85 дарсади нақшаро иҷро кунанд, вале мушкилӣ ҳам доштанд.

“Ростӣ, як сабабро намефаҳмам, ки имрӯз чӣ муносибат шудааст. Пахта дар замин зиёд буд, мутаассифона, ҷамъоварӣ накарданд. Ба хонандагон иҷозат нест, ба духтурҳо иҷозат нест. Деҳқон пахта намечинад. Рӯирост намечинад," – гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Суғд гуфтанд, ки чаро ҳосили пахта кам шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:06 0:00

Тоҷикистон дар соли 2024 ҳамагӣ 253,2 ҳазор тонна пахта гирифтааст, ки ба 73,5 дарсади нақшаи соли 2023 баробар мебошад. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, дастур шудааст, ки истеҳсоли пахта дар оянда бештар шавад.

Ин дар ҳолест, ки солҳои охир мақомот дар ноҳияҳои пахтакор деҳқононро маҷбур мекунанд, ки дар қисми зиёди заминҳояшон пахта коранд. Раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, бо ташвиқи кишоварзон имсол кишти пахтаро дар шимоли Тоҷикистон ҳафт ҳазор гектар зиёд кард. Имсол низ деҳқонон аз такрори ин раванд дар ташвишанд. Коршиносони соҳа мегӯянд, дар чунин вазъ деҳқононро бояд бештар имтиёз доду дилгарм намуд.

Мизроб Амирбеков, коршиноси масоили кишоварзӣ, ба ин бовар аст, ки "агар квотаву харидору нарх маълум набошад, деҳқон зарар мебинад. Камбудӣ ин ҷо аст. Нақшаро аз боло таъин мекунанд, деҳқонон ба ин омодагиву замина надоранд”.

Ба иловаи шикояти деҳқонон, ки кишту кор ва истеҳсоли пахтаро аз лиҳози иқтисодӣ зараровар медонанд, ниҳодҳои байнулмилалӣ низ ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки аз сиёсати кишти иҷбории он даст кашад.

Пахта ё пунба аз бахшҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон аст, ки пас аз алюминиюм арзи нақди хориҷии бештарро ба кишвар ворид мекунад. Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки пахта зироати муҳим барои кишвар аст ва наметавон аз он даст кашид.

Пахта дар Тоҷикистон як ашёи стратегӣ шинохта мешавад, ки ба мардум ҷойи кор меофарад, корхонаҳои саноатиро фаъолтар мегардонад, ба чорводорону сокинон хӯроку либос тавлид месозад ва тавассути он ба кишвар асъори хориҷӣ меояд.

XS
SM
MD
LG