Як Эътилофи байнулмилалӣ (The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро "фавран ва бидуни ҳеч шарт" озод кунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврал хабарнигори 31-сола ва модари ду фарзанди хурдсолро бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард. Ӯ ва наздиконаш иттиҳомро напазируфтанд.
Изҳороти "The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders", ки аз Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Федератсияи байнулмилалии ҳуқуқи инсон иборат аст, рӯзи 3-юми март нашр шуд.
Муаллифон гуфтаанд, ки "таъқиб, ифтитоҳи парванда ва ҳабси худсаронаи Рухшона Ҳакимова барои иштирокаш дар пурсиши ҳассоси сиёсӣ дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон сурат гирифт." Ин пурсиш, ба иттилои онҳо, "барои созмони қирғизистонии "Барометр" барпо шуда буд".
"Дар айни замон, - омадааст дар матн, - ба Ҳакимова иҷоза нест, ки бо фарзандонаш (яке дунимсола ва дигаре нуҳмоҳа) тамос гирад. Замони ҳабс як кӯдакаш ширхор буд. Модари Ҳакимова дархост кард, ки кӯдакро ба Боздоштгоҳ баранд, вале мақомот рад карданд. Дороиҳои Ҳакимова мусодира ва вазъи молии пайвандонаш бад шудааст."
Эътилофи байнулмилалии "The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders" ба озодии фаврӣ ва беқайду шарти Ҳакимова даъват ва аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳуқуқи ӯ, аз ҷумла, "мақоми модарияш эҳтиром гузоранд". Даъвати ба ин монанд пештар аз тарафи Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) ва Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) садо дода буд.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ, рӯзи 13-уми феврал гуфт, дар ҳукми хабарнигор Рухшона Ҳакимова "ҳолатҳои сабукунандае ба мисли ҷавон будан, кӯдакони хурдсол доштан ва бори нахуст ҷиноят содир карданашро" ба инобат гирифтанд. Бо вуҷуди ин, ҳукми ӯ эътирозҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Ҳамроҳи Рухшона Ҳакимова як гурӯҳ аз мақомдорони собиқу ҳозира, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва чеҳраҳои маъруфи иҷтимоӣ низ бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ва "бо зӯр ғасб кардани ҳокимият" аз 8 то 27 сол зиндонӣ шуданд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва амаки Рухшона Ҳакимова, яке аз онҳост.
Ҳамаи онҳо иттиҳомҳоро рад ва барои бозбинии ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кардаанд.
Эътилофи байнулмилалии “The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders” ба мисли ҳомиёни дигари ҳуқуқ ин парвандаи маъруф ба номи “табаддулот”-ро “орӣ аз далелҳои қобили эътимод” донист, ки ҳадафаш “хомӯш кардани садои мунтақидону дигарандешон” мебошад.
Муаллифон мегӯянд, мурофиа паси дарҳои баста ва бе ҳузури матбуоту наздикони гумонзадҳо гузашта ва ин “пинҳонкорӣ ва поймоли муқаррарот аз назари адолат, шаффофият ва бетарафии муҳокимаи додгоҳӣ мавриди нигаронӣ мебошад”.