Мақомоти Украина то ҳол ҷалби ҷавонони то 24-соларо ба артиш қабул надоштанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ҷанг метавонад ба камшавии насл сабаб шавад. Камбуди шадиди нерӯ барои истодагарӣ дар муқобили Русия мақомоти Украинаро водор кард, ки барномаи наверо пешниҳод намоянд. Акнун ҷавонони аз 18 то 24-сола метавонанд ихтиёрӣ ба артиш бираванд. Дар иваз имтиёзҳо ҳам пешбинӣ шудааст.
"Насле, ки имрӯз қарор қабул мекунад" – номи ташаббуси охири ҳукумати Украина аст, ки дар ҳаҷми 1 миллион ҳривня, муодили 24 ҳазор доллар, имтиёз ваъда медиҳад. Ин маблағ, аз ҷумла, қарзи хонагирии боимтиёз, таҳсили ройгон дар донишгоҳ ва ҳаққи сафар ба хориҷа баъди адои хидматро пешбинӣ мекунад. Бар асоси қонуни ҳозираи ҷанг дар Украина, мардони аз 18 то 60-сола ҳаққи тарк кардани кишварро надоранд.
Мақомоти Вазорати дифои Украина, инчунин, ба ҷавонони довталаб тамринҳои кӯтоҳмуддат, ҳаққи интихоби маҳалли хидмат ва ҳам ба таъхир гузоштани хидматро дар артиш баъди 25-солагӣ ваъда медиҳанд.
Бар асоси қарордодҳои пешниҳодии нав, муҳлати хидмат як сол мешавад, вале, ба иттилои Вазорати дифоъ, хоҳишмандон метавонанд онро дароз кунанд. Дар муқоиса бо қонуни ҳозираи хидмати ҳатмӣ, ҳоло сарбозон, дар сурати зинда мондан, бояд бемуҳлат дар артиш бошанд.
Чанд рӯз баъд аз эълони ташаббуси нави Вазорати дифоъ, Дмитро Лазуткин, сухангӯи ин ниҳод, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки барнома “мавриди таваҷҷӯҳ”-и ҷавонони зиёд гардид.
Украина дар давраи ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба қаламраваш, баъд аз соли 2022, бо чандин мушкил, аз ҷумла камбуди сарбоз ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дар баробари ин бо мушкили фасод рӯбарӯст.
Мавзӯи камбуди нерӯ дар артиши Украина дар ҷараёни баҳси доғи байни президенти Украина Владимир Зеленский, раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва муовини президенти Амрико Ҷей Ди Венс дар Кохи Сафед ҳам рӯзи 28-уми феврал садо дод. Трамп ба Зеленский гуфт, кишвараш “камбуди сарбоз дорад”, дар ҳоле ки Венс гуфт, мақомоти Украина “ҷавонони синни даъватро маҷбур мекунанд, ки ба ҷабҳаи ҷанг бираванд”.
Маъмурияти Ҷо Байден, президенти пешини Амрико, ки барои мадад ба Украина дар ҷанг бо Русия даҳҳо миллиард доллар додааст, моҳи ноябр ба Киев гуфт, ки Украина силоҳҳои заруриро дар ихтиёр дорад ва бояд шумори сарбозонашро бештар кунад. Сухангӯи вақти Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед Шон Саветт он замон гуфт: “Агар онҳо барои такмили сафи артиш иқдом кунанд, мо омода ҳастем, ки иқтидори тамринии худро афзоиш диҳем”.
Чаро Зеленский аз сафарбарии ҷавонон худдорӣ мекард?
То ҳол Украина ба даъватҳои Амрико ва ҳампаймонҳои дигари ғарбияш барои поин овардани синни даъват ба артиш муқовимат мекард. Мақомот мегуфтанд, ирсоли ҷавонон метавонад Украинаро бо буҳрони демографӣ рӯбарӯ кунад ва дар барқарории баъдиҷангии кишвар ҳам таъсири манфӣ расонад.
Моҳи апрели соли гузашта дар Украина синни даъват ба артишро аз 27 ба 25 сол поин оварда, барои фирор аз артиш ҷазо таъйин карданду ба хидмати ҳарбии гирифторони сил ё HIV ҳам дар сурати доштани қувват иҷоза доданд. Вале ин тадбирҳо таъсири чандоне надоштанд.
Ташаббуси охир ҳам баъзе сокинони Украинаро ба хашм овардааст. Як собиқадори артиш ва фаъоли иҷтимоӣ Олег Симороз нақшаи навро “табъйиз”-и сарбозоне номид, ки ҳаққи имтиёзҳои ҳарбиро надоранд.
Симороз дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: “Мо набояд мардумро дар артиш бар пояи син тақсимбандӣ кунем”. Ӯ гуфт, чаро, масалан, бояд ҳуқуқи як сержанти 55-солаи захмӣ дар ҷанг, ки маълумоти донишгоҳӣ надорад, аз як ҷавони 20-сола камтар бошад?
Моҳи феврали соли 2022, вақте Русия ба хоки Украина ҳамла кард, даҳҳо ҳазор сокини ин кишвар, аз ҷумла онҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ мекарданд, ихтиёрӣ барои дифоъ аз хоки ватанашон баланд шуданд. Вале бо гузашти вақт дилгармиву омодагии мардум барои идомаи ширкат дар артиш камтар мешавад.
Украина дар ҳалли мушкил ноком шуд?
Саймон Шлегел аз Гурӯҳи байнулмилали бӯҳронҳо, моҳи декабр навишта буд, ки баъд аз ҳуҷуми Русия “мушкили камбуди нерӯ барои дифоъ аз кишвар дар Украина калон буд”. Вале, ба навиштаи ӯ, “мавҷи афзуни ҷалби ихтиёриён баъди ишғоли Қрим дар соли 2014, ҳуҷуми васеъмиқёси Русия дар соли 2022, се соли ҷанги бераҳмона ва ҳам набуди дурнамои рӯшани пирӯзии Украина поин омад”.
Матбуоти Украина менависад, ки дар моҳҳои январ то сентябри соли 2024 дар ин кишвар 18 ҳазор мавриди фирор аз артиш сабт шудааст ва бино ба гузоришҳо, ҳазорҳо нафар ришва дода, аз кишвар гурехтаанд. Вале бисёре аз сокинони Украина ҳамоно мегӯянд, омодаанд, ҳар қадар зарур аст, аз кишвар дифоъ кунанд.