Як гузориши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли 2021 зиндагии занеро, ки дар хонаи иҷора мезист ва барои рӯзгузаронии худу кӯдаконаш коғаз ва зарфҳои пластикӣ ҷамъ меовард, тағйир дод. Саломат Раҷабова, сокини 34-солаи Душанбе, ҳоло соҳиби хонаи сеҳуҷраӣ шудааст. Мегӯяд, ба ӯ хайрхоҳон ёрӣ доданд.