Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри исми шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхати "сиёҳи" Русия


Новосибирск, Русия. Полис санади муҳоҷирони кориро дар даромадгоҳи маркази тиҷоратии "Восток" месанҷад
Новосибирск, Русия. Полис санади муҳоҷирони кориро дар даромадгоҳи маркази тиҷоратии "Восток" месанҷад

120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ҳамчун вайронкунандаи қонунҳои ин кишвар ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин бора рӯзи 19 октябр вазоратҳои умури дохилӣ ва ҳам кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар як хабари фаврӣ иттило додаанд.

Дар хабари расмӣ шаҳрвандони Тоҷикистон огоҳ карда шудаанд, ки ба ин афрод ихроҷ ё депортатсия аз хоки Русия таҳдид мекунад. Шаҳрвандон метавонанд номи худро дар ба истилоҳ “рӯйхати шахсони назоратшаванда” бисанҷанд, ки онро мақомоти ҳифзи қонуни Русия тартиб додаанд.

Дар хабари расмӣ таъкид шудааст, ки ба қонунҳои федералии Русия оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ тағйиру иловаҳо ворид шудааст ва ин тағйирот аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

Шаҳрвандон метавонанд ба феҳрист ворид шуда, номи худро бисанҷанд, ки оё дар ин рӯйхат ворид ҳастанд ё на.

Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав дар моҳи март қонунҳои муҳоҷират дар Русия хеле шадид шуд ва дар давоми чанд моҳи баъди ин даҳҳо ҳазор муҳоҷирон, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон боздошту ихроҷ ва ронда шуданд.

Дар бисёр ҳолатҳо ин ҷараён бо поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон гузаштааст. Мақомот дар Тоҷикистон чунин рафтори Русияро танқид ва ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирон даъват намуданд, вале дар Маскав мақомот ин тадбирҳоро амри ногузир барои “ба тартиб даровардани ҷараёни муҳоҷират” дуруст мешуморанд.

XS
SM
MD
LG