Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ин навбат ҳам иншооти энержии Украинаро ҳадаф қарор дод


Коргаре дар яке аз рӯзҳои оғози соли ҷорӣ харобаҳои нерӯгоҳи Украинаро, ки аз мушаки Русия осеб дида буд, тоза мекунад. Русия аз моҳи октябри соли 2022 то имрӯз ба инфрасохтори энергетикии Украина беш аз 1000 ҳамла анҷом додааст.
Коргаре дар яке аз рӯзҳои оғози соли ҷорӣ харобаҳои нерӯгоҳи Украинаро, ки аз мушаки Русия осеб дида буд, тоза мекунад. Русия аз моҳи октябри соли 2022 то имрӯз ба инфрасохтори энергетикии Украина беш аз 1000 ҳамла анҷом додааст.

Мақомоти Украина рӯзи 20 октябр гуфтанд, ки артиши Русия  мавҷи навбатии мушаку  ҳавопаймоҳои бесарнишинашро дар саросари Украина партоб кард. Дар як чунин ҳамла иншооти энергетикӣ осеб дидааст ва шумори зиёде ҷароҳат бардоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия дар бораи як ҳамлаи бузурги бесарнишинҳои украинӣ болои парки саноатие хабар доданд, ки дар он як пудратчии сохторҳои мудофеаи Русия ҷойгир мебошад.

Бар асари партоби мушакҳои баллистикии артиши Русия болои шаҳри Кривий Роҳ дар минтақаи ҷанубии Днепропетровск 17 нафар, аз ҷумла як корманди наҷот ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи Александр Вилкул, раиси шӯрои мудофеаи Кривий Роҳ, ҳашт нафари маҷрӯҳшудагон бистарӣ шудаанд.

Дар ин шаҳри воқеъ дар 400-километрии ҷанубу шарқи Киев 15 бинои истиқоматӣ ва чанд муассисаи таълимӣ ва маъмурӣ осеб дидаанд.

РБК-Украина бо такя ба додситонии вилоят навишт, ки Русия як ноҳияе дар ҳудуди шаҳри шарқии Харковро бо мушаки “Гром-Э1” ҳамла карданд. “Гром-Э1” як силоҳест, ки омехтаи мушак ва бомбаи ҳавопаймоии парвозкунанда мебошад. Он бар асоси мушаки замин ба ҳавои Х-38-и замони шӯравӣ сохта шуда, бино ба гузоришҳо, то 120 километр қудрати парвоз дорад.

Русия инчунин ба муассисаи энержии “Сумиоблэнерҳо”-ро дар шаҳри Сумӣ ҳамла кардааст.

"Дар натиҷа, беш аз 37 ҳазор муштарӣ дар вилояти Ромнӣ (104 маҳаллаи аҳолинишин) муваққатан аз нерӯи барқ маҳрум шудаанд", — омадааст дар хабарнома.

Киев ба сахттарин зимистон дар таърихи ин ҷанги қариб сесола омода мешавад, чун Маскав баъди осеби зиёд ба муассисаҳои энержии Украина ҳамоно ҳамла ба объектҳои энергетикиро идома медиҳад. Чунин зарбаҳо ба инфрасохтори дунявӣ ҷинояти ҷангӣ дониста мешавад.

Ба гуфтаи вазорати энержӣ, аз октябри соли 2022 ба ин тараф Русия ба иншооти энергетикии Украина беш аз 1000 зарба анҷом додааст.

Дар наздикии Киев тақрибан 10 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуданд, гуфтааст маъмурияти низомии шаҳр дар Telegram. Дар бораи талафоти ҷонӣ гузорише нарасидааст.

Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Киев ду маротиба ҳушдорҳои ҳавоӣ садо дод, ки дар маҷмӯъ тақрибан се соат давом кардааст. Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, минтақаи Лвов дар наздикии сарҳади Лаҳистон низ ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифт. Ҳанӯз хабаре дар бораи хисорот дар даст нест.

Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 20 октябр гуфтанд, ки дар ҳамлаи ахири шабонаи Русия аз 49 ҳавопаймои бесарнишин 31 ҳамларо пешгирӣ кардаанд. Бино ба хабари ин ниҳод, макони 13 ҳавопаймои бесарнишин нопайдо ва ду ададаш ба кишвари ҳамсояи Беларус парвоз кардааст.

XS
SM
MD
LG