Нуқтаҳои овоздиҳӣ аз соати 7 субҳ боз шудаанд. Инчунин шаҳрвандони Молдова бояд назарашонро дар бораи узвияти кишвар дар Иттиҳоди Аврупо баён кунанд ва барои ин дар Конститусияи Молдова тағйирот ворид карда мешавад.
Барои мақоми президентӣ 11 нафар, аз ҷумла, президенти амалкунанда Майя Санду мубориза мебаранд. Пешгӯӣ мешавад, ки собиқ додситони кулли Молдова Александр Стояногло ба даври дуюми интихобот роҳ меёбад. Ӯро ҳизби сотсиалистии мухолифи ҳукумат тарафдорӣ мекунад.
Президенти собиқ Игор Додон ин дафъа дар интихобот номзад нашуд, вале аз тарафдоронаш хост, ки Стояноглоро тарафдорӣ кунанд. Сотсиалистҳо натавонистанд дигар ҳизбҳоро ба тарафдории номзади худ моил кунанд.
Мисли Додон, Стояногло ҳам дар чандин ҳолат мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор дорад. Президенти собиқро дар коррупсия ва хиёнат ба давлат, додситони кулли собиқро дар коррупсия ва сӯиистифода аз қудрат гумонбар медонанд. Ҳарду барои ин парвандаҳо Сандуро гунаҳгор карда иттиҳомҳои худро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Санду инро рад мекунад.
Аз ҳизби марказгарои “Ҳизби мо” собиқ шаҳрдори Белтси – Ренато Усатий номзад шудааст. Дар интихоботи соли 2020 ӯ баъди Санду ва Додон ҷои сеюмро гирифта буд.
Инчунин номзади коммунистҳо Василе Тарлев, собиқ раиси вилояти мухтори Гагауз Ирина Влах, журналист Наталя Морар номзад шудаанд. Морар, ки раҳбарияти имрӯзаро танқид карда, муҳоҷирати кории молдованҳоро ба хориҷа як фоҷеа меномад, ба раъйдиҳандагон ваъда додааст, ки як мӯъҷизаи иқтисодӣ меофарад.
Дар берун аз хоки Молдова имкони овоздиҳӣ дар 37 қароргоҳи дипломатӣ, аз ҷумла якнуқтаӣ дар Маскав, Киев, Одесса, инчунин 60 участкаи овоздиҳӣ дар Итолиё ва даҳҳо нуқтаи овоздиҳӣ дар Олмон, Фаронса, Бритониёи Кабир, Руминия ва ИМА боз шудааст.