Баъди натиҷагирии рӯзи чордаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби ИМА бо 105 медал (38 тило, 35 нуқра ва 32 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кардааст.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, заҳматҳои шабонарӯзии Дилшод Назаров ва шароити фароҳамшуда барои ӯ имкон дод, ки ин варзишгари тоҷик медали тиллои Бозиҳои олимпиро аз они худ кунад.
Дилшод Назаров, гурзандози шинохтаи тоҷик рӯзи 19-уми август дар бозиҳои олимии тобистона дар Бразилия гурзро ба 78 метру 86 сантиметр партоб кард ва соҳиби медали тилло шуд. Ӯ баъди партоб мегӯяд "Худоҷон спасибо тебе" (Худоҷон ташаккур ба ту). Видео аз Ройтерс
Модари Дилшод Назаров мегӯяд, ки тамоми шаб нахобиданд ва мунтазири ҳунарнамоии писараш буданд. Дилшод Назаров аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон овард.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар паёме дар Твиттер Кимиё Ализодаро барои медали биринҷиаш дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ табрик кардааст. Ӯ гуфтааст, ки медали Кимиё тамоми сокинони Эрон, бахусус бонувони ин кишварро шод кардааст.
Сӯҳроб Хоҷаев, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти гурзандозӣ Узбакистонро намояндагӣ кард.
Баъди натиҷагирии рӯзи дувоздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мисли пешин дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби ИМА бо 93 медал (30 тило, 32 нуқра ва 31 биринҷӣ) қарор дорад.
Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ба мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ роҳ ёфтааст, барои ба даст овардани медали олимпӣ шонси хуб дорад.
Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия ҷойи севумро гирифт ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Якчанд кишвар, бо шумули Арманистон, Гурҷистон, Сербия ва Украина нухустин медалҳои тиллоро дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро дарёфт карда, аз Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи кишварҳои бе медал боқӣ мондааст, пеш гузаштанд.
Ёфтҳои бештар