Шоми 20-уми август дар варзишгоҳи олимпии Рио, ба Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик медали тиллои бозиҳои олимпӣ супурда шуд. Радиои Озодӣ бо Дилшод Назаров сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум қарор дорад.
Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, ки дар бозиҳои олимпии Рио де Жанейро медали тилло ба даст овард, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нишони ӯ ба тамоми мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад. Нарзуллоҳи Латиф, хабарнигори Радиои Озодӣ баъди маросими ҷоизадиҳӣ бо Дилшод сӯҳбат кард.
Шоми шанбе тайи як маросим дар Варзишгоҳи олимпии Рио ба Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик медали тилло супурда шуд. Барои нахустин бор дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.
Баъди натиҷагирии рӯзи чордаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби ИМА бо 105 медал (38 тило, 35 нуқра ва 32 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кардааст.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, заҳматҳои шабонарӯзии Дилшод Назаров ва шароити фароҳамшуда барои ӯ имкон дод, ки ин варзишгари тоҷик медали тиллои Бозиҳои олимпиро аз они худ кунад.
Дилшод Назаров, гурзандози шинохтаи тоҷик рӯзи 19-уми август дар бозиҳои олимии тобистона дар Бразилия гурзро ба 78 метру 86 сантиметр партоб кард ва соҳиби медали тилло шуд. Ӯ баъди партоб мегӯяд "Худоҷон спасибо тебе" (Худоҷон ташаккур ба ту). Видео аз Ройтерс
Модари Дилшод Назаров мегӯяд, ки тамоми шаб нахобиданд ва мунтазири ҳунарнамоии писараш буданд. Дилшод Назаров аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон овард.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар паёме дар Твиттер Кимиё Ализодаро барои медали биринҷиаш дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ табрик кардааст. Ӯ гуфтааст, ки медали Кимиё тамоми сокинони Эрон, бахусус бонувони ин кишварро шод кардааст.
Сӯҳроб Хоҷаев, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти гурзандозӣ Узбакистонро намояндагӣ кард.
Ёфтҳои бештар