Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гурӯҳи кишварҳои бе медал


Артур Алексаниян
Артур Алексаниян

Якчанд кишвар, бо шумули Арманистон, Гурҷистон, Сербия ва Украина нухустин медалҳои тиллоро дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро дарёфт карда, аз Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи кишварҳои бе медал боқӣ мондааст, пеш гузаштанд.

Медали тиллоро ба Арманистон варзишгари кишвар Артур Алексаниян бо мағлуб кардани рақибаш дар сабқати гуштӣ дар вазни 98 кило овард. Ин нахустин медали тиллои Арманистон дар Бозиҳои олимпӣ дар ду даҳсола ва дуввумин медали тилло аз замони истиқлоли ин кишвар аст.

Аммо Артур Алексаниян дар маросими тақдими медал бо куртае зоҳир шуд, ки ҳозиронро дар ҳайрат гузошт. Дар "футболка"-и ӯ сурати як сарбози арманӣ - қурбонии низои моҳи апрел бо Озарбойҷон тасвир ёфта буд. Алексаниян гуфт, пирӯзии худро ба сарбозоне мебахшад, ки аз марзи кишвараш ҳимоят мекунанд ва ба онҳое, ки аз оғози ҷанг бо Озарбойҷон бар сари вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ қурбон шуданд.

Вазнбардори гурҷӣ Лаша Талахадзе парчами кишварашро рӯзи 16 -уми август бо пирӯзӣ дар сабқати мардҳо дар вазни 105 кило парафшон кард.

Беҳдод Салимкордасиобӣ, варзишгари аз эронӣ, баъди эроди довар, ки аз варзишгар пурра бардоштани як дасташро талаб кард, аз бозӣ берун шуд. Мураббии варзишгар, Саҷҷод Анушервонӣ бо ишора ба ироқӣ будани довар, ин талабро "тавтеаи душман" хонд.

Олег Верняев
Олег Верняев

Рӯзи гузашта дар бозиҳои дигар Украина ҳам дастболо шуд. Олеҳ Верняев, дар варзиши сабук ё гимнастикаи мардҳо варзишгари амрикоӣ Даниел Лейваро мағлуб ва наухстин медали тиллоро ба кишвараш тақдим кард. Дар ин сабқат варзишгари рус Давид Белявский медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар сабқати гуштӣ рӯзи 16 август варзишгари серб Давор Стефанек рақибаш Мурган Арутунян аз Арманистонро дар гуштии юнонӣ дар вазни 66 кило ба замин хобонд ва аввалин медали тиллоро гирифт. Арутунян мағлубияти худро напазируфт ва қарори доварро ба чолиш кашид ва гуфт, ки ӯ бозиро бой надодааст ва ин доварҳо буданд, ки нахостанд ӯ ба зинаҳои пирӯзӣ барояд.

"Дар бозиҳои Аврупо, бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон низ ҳамин ҳол буд. Ман хеле дилсард шудаам, ман ин ҳама солҳо меҳнат кардам," - гуфт бозигари арманӣ, ки сабқатро ба рақиби сербяигӣ бохт.

Ҳамин тавр, кишварҳое, ки то дирӯз бо Тоҷикистон дар гурӯҳи бе медалҳо буданд, дар сабқатҳои мухталиф дастболо шуданд. Варзишгарони Тоҷикистон як-як сабқатро ба рақибонашон бохтанд ва мухлисонро ноумед карданд. Ҳоло як варзишгар - Дилшод Назарав мондааст, ки ҳамин бегоҳ дар дар Рио қувваозмоӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG