Паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ки барои аввалин бор ба ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудааст, дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти ҷудо рақобат хоҳад кард.
Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни то 90 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.
Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби муштзани тоҷик Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Чин Ҷун Шан мебошад.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки барои бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, дар Олимпиадаи Рио-2016 дар Бразилия дар мусобиқоти ҷудо барои медал мубориза хоҳад бурд.
Муштзани маъруф Анвар Юнусов, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.
Дар як маросими ботантана, ки шаби душанбеи 1 август барпо гардид, Парчами давлатии Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио-2016 барафрохта шуд.
Маросими ботантанаи барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио-2016 бегоҳи 1 август, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (2 август соати 02:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.
Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ омодагӣ мебинанд.
Варзишгарони тоҷик рӯзи дувум аст дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5-уми август ифтитоҳ меёбанд, омодагӣ мебинанд.
Ёфтҳои бештар