Комроншоҳи Устопириён, гуштигири шинохтаи тоҷик, дар қувваозмоии нахустин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақиби гурҷиаш Варлам Липартелиани шикаст хӯрд. Вай дар риштаи ҷудо дар вазни то 90 кило вориди рақобат гардид, аммо натавонист пирӯз шавад.
Рӯзи сешанбе шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс танҳо қаҳрамони олимпие гардид, ки 21-умин медали тиллои худро ба даст овард.
Амрикоӣ Майкл Фелпс рӯзи 9 август дар мусобиқоти ниҳоии шиноварӣ ба масофаи 200 метр бо усули баттерфляй аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия медали тилло ба даст овард.
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар даври дувуми интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 кило аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейро аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.
Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд, варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон - ширкат доранд.
Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Маҷлинда Келмендии 25-сола нахустин варзишгари Косово барандаи медали тиллои Олимпиада дар Рио-де-Жанейро дар бахши ҷудо шуд.
Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бо ширкати беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 206 кишвари ҷаҳон то рӯзи 21 август идома хоҳад кард.
Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Вирҷиния Трэшер, варзишгари амрикоӣ, барандаи аввалин медали тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Ӯ дар мусобиқа оид ба тирандозӣ аз туфанги пневматикӣ ба масофаи 10 метр мақоми аввалро касб кард.
Ёфтҳои бештар