Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар паёме дар Твиттер Кимиё Ализодаро барои медали биринҷиаш дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ табрик кардааст. Ӯ гуфтааст, ки медали Кимиё тамоми сокинони Эрон, бахусус бонувони ин кишварро шод кардааст.
Сӯҳроб Хоҷаев, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти гурзандозӣ Узбакистонро намояндагӣ кард.
Баъди натиҷагирии рӯзи дувоздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мисли пешин дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби ИМА бо 93 медал (30 тило, 32 нуқра ва 31 биринҷӣ) қарор дорад.
Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ба мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ роҳ ёфтааст, барои ба даст овардани медали олимпӣ шонси хуб дорад.
Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия ҷойи севумро гирифт ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Якчанд кишвар, бо шумули Арманистон, Гурҷистон, Сербия ва Украина нухустин медалҳои тиллоро дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро дарёфт карда, аз Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи кишварҳои бе медал боқӣ мондааст, пеш гузаштанд.
Рӯзи 16 август рӯйхати варзишгароне, ки дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иштирок мекунанд, эълон шуд.
Дар MPC (Маркази асосии матбуот) 5800 хабарнигор ва дар IBC (намояндагони расонаҳои электронӣ - телевизион, радио, интернет) 20 ҳазор аз 220 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд, ки онҳо ҳамарӯза аз ҷараёни Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ гузоришҳо таҳия ва пахш мекунанд. Дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин марказҳо хабар доданд.
Баъди натиҷагирии рӯзи даҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мисли пешин дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадори олимпӣ мунтахаби ИМА бо 75 медал (26 тило, 23 нуқра ва 26 биринҷӣ) қарор дорад.
Кристина Пронженко, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар сабқати интихобии варзиши сабук оид ба давидан ба масофаи 200 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ охирин шуд ва аз ҳаққи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.
Олим Қурбонов дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод, ки рӯзи 11 август дар Қасри шиноварии олимпии Рио-де-Жанейро баргузор шуд, дар гурӯҳи худ дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 25,77 сония мақоми чорумро касб кард.
Ёфтҳои бештар