Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки барои бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, дар Олимпиадаи Рио-2016 дар Бразилия дар мусобиқоти ҷудо барои медал мубориза хоҳад бурд.
Муштзани маъруф Анвар Юнусов, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.
Дар як маросими ботантана, ки шаби душанбеи 1 август барпо гардид, Парчами давлатии Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио-2016 барафрохта шуд.
Маросими ботантанаи барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио-2016 бегоҳи 1 август, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (2 август соати 02:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.
Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ омодагӣ мебинанд.
Варзишгарони тоҷик рӯзи дувум аст дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5-уми август ифтитоҳ меёбанд, омодагӣ мебинанд.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки 28-уми июл барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро сафар кард, баъди як шабонарӯз ба Бразилия расид.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июл ба Бразилия сафар мекунад.
Ёфтҳои бештар