Ҳодиса
Нозири БДА-ро латукӯб карданд ё ӯро мошин задааст?

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки як нозири БДА-ро дар ноҳияи Мастчоҳ бо мошин задаанд. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки корманди БДА дар қади роҳ афтида, як тарафи рӯяш сиёҳ шудааст. Корбарон навиштаанд, ӯро латукӯб карданд.
Як масъули ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса 13-уми октябр дар ҳудуди ҷамоати Мастчоҳ рух додааст.
"Рӯзҳои ҷумъа дар ин ҷамоат бозор мешавад ва корманди БДА барои танзими нақлиёт ба онҷо рафтааст. Як ронанда аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо саркашӣ карда, мошинро якбора сахт ронда, нозири роҳро мезанад. Сокинони атроф фавран ба кӯмаки нозир шитофта, ӯро ба беморхона бурданд, аҳволаш ҳоло хуб аст,"-гуфт манбаъ.
Дар навори кутоҳе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки нозири БДА дар канори роҳ афтидааст ва фарёд мезанад, ки "мошини Зафираро қапед." Манзури ӯ зоҳиран нақлиёти "Опел-Зафира" аст. Дар навор садои бо суръат рондани як мошин ҳам шунида мешавад.
Маълум нест, ронандае, ки ин корро кард кӣ буд ва миёни ӯ ва нозири роҳ чӣ гузашт. Мақомот то ҳол қазияро расман шарҳ надодаанд.
Ҳамсуҳбати мо дар ҳукумати Мастчоҳ гуфт, ронандае, ки корманди БДА-ро бо мошин зад, боздошт шудааст. Назари ӯ дар бораи ҳодиса маълум нест.
Пахши ин видео баҳсҳо дар бораи фаъолияти корманди БДА-ро дар Тоҷикистон доғ кард. Баъзеҳо аз кори нозирони роҳ интиқод карда, онҳоро барои гирифтани пора аз ронандагон танқид кардаанд. Аммо гуруҳи дигар навиштаанд, латукӯби нозири роҳ ҷиноят аст ва агар қонуншикание ҳаст, бояд расман шикоят кард.
"Илтиҷо кардам, ки ӯро озод накунед" ВИДЕО

Пайвандон ва вакили мудофеи зани қирғизистонӣ, ки шавҳараш гӯшу бинии ӯро бурид, ба ҷавобгарӣ кашидани як додрас ва муфаттишонро талаб доранд. Мегӯянд, агар онҳо дар гузашта тасмими дуруст гирифта, иҷрои қарорро назорат мекарданд, эҳтимол ин ҳодиса сар намезад.
Асел Ногойбоеваи 36-сола аз Қирғизистон ба таври муъҷизаосо зинда монд. Шавҳари собиқаш бо корд ба ӯ ҳамла кард ва гӯшу бинияшро бурид. Ҳодиса 20-уми сентябри имсол ва дар пеши чашми писараш рух дод. Занги телефонии ҳамсоя ба маъмурони милиса сабаб шуд, ки Асел наҷот ёбад.
Худаш мегӯяд, то замони рӯй додани ҳодиса борҳо ба барои ёрӣ ва ҳимоят ба мақомот муроҷиат кард, аммо касе ба додаш нарасид.
“Низоми додгоҳӣ натавонист, ки маро ҳимоят кунад. Дар як соли охир чанд бор барои мадад муроҷиат кардам. Дар мурофиаи охир илтиҷо карда будам, ки ӯро озод накунанд. Медонистам, ки ӯ мехоҳад маро бикушад,” – нақл кард Асел.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳоло ин зан дар бемористон аст ва бояд чанд ҷарроҳиро гузарад. Ба иддаои вакили мудофеи Асел, агар додгоҳ ва милисаҳо бемасъулиятӣ намекарданд, кор то хунрезӣ намерасид.
“Тамоми қарорҳои додгоҳ барои як моҳ бароварда мешуд. Яъне, мард бояд давоми як моҳ ба Асел наздик намешуд, аммо мо дидем, ки ӯ ин қарорҳоро иҷро намекард ва нисбаташ ягон чора ҳам дида намешуд. Дар ин ҳолат, кормандони милиса бояд санади дигаре омода карда, парвандаро ба додгоҳ мефиристоданд,” -- афзуд, вакил Индира Саутова.
Тариел Ногойбаев, бародари Асел, мегӯяд, “онҳо набояд нисбат ба шахсе, ки ду маротиба таҷовуз кардаву хоҳарамро ором намегузошт, чунин тасмим мегирифтанд. Набояд ӯро шартан озод мекарданд. Мо муҷозоти додрасеро, ки чунин қарор баровард, талаб мекунем.”
Додгоҳ рӯзи 27-уми сентябри имсол қарори пешинаи худро нисбат ба шавҳари зан бекор карда ва ӯро ба 8 сол зиндон маҳкум намуд. Ин ҳукм танҳо барои ҷиноятҳои пешинаи ӯ, яъне шиканҷаву таҷовуз бароварда шуд. Дар робита ба буридани гӯшу бинии зан тафтишот ҳанӯз идома дорад. Эҳтимол ҳукми зиндони мард дарозтар хоҳад шуд.
Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ қазияи Асел бори дигар собит кард, ки занон дар Қирғизистон аслан ҳимоят намешаванд. Онҳо мегӯянд, чанд рӯз пеш як зани дигарро дар Бишкек шавҳараш ба худкушӣ расонд.
"Пайвандони зани фавтида ба ман занг зада, хабар доданд. Модари се кӯдакро дар банди дор пайдо кардаанд. Ба бовари наздиконаш эҳтимол ин фоҷеа дар пайи хушунат сар задааст,”- гуфт ҳуқуқшинос Нозгул Турдубекова.
Ҳомиёни ҳуқуқ маълум кардаанд, ки ин зан ҳам пайваста аз сӯйи шавҳараш таҳқиру шиканҷа шуда, дар ниҳоят ба ҷони худ қасд кардааст. Ҳуқуқшиносон аз ҳукумати Қирғизистон талаб доранд, ки барои ҳимоят аз занону кӯдакон зудтар тадбир андешанд.
Муҳаммад Зайф, "тарроҳ"-и ҳамлаи ғофилгирона алайҳи Исроил кист?

Муҳаммад Зайф, фармондеҳи шохаи низомии “Ҳамос”, “тарроҳ”-и ҳамлаи ғофилгиронаи ҳафтуми октябр ба Исроил ба шумор меояд. 58-сола ва аз Навори Ғазза аст. Соли 2015 дар рӯйхати шахсони муттаҳам ба терроризм дар Амрико ҷой гирифт.
Муҳаммад Зайф кист?
Муҳаммад Диёб Иброҳим Ал-Мисрӣ, машҳур ба Муҳаммад Зайф, соли 1965 дар урдугоҳи Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза ба дунё омадааст. Хонаводааш аз деҳае аз шимоли ғарби Байтулмуқаддас кӯчида буданд.
Донишгоҳи исломиро дар Ғазза хонд ва аз он вақт барои пайвастан ба сафи гуруҳҳои исломгаро майл пайдо кард. Аввал ба узвияти “Ихвон-ул-муслимин” (Миср), сипас ба узвияти гуруҳи фаластинии “Ҳамос” даромад ва аз фаъолони барҷастаи он шуд.
Чаро “Зайф”?
Тавоноиҳои ӯро барои пинҳон шудан сабаби то ҳол зинда монданаш медонанд. Акси охирини Муҳаммад Зайф зиёда аз бист сол пеш гирифта шудааст.
Калимаи “Зайф” дар арабӣ ба маънои “меҳмон” аст. Интихоби ин лақаб аз он ҷост, ки ӯ беш аз як шаб дар як ҷо намемонад ва ҷойи худро зуд-зуд иваз мекунад.
Боздошт аз сӯи Исроил
Муҳаммад Зайф соли 1989 аз тарафи нерӯҳои исроилӣ ба иттиҳоми фаъолият дар дастгоҳи низомии вобаста ба “Ҳамос” дастгир шуд. Ин боздошт бидуни муҳокима буд ва 16 моҳ тӯл кашид.
Баромаданаш аз зиндон бо зуҳуру ном баровардани баталйони Иззуддин Қассом, шохаи низомии “Ҳамос” пас аз анҷоми чанд амалиёт алайҳи Исроил рост омад. Вай бо теъдоде аз фармондеҳон ба Каронаи Бохтарӣ рафт, то бахши низомии гуруҳро дар минтақа фаъол кунад.
Соли 1993 ба унвони яке аз фармондеҳони шохаи низомии Ҳамос шинохта шуд. Дар он давра теъдоде аз амалиётро раҳбарӣ кард, аз ҷумла ба гаравгон гирифтани сарбози исроилӣ Нахшон Ваксманро.
Баъд аз кушта шудани Яҳё Айёш, яке аз фармондеҳони барҷастаи шохаи низомии “Ҳамос” (5-уми январи соли 1996), ки ба номи “муҳандиси маводи тарканда” машҳур буд, Муҳаммад Зайф силсилае аз амалиёти маргталабонаро тарроҳӣ кард ва сабаби марги беш аз 50 исроилӣ шуд.
Нерӯҳои амниятии Ташкилоти Худгардони Фаластин моҳи майи соли 2000-ум Муҳаммад Зайфро дастгир карданд аммо бо қиёми дувуми фаластиниҳо ӯ фирор карду ба Ғазза баргашт. Дар ҷараёни ҳаводиси он сол амалиёти зиёдеро алайҳи Исроил тарроҳӣ ва раҳбарӣ кард.
Нуфузи рӯ ба афзоиши Муҳаммад Зайф дар гуруҳи “Ҳамос” боис шуд, ки соли 2002 фармондеҳи шохаи низомии гуруҳ таъйин шавад.
Наҷот аз марг
Муҳаммад Зайф борҳо аз амалиёти дастгоҳҳои иттилоотӣ ва артиши Исроил ҷон ба саломат бурдааст, вале гуфта мешавад, дар панҷ маврид эҳтимоли ба марг раисданаш наздик буд. Дар амалиёте, ки солҳои 2001, 2002, 2003, 2006 ва 2014 анҷом шуд.
Талоши машҳуртарин барои куштани Муҳаммад Зайф охири моҳи сентябри соли 2002 сурат гирифтааст. Он ҳангом Исроил иқрор кард, ки наҷоти ӯ муъҷизаосо буд.
Дар он амалиёт чархболҳои Исроил чанде аз мошинҳоро дар маҳаллаи Шайх Ризвон дар Ғазза бомбаборон карданд. Исроил дар аввал эълом кард, ки Муҳаммад Зайф кушта шуд, аммо пас аз он иттилои худро тағйир дод.
Бори охир тобистони соли 2014 маҳалли ҷойгиршавии Муҳаммад Зайф дар минтақаи Шайх Ризвон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Дар ин ҳамла ҳамсару фарзанди хурдсолашро аз даст дод. Гузоришҳо баёнгари онанд, ки худи Зайф дар ин ҳамла осеб дид ва аз он вақт тавони роҳ рафтанро аз даст дода, бо аробаи маъюбӣ мегардад.
Нақли як тоҷик дар бораи ончӣ дар Исроил мегузарад. ВИДЕО

Ҳамлаи ғофилгиронаи гуруҳи "Ҳамос" ва бомбборони артиши Исроил болои Навори Ғазза, сокинони мулкиро дар ду тараф ваҳшатзада кардааст. Аз ҷумла Барчиной Истамқулова, тоҷике аз Самарқандро, ки дар Исроил кор мекунад.
Барчинойи 37-сола чор сол пеш ба Исроил рафт ва ҳоло дар шаҳри Ҳайфо парастории як зани пиронсолро ба уҳда дорад. Ӯ барои ҳолати хатар омода шуда, заруртарин чизҳоро барои 72 соат захира кардааст.
Барчиной дар хона нишаста, ҳаводисро аз телевизион пайгирӣ мекунад. Ӯ субҳи 7-уми октябрро чунин ба ёд меорад:
“Шанбе, саҳар соати 6:30 сар шуд. Ҳама фаҳмидем. Ҳамаро хезонданд, огоҳ шавед гуфтанд. Чанд касро дошта бурданд. Дарҳоро қулф кардем. Аз хона набароед, ҳеҷ куҷоро накушоед, гуфтанд. Мактаб, боғча ҳамаро махкам кардаанд. Имрӯз то нисфирӯз кушоданд.”
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Барчиной ва даҳҳо шаҳрванди Узбекистон, ки дар Исроил ҳастанд, аз Сафорати Узбекистон паём гирифтанд. Сафорат аз узбекистониҳои муқими Исроил хостааст, "тамоми чораҳои бехатариро риоя карда, дар ҷойҳои амн истанд ва то огоҳии расмӣ ин маконҳоро тарк накунанд." Миёни Тошканд ва Тел Авив хатсайри мустақим амал мекунад ва баъди оғози ҷанги “Ҳамос” ва Исроил ҳам парвозҳо қатъ нашудаанд.
Истамқулова мегӯяд, ба ӯ ва дигар шаҳрвандони Узбекистон пешниҳод кардаанд, ки хоҳишмандон метавонанд ба ватан баргарданд. Аммо Барчиной феълан нияти бозгашт надорад. Ӯ бештар аз ҳаёти ҳамсари бародараш дар шаҳри Ашдод нигарон аст, ки шоҳиди таркишҳои мудҳиш шудааст.
“Ҳар замон гиря мекунад, тарсидааст. Чанд одам дар пеши назарашон мурданд, ҳама ҷо сип-сиёҳ мегӯяд. Ҳозир гап задам, ба онҳо гуфтаанд, ки аз хона набароед,”-афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Дар он тарафи ҷабҳа дар Навори Ғазза ҳам аҳволи мардум беҳтар аз ин нест. Артиши Исроил чор рӯз аст, ки дар посух ба ҳамлаҳои “Ҳамос” Ғаззаро мушакборон мекунад.
Иброҳим Нофал, сокини Ҷабалия ба хабарнигорон гуфт, “беш аз чор хона дар ноҳияи Ал-Транси Ҷабалия хароб шуданд. Зиёда аз 50-60 нафар ҳалок шуданд. Талафот хеле зиёд, харобкориҳои беҳисоб. Ё Худо, онҳо одамонро берун мебароранд.”
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Бо гузашти ҳар соат талафот дар Исроил ва Навори Ғазза зиёдтар мешавад. Тибқи охирин хабарҳо то субҳи 11 октябр шумораи қурбониён дар Исроил аз 1200 кас гузашт. Расонаҳои исроилӣ навиштанд, дар ҳамлаи “Ҳамос” то ин дам наздики 3 ҳазор нафар дар Исроил захмӣ шуда, сарнавишти 150 тани рабудашуда норӯшан аст. Вазорати тандурустии Фаластин теъдоди қурбониёнро то ин дам 900 кас гуфтааст, ки нисфи онҳо кӯдакон ва занон ҳастанд. Наздики 4500 кас дар Навори Ғазза дар пайи ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил захмӣ шудаанд. Дафтари ҳамоҳангсозии кӯмакҳои Созмони Милал гуфт, зиёда аз 263 ҳазор сокини Ғазза маҷбур шуданд хонаҳояшонро тарк кунанд.
Ибрози ҳамдардии Тоҷикистон ба осебдидаҳои Ҳирот. ВИДЕО, АКС

Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард. Як намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба "Озодӣ" гуфт, ки дар сурати дастури ҳукумат ба кумак омодаанд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Азия-Плюс" гуфтааст, ният доранд, ба онҷо маводи ниёзи аввал фиристанд.
Сокинони минтақаҳои осебдида дар Ҳироти Афғонистон мегӯянд, ба ёриҳои фаврӣ ниёз доранд, то битавонанд дар остонаи зимистон хонаҳои вайроншудаи худро тармим кунанд.
Теъдоде аз осебдидагон дар Ҳирот рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то ҳоло кумакҳои заруриро дарёфт накардаанд. Замира Ризоӣ, яке аз онҳо, гуфт, "хайре, кумаке ба мо нашуд. Хонаам вайрон гашт. Шавҳарам дар Эрон аст."
"Ниёзманд ҳастем. Дар фасли сармо ба хайма эҳтиёҷ дорем. Дар саҳро зарурат ба хӯроку пӯшок ва даво дорем. Дар хиёбонҳо мехобем," -- шикоят кард яке аз зарардидаҳои дигар.
Рӯзи 9-уми октябр масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе ба хотири қурбониёни зилзилаи маргбор дар Ҳирот парчами кишвари худро пойин андохтанд. Ҳамзамон дар толори пазироии сафорат китоби сабти ҳамдардӣ бо мардуми Ҳирот гузошта шуд.
Хуршед Вализода, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 9-уми октябр дар бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, "фикр мекунам, бо дастури ҳукумат Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омода аст ба ҳама кишварҳои ҳамсоя кумак бирасонад."
Зимоми қудрат дар Афғонистон зиёда аз ду сол боз ба дасти гуруҳи "Толибон" аст. Дар ин муддат ҳеч кишваре онҳоро ба расмият нашинохт ва муносибатҳо низ одиву ҳамвор нест.
Сафири ҳукумати пешинаи Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, вақте фоҷеаи инсонӣ рух додааст, набояд бо дарназардошти омилҳои сиёсиву мазҳабӣ кор кард.
Муҳаммадзаҳир Ағбар рӯзи 9-уми октябр гуфт: "Фикр мекунам, имрӯз баҳси сиёсиву ба расмият шинохтани "Толибон" матраҳ нест. Қурбонӣ ҳама мардуми Афғонистон ҳастанд. Ҷомеаи башарӣ бояд ба мардуми Афғонистон кумак кунад, на ба "Толибон".
Заминларза рӯзи 7-уми октябр дар вилояти Ҳирот рӯй дод. Бар асари он зиёда аз ду ҳазор кас ҷон бохта, ҳазорҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Садҳо хона аз байн рафт.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар 18 сол чӣ гузашт? Муруре ба муноқишаҳои калони "Ҳамос" ва Исроил

Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябр бо партофтани садҳо мушак аз Навори Ғазза ва фиристодани ҷангҷӯёнаш ба он сӯйи сарҳад ҳамлаи бузургтарин ва ғофилгиронаи худро ба Исроил сар кард.
Исроил дар вокуниш эъломи “вазъияти ҷангӣ” кард ва ҳуҷуми худро алайҳи “Ҳамос” дар Навори Ғазза оғоз бахшид. Расонаҳои исроилӣ аз набардҳои мусаллаҳонаи байни гуруҳҳои фаластинӣ ва нерӯҳои амниятии ин кишвар дар ҷануби Исроил хабар медиҳанд. Дар ин даргирӣ, ки рӯзи 8-уми октябр идома дорад, аз ду тараф садҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Ҷадвали замонии зер, ки бо ақибнишинии Исроил аз Навори Ғазза дар соли 2005 оғоз мешавад, ҳодисаҳои умдаро дар ин минтақа дар бар мегирад. Навори Ғазза ҷойи зисти 2.3 миллион фаластинист.
Августи 2005: Нерӯҳои исроилӣ пас аз 38 сол ишғоли Навори Ғазза ин минтақаро тарк карда, назорати онро ба мақомоти фаластинӣ супурданд.
25-уми январи 2006: Гуруҳи “Ҳамос” аксар курсиҳоро дар интихоботи порлумонии Фаластин гирифт. Дар пайи худдории “Ҳамос” аз боздоштани хушунатҳо ва сарпечӣ аз эътирофи Исроил, Вашингтон ва Телавив ёриҳои молиро ба фаластиниҳо бас карданд.
25-уми июни 2006: Ниманизомиёни “Ҳамос” сарбози исроилӣ Гилад Шалитро дар минтақаи марзӣ асир гирифта, ба Навори Ғазза бурданд. Исроил дар вокуниш ба ин иқдом ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи баъзе аз ҳадафҳои “Ҳамос” анҷом дод. Шлит баъд аз панҷ сол, ҳангоми иваз кардани асирон, озод шуд.
14-уми июни 2007: “Ҳамос” дар як ҷанги дохилии кӯтоҳ Навори Ғаззаро ба тасарруфи худ даровард ва нерӯҳои “Фатҳ”, ҷунбиши вафодор ба Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластинро аз ин минтақа берун кард.
27-уми декабри 2008: Дар пайи партоби мушакҳои “Ҳамос” ба ҷануби Исроил артиши ин кишвар ҷанги 22-рӯзаро алайҳи ниманизомиён дар Ғазза оғоз кард. Дар ин ҷанг 1400 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.
14-уми ноябри 2012: Исроил тайи амалиёте Аҳмад Ҷабборӣ, фармондеҳи шохаи низомии “Ҳамос”-ро кушт ва дар пайи он ҳамлаҳои мушакӣ аз Навори Ғазза ба Исроил ва ҳамалаҳои ҷавобии ҳавоӣ ба мавзеи фаластиниҳо ба муддати ҳашт рӯз идома ёфт.
Июл – августи 2014: Дар пайи рабуда ва кушта шудани се навҷавони исроилӣ аз ҷониби “Ҳамос” як ҷанги тақрибан думоҳа миёни тарафҳо сурат гирифт. Дар ин набардҳо 2100 фаластинӣ ва 73 исроилӣ, аз ҷумла 67 нерӯи артиши ин кишвар, кушта шуданд.
Марти 2018: Тазоҳуроти фаластиниҳо дар сарҳади Ғазза бо Исроил оғоз шуд. Сарбозони исроилӣ барои ақиб рондани норозиён оташ кушоданд. Дар ин тазоҳурот, ки чанд моҳ тӯл кашид, зиёда аз 170 фаластинӣ кушта шуда, нерӯҳои “Ҳамос” ва Исроил низ вориди набард шуданд.
Майи 2021: Пас аз ҳафтаҳо таниш дар моҳи Рамазон, садҳо фаластинӣ дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятии Исроил дар атрофи масҷиди “Ал-Ақсо” дар Байтулмуқаддас, макони севуми муқаддаси мусулмонон, захмӣ шуданд. “Ҳамос” бо сар додани мушак ба хоки Исроил хост, нерӯҳои амниятии ин кишвар аз масҷиди “Ал-Ақсо” берун шаванд. Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ғазза посух гуфт. Дар ин набардҳо, ки ёздаҳ рӯз идома кард, 250 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.
Августи 2022: Дар пайи ҳадаф қарор гирифтани як фармондеҳи аршади гуруҳи “Ҷиҳоди исломӣ” тавассути Исроил набарди серӯза миёни фаластиниҳо ва Исроил оғоз шуд. Дар натиҷаи он 44 фаластинӣ, аз ҷумла 15 кӯдак, кушта шуданд. Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба фармондеҳон ва анборҳои аслиҳаи “Ҷиҳоди исломӣ” як “амалиёти пешгирона” барои ҷилавгирӣ аз тарҳи ҳамлаи эҳтимолии ин гуруҳи зери пуштибонии Эрон дар Навори Ғазза номид. “Ҷиҳоди исломӣ” дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳи аршади худ беш аз ҳазор мушакро ба самти Исроил ҳаво дод.
Январи 2023: Пас аз ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба паноҳгоҳи оворагон ва куштани ҳафт марди мусаллаҳи фаластинӣ ва ду ғайринизомӣ, “Ҷиҳоди исломӣ” аз Навори Ғазза ба самти Исроил ду мушак партофт. Ин иқдом талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ғазза ҷавоб дод.
Октябри 2023: “Ҳамос” бо ҳамлаи ғофилгиронаи мушакӣ ва вуруди ниманизомиёнаш ба хоки Исроил муддаии бузургтарин ҳамла ба Исроил тайи солҳои гузашта шуд. Гуруҳи “Ҷиҳоди исломӣ” мегӯяд, нерӯҳояш ба ин ҳамла пайвастаанд. Артиши Исроил эълом кард, ки дар шароити ҷангӣ қарор дорад ва нерӯҳои захираро фаро хонду ҳамлаҳоро алайҳи “Ҳамос” дар Ғазза оғоз кард.
Бо истифода аз маълумоти "Рейтерз" омода шудааст
Ҳалокати беш аз ду ҳазор кас дар зилзилаи Ҳирот. АКС

Намояндагони ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон рӯзи 8-уми октябр гуфтанд, ки теъдоди ҷонбохтагони зилзилаи сахт дар вилояти Ҳирот ба 2053 нафар расид.
Муллоҷонон Соиқ, сухангӯйи Вазорати мубориза бо офатҳои табиии ҳукумати "Толибон", ба хабаргузории “Рейтерз” гуфт, дар ин ҳодиса зиёда аз 9200 нафар захмӣ шуданд.
“1328 хона вайрон шуда ё зарар дид,” – афзудааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, мардуми осебдида чашм ба роҳ ёрӣ ҳастанд ва таконҳои пайиҳами зилзила онҳоро нигарон кардааст.
Бошандагони вилояти Ҳирот ба хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтанд, бисёре аз мардум хонаҳояшонро тарк карда, ба вилоятҳои дигар кӯчиданд.
Зилзилаи маргбор рӯзи 7-уми октябр рӯй дод. Шиддати онро 6.3 дараҷаи Рихтер гуфтанд.
Бар асари заминларзаи моҳи июни соли гузашта дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон зиёда аз ҳазор нафар ҷон бохта буданд.
Мирзиёев ва Тоқаев ба Маскав рафтанд. Раҳмон Путинро телефонӣ табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр дар як суҳбати телефонӣ зодрӯзро ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро табрик гуфтааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як хабари кӯтоҳ дар ин бора иттилоъ дода, навиштааст дар ҷараёни ин гуфтугу ду тараф ҳамчунин “дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи шарикии стратегӣ” баррасӣ кардаанд.
Ду рӯз пештар Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи 5-уми октябр зодрӯз дошт, бо як занги телефонӣ табрик гуфта буд.
Сӯҳбати дувуми телефонии Раҳмон бо Путин дар ҳоле баргузор шудааст, ки раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар ростои 71-солагии Путин бо Маскав сафар ва бо ӯ мулоқот кардаанд.
Онҳо дар маросими оғози интиқоли гази Русия ба Узбекистор тавассути қаламрави Қазоқистон ширкат карданд.
Аксари расонаҳо ба иштибоҳи Владимир Путин зимни мулоқоташ бо президенти Узбекистон таваҷҷӯҳ кардаанд. Президенти Русия дар вохӯрияш рӯзи 6-уми октябр ба ҷои Узбекистон аз Доғистон, ҷумҳурие дар ҳудуди Русия ном бурдааст. Вай аз Мирзиёев барои саҳмаш дар рушди “Равобити Русия ва Доғистон” сипосгузорӣ кард.
Дертар, сухангӯи Путин, дар матни сомонаи Кремл “Доғистон”-ро бо “Узбекистон” иваз кард.
Пештар Путин дар баёни номи президенти Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев ҳам иштибоҳ карда буд.
Раҳбарони кишварҳои ИДМ маъмулан дар рӯзи зодрӯзи Владимир Путин президенти Русия дар Маскав ҷамъ меоянд. Солҳои пеш онҳо дар ин рӯз, дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ва СПАД дидору мулоқот мекарданд. Имсол ба пойтахти Русия танҳо Тоқаев ва Мирзиёев омаданд. Кремл гуфт, сарони чанд кишвари дигари дӯст бо Русия Путинро телефонӣ табрик кардаанд.
Дар пасманзари таҳримҳои ғарбӣ президенти Русия Владимир Путин, талош дорад бо раҳбарони кишварҳои маҳдуди ҳампаймонаш ба вижа Осиёи Марказӣ робитаашро мустаҳкамтар кунад.
14 кушта ва даҳҳо захмӣ дар заминларзаи Афғонистон.

Бар асари зилзила дар вилояти Ҳироти Афғонистон 14 нафар ҷон бохта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора масъулини бахши тандурустии Ҳукумати Толибон дар Ҳирот ба хабаргузории Франс Пресс иттилоъ додааст. Ба итилои расонаҳо, баъзе одамон зери харобаҳо мондаанд.
Заминларзаи 6,2 дараҷаи субҳи имрӯз вилояти ғарбии Афғонистонро таккон дода, баъдан чандин пасларза ба вуқуъ пайвастааст.
Масъулони бемористони вилояти Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то кунун ду ҷасад ва 55 захмиро ба ин ҷо овардаанд. Ба гуфтаи онҳо дар байни кушташудаҳо як зан ва як кӯдак ҳам ҳастанд. Расонаҳо аз хароб шудани биноҳо дар Ҳирот, севвумин шаҳри бузурги Афғонистон, дар тақрибан 850-километрии ғарби Кобул, гузоришҳо медиҳанд. Дар баъзе наворҳо, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки хонаҳои мардум қисман тахриб шудаанд.
Нисор Аҳмад Илёсӣ, сухангӯи ҳукумати Толибон дар Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мардуми ин вилоят пас аз 5 заминларзаи пай дар пайи субҳи имрӯз хисороти зиёде диданд. Вай дар бораи талафот чизе нагуфт.
Азиз Аҳмад Матин, раиси Ҳилоли Аҳмари Ҳирот низ бо ирсоли як паём гуфт, ки деҳаи Вардак дар вулусволии Анҷили Ҳирот тахриб шуда, гурӯҳи имдодрасонии онҳо ба ин минтақа эъзом шудааст.
Бар асари заминларзаи моҳи июни соли гузашта дар вилоятҳои Пактика ва Хусти Афғонистон беш аз ҳазор нафар ҷон бохта буданд.
Исроил эълон кард, ки "дар ҳолати ҷангӣ" қарор дорад

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, рӯзи 7-уми октябр баъди ҳамлаи ҷангҷӯёни ҲАМОС ба қаламрави ин кишвар, дар як паёми телевизионӣ гуфт, кишвараш "дар ҳолати ҷангӣ" қарор дорад.
Субҳи 7-уми октябр, гуруҳи фаластинии "Ҳамос", ки Ғазаро зери назорат дорад, Исроилро мушакборон кард.
Хадамоти миллии наҷоти Исроил гуфт, дар ин хушунатҳо дастикам 40 нафар кушта ва садҳо кас маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷумла аз марги як зане хабар дода шудааст, ки аз зарбаи мушак ба хонааш ҷон бохт. Ба миллионҳо нафар ҳушдор додаанд, ки паноҳгоҳу хонаҳоро худро тарк накунанд.
Артиши Исроил ба Ғаза ҳамлаҳои ҷавобии ҳавоӣ анҷом медиҳад. Ҷангҷӯёни гуруҳи ҲАМОС ҳамчунин ба шаҳрҳои наздимарзии Исроил дар шарқ ва ҷануби ин кишвар ворид шудаанд. Барои нерӯҳои исроилӣ бори аввал дар 50 соли ахир вазъияти ҷангӣ эълон шудааст.
Гуруҳи ҲАМОС бо нашри изҳороте гуфт, дар амалиёти ба истилоҳи он, “Тӯфони Ал-Ақсо”, сӯи Исроил беш аз 5000 мушак партоб шудааст. “Мо тасмим гирифтем ба тамоми ҷиноятҳои истилогарон хотима диҳем. Давраи саркӯбгарӣ ва беҷазо мондани онҳо гузашт,”- омадааст, дар баёнияи ин гуруҳ.
Расонаҳои Фаластинӣ бо такя ба омори бемористонҳои Ғаза аз кушта шудани 160 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 1000 кас хабар медиҳанд.
Ҳамла замоне сурат гирифт, ки исроилиҳо як ҷашни яҳудиро таҷлил мекарданд. Ин ҳодиса бархеро ба ёди ҷанги соли 1973 бурд, ки 50 сол пеш айнан дар рӯзе шурӯъ шуд, ки Исроил аз як ҷашни дигараш таҷлил мекард.
Вазири дифои Исроил Йоав Галант, дар паёми телевизионияш гуфт, Ҳамос "иштибоҳи сангине" кардааст ва қавл дод, ки "давлати Исроил дар ин ҷанг пирӯз хоҳад шуд".
Вазири амнияти миллии ин кишвар эълон кард, ки сар аз шоми шанбе дар саросари Исроил вазъи изтирорӣ ҷорӣ мешавад.
Британия, Фаронса, Испания ва Олмону кишварҳои дигар дар изҳороте, тарафҳоро ба оташбас даъват карданд. Дар баёнияе Вазорати корҳои хориҷии Фаронса ин ҳодисаро "ҳамлаҳои идомадори террористӣ" хонда, маҳкум кард ва ба "ба Исроилу қурбониёни ҳамла” ҳамрайӣ баён намудааст.
Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Русия аз ҳарду ҷониб хостанд, ки з ҷанг худдорӣ кунанд. Муовини вазири хориҷаи Русия, Михаил Богданов хостори "оташбаси фаврӣ ва сулҳ" шудааст.
Исроил Навори Ғазаро аз соли 2007 ба ин тараф муҳосира кардааст. Маҳдудияти интиқоли молу коло ва мардум ба иқтисоди Ғаза зарбаи сахт задааст. Исроил мегӯяд, ин иқдом ба хотире гирифта шудааст, ки ҷангҷӯёни "Ҳамос" ба силоҳ дастрасӣ наёбанд.
Фаластиниҳо Исроилро ба ғасби заминҳояшон айбдор мекунанд, шаҳракҳои муҳоҷирони исроилӣ аз ҳисоби замини фаластиниҳо васеъ мешаванд, Исроил фаластиниҳоро ба ҳамлаҳои террористӣ айбдор мекунад ва солҳо боз ҷанги байни онҳо идома дорад.
HRW: Тақрибан 50 тан аз наздикони мухолифони тоҷик боздошту бозпурсӣ шудаанд

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч (HRW) мегӯяд, тақрибан 50 нафар хешу пайвандони мухолифони ҳукумат дар Тоҷикистон боздошту бозпурсӣ шудаанд. “Бархеро озод карданд, аммо аксарият ҳанӯз дар пушти панҷара қарор доранд” – омадааст, дар изҳороти ин созмон, ки рӯзи 6-уми октябр нашр шуд.
Гап дар бораи гурӯҳе аз паноҳҷӯён ва мухолифоне меравад, ки рӯзҳои 28-29-уми сентябр зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Берлин тазоҳурот карданд.
Бино ба навиштаи Дидбони Ҳуқуқи Башар баъд аз як рӯзи тухмпартоӣ ба мошини президенти Тоҷикистон дар Олмон, яъне рӯзи 30-юми сентябр мақомоти тоҷик ба боздошти хешовандони эътрозгарони Олмон ва чеҳраҳои маъруфи мухолиф шурӯъ карда, 47 нафарро дастгиру бозпурсӣ намудаанд. “Аз ҷумла модаркалону бобоҳо ва кӯдаконро бе ягон шарҳу сабаб боздошт кардаанд. Тавре хабар дода шуд, онҳо мавриди таҳдиду таҳқир ва муносибати бераҳмона қарор гирифтаанд.”- таъкид шудааст, дар изҳороти HRW.
Созмон ин амали мақомоти Тоҷикистонро нақзи ҷиддии уҳдадориҳои байналмиллалӣ хонда, талаб кардааст, ки пайвандони мухолифонро фавран раҳо кунанд. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳороти маълум нест.
Чанд рӯз пеш, гурӯҳе аз ширкатдорони эътирозҳо дар Берлин, дар изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки бо эҳтиром ба ҳуқуқи инсон боздошту азияти наздикони онҳоро бас кунанд.
Онҳо ҳамчунин аз Омбудсмени Тоҷикистон, Кумитаи Салиби Сурх, САҲА ва дипломатҳои ғарбӣ дар шаҳри Душанбе хостаанд, бо ташкили ҳайате боздоштҳои ғайридодгоҳӣ ва “помол шудани ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон” таҳқиқ кунанд.
Дидбони ҳуқуқи Башар аз Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст, ки “амали шармовари ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум ва кишварро маҷбур созанд, ки уҳдадориҳои байналмиллалии худро дар мавриди ҳуқуқ инсон иҷро кунанд ва мансабдорону афроди масъул барои боздоштҳои худсарона ба ҷавогарӣ кашида шаванд”
Намояндагони мухолифи ҳукумат солҳои гузашта низ аз фишор ба хонаводаҳояшон шикоят карда буданд. Мақомот мустақим ба ин шикоятҳо вокуниш намекунанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон борҳо талаб кардаанд, ки хонаводаҳои мухолифинро "ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидон" истифода набарад.
Охири моҳи сентябр зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон гуруҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар назди идораи сарвазир ё садри аъзами Олмон дар Берлин ҷамъ шуданд. Баъзе аз ҷонибдорони ҳукумати Тоҷикистон дар роҳ ба қасри Белевюи президент Френк Волтер Штейнмайер саф кашиданд.
Эътирозгарон беҳбуди озодии баён, таъмини амнияти рӯзноманигорон ва қатъи таъқиби одамон бо ангезаҳои сиёсиро талаб карданд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Дар айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори фаъолони мухолифони тоҷик дар Олмон ҳам танқид карданд, ки ҳангоми эътироз “дашномҳои қабеҳ доданд” ва “як корманди сафорати Тоҷикистонро латукӯб карданд”.
54 ҳазор зиндонӣ куҷо шуд? Коҳиши рекордӣ дар зиндонҳои Русия

Теъдоди маҳбусон дар зиндонҳои Русия, ки дар миёнашон тоҷикон низ ҳастанд, ба таври рекордӣ ё 54 ҳазор нафар кам шудааст. Ҳоло дар маҳбасҳои ин кишвар 226 ҳазор зиндонӣ адои ҷазо мекардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Всеволод Вуколов, муовини вазири адлияи Русия “даҳ соли пеш шумори онҳое, ки дар дар муассисаҳои ислоҳотӣ нигаҳдорӣ мешуданд ба 700 ҳазор нафар мерасид”
Дақиқ гуфта нашудааст, ки ин коҳишёбӣ кадом давраро дар бар мегирад, аммо бино ба як гузориши сомонаи “Медиазона” камшавии бесобиқаи маҳбусон дар зиндонҳои Русия дар нимаи дуюми соли 2022, баъди сафарбарии дастаҷамъонаи зиндониён ба ҷанг дар Украина оғоз шуд.
Соли гузашта "Медиазона" ошкор карда буд, ки дар моҳҳои сентябр октябр аз зиндонҳои мардонаи Русия, 23 ҳазор нафар ғайб задааст. Дар маҷмӯъ дар соли 2022 дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар 32 ҳазор маҳбус ва соли 2023 54 ҳазор нафар кам шудааст.
Аз тобистони соли 2022 гурӯҳи низомии “Вагнер”, ба ҷалби маҳбусон ба ҷанг оғоз кард. Раҳбари он, Евгений Пригожин шахсан ба зиндонҳо рафта, бо ваъдаи пул ва раҳоӣ маҳбусонро ба ҷанг дар Украина даъват мекард. Ин гурӯҳ ҳатто онҳоеро ҳам, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, бо ваъда ба сафи худ қабул мекард.
Моҳи сентябри имсол нашрияи “Важние истории” хабар дод, ки собиқ ҷангиёни “Вагнер” аз ҳисоби зиндониёнро ба сафи артиши Русия қабул кардаанд. Моҳи август ҳомии ҳуқуқи маъруф Олга Романова дар сӯҳбат бо лоиҳаи “Можем объяснить” гуфт, ҳоло занони зиндониро ҳам ба ҷанги Украина мебаранд.
Дар зимн, дар зиндонҳои Русия муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, нигаҳдорӣ мешаванд ва дар ин муддат даҳҳо мавриди ҷалб ва кушта шудани зодаҳои Тоҷикистону Узбекистон дар ҷанги Русия бо Украина расонаӣ шудааст.
Зиндониёни тоҷик дар Русия мегӯянд, даъватҳо барои рафтан ба ҷанг идома дорад. Акнун ин кор аз сӯйи мақомот ва Вазорати дифои Русия сурат мегирад.
То ин дам хабари марги беш аз 20 маҳбуси тоҷик аз Украина омадааст ва боқимондаҳо ҳам тарс доранд, ки ин сарнавишт ба сари онҳо меояд.
Ахиран гурӯҳе аз зиндониёни тоҷик дар як зиндони Русия аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, барои идомаи адои ҷазо онҳоро ба ватан баранд, вагарна ба ҷанг бурда мешаванд.
Ба Қодирови 15-сола унвони қаҳрамони Чеченистонро доданд

Писари 15 солаи Рамазон Қодиров, соҳиби унвони қаҳрамони Чеченистон шуд. Дар ин бора вакили Думаи давлатии Русия, Одам Делимхонов хабар додааст. Ӯ Қодирови хурдиро “Намунаи дурахшони як ҷавони фавқуллода босавод ва ҳамаҷониба огоҳ” номидааст.
Рамазон Қодиров ин унвони писарашро ҳанӯз шарҳ надодааст. Аммо чанде пеш вай бо нашри саҳнае, ки дар он писараш як гумонбари сӯзондани “Қуръон”-ро латукӯб мекард, аз ин амали ӯ пуштибонӣ ва ситоиш кард. Вай гуфт, бо Одам Қодиров ифтихор мекунад, чун писараш чӣ будани “шараф, шоистагӣ ва дифоъ аз динро” хуб медонад.
Қодирови хурдӣ дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатии Грозний, Никита Журавелро латукӯб кард. Ин амали писари раҳбари Чеченистон вокунишҳои зиёд ба бор овард.
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова моҳи август дар бораи ин ҳодиса хабар дода, хост, гумонбар дар боздоштгоҳ зери ҳимояти қонун бошад ва ҳодисаи латукӯби ӯ таҳқиқ шавад.
Никита Журавели 19 соларо моҳи майи соли равон боздошт карданд. Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ӯ дар як навори оташ задани Қуръон ширкат кардааст. Журавелро дар таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ гунаҳгор медонанд.
Аҳмад Дудаев вазири сиёсати миллӣ, равобити хориҷӣ, матбуот ва иттилооти Чеченистон гуфт, Одам писари Қодиров гумонбарро аз рӯйи “эҳсоси мазҳабӣ” задааст.
Рамазон Қодирови 46-сола, ки соли 2007 раҳбарии Чеченистонро ба уҳда гирифт, бо иҷозаи бемаҳдудияти Путин дар ин ҷумҳурии аксар мусалмоннишин қонунҳои худро ҷорӣ кардааст.
Ӯ вақтҳои охир се писари ноболиғашро таблиғ мекунад. Соли гузашта иддао кард, ки онҳоро ба ҷанги Русия алайҳи Украина сафарбар намуд, вале маълум нест, то куҷо онҳо дар даргириҳо иштирок кардаанд.
"Яке худро тарконд, дигарӣ бо як тир нобуд карда шуд" ВИДЕО

Бомбгузории маргталабона дар шаҳри Анкара. Ҳодиса якуми октябр дар назди Вазорати корҳои дохилии Туркия рӯй дод. Дар натиҷаи он ду нафар кушта шуданд. Расонаҳои Туркия навиштанд, ки Ҳизби Коргарии Курдистон масъулияти таркишро ба уҳда гирифт.
Таркиш чанд соат пеш аз бозгашти вакилони мардумии Туркия аз таътил сурат гирифт.
Алӣ Ярликая, вазири корҳои дохилии Туркия, гуфт, “яке аз террористон, ки абзори тарканда дошт, худро тарконд. Дигарӣ қабл аз онки худро тарконад, бо як тир дар сараш нобуд карда шуд.”
Ба гуфтаи вазир, ду афсари пулис дар натиҷаи бомбгузорӣ захм бардоштаанд, вале аҳволашон бад нест.
Чанд соат баъд аз ҳамла раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба порлумон рафт ва суханронӣ кард. Ӯ маъмурони амниятиро сутуд, ки тавонистанд, монеи ҳамлаварон шаванд.
"Амалиёте, ки дар он ду қотил маҳв шуданд, фарҷоми терроризм аст. Разилоне, ки осоиш ва амнияти шаҳрвандони моро ҳадаф гирифта буданд, ба мақсад нарасиданд. Ҳаргиз намерасанд," -- афзуд ӯ.
Як мақоми расмии Туркия ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ҳамлаварон як ронандаро 260 километр дуртар аз Анкара кушта, мошинашро гирифтаанд. Анкара баъд аз соли 2016 то кунун шоҳиди бомбгузорӣ нашуда буд.
Дар он замон гуруҳи ДОИШ ва тундравони Ҳизби Коргарии Курдистон масъулияти ҳамлаи террористиро дар шаҳрҳои бузурги Туркия ё бар уҳда гирифтанд ё омили он дониста шуданд. Ҳардуро Амрико созмонҳои террористӣ мешуморад.
Баъд аз таркиши маргталабона дар назди Вазорати корҳои дохилии Туркия, Анкара ба мавқеъҳои Ҳизби Коргарии Курдистон дар шимоли Ироқ ҳамла кардааст. BBC аз қавли мақомоти турк навишт, 20 мавқеъ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои Туркия қарор гирифт.
Вазорати дифои Туркия хабар дод, ки асосан ба ғорҳо ва анборҳои яроқу аслиҳаи Ҳизби Коргарии Курдистон зарба зад.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Ҷоғу бинияш шикаста буд." Як оила дар Суғд адолат мехоҳад. ВИДЕО

Аъзои як хонавода дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мегӯянд, ки писарашон, Фарҳод Ҷалилов, бар асари латукӯби ҷавоне маҷруҳ шуда, дар бемористон ҷон бохт ва бояд сабабгорони марги ӯ ҷазо гиранд. Маъмурони милиса гуфтанд, як кас дастгир шуд. Тарафи дигари баҳс гап задан нахост.
Латукӯби Фарҳод Ҷалилов 23-юми августи имсол дар Бозори марказии шаҳри Истаравшан рух додааст. Ӯ дар инҷо ба аробакашӣ машғул буд. Рӯзи 27-уми август дар бемористон ҷон дод.
Мамлакат Обидова, модари Фарҳод Ҷалилов, рӯзи ҳодисаро чунин ба ёд овард: "Рафта дидам, ки аз даҳону бинияш хун мешорад. Фарёд зада гуфтам, ки ба бачаам чӣ шуд? Се милиса омада гуфтанд, ки ба Шуъба баред. Ҷоғу бинияш шикаста буд."
Ба нақли пайвандонаш, Фарҳод Ҷалилови 44-сола бо ароба нон мекашонд ва дар иваз аз масъулони нонпазхона маош мегирифт. Ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи ҳодиса баъзе аз харҷҳояшро напардохтаанд ва ҷанҷол аз инҷо сар задааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ба гуфтаи Мамлакат Обидова, "гуфтааст, пули обро диҳед, надодаанд. Вақте дашном додаанд, писарам низ ҷавоб гардондааст. Баъдан ӯро задаанд. Худи писарам дар бемористон гуфт, ки “очаю бача дастамро қапида ба семент заданд.”
Маъмурони милиса ҳодисаро таҳқиқ доранд. Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса як ҷавони 25-сола дастгир шудааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар мақомот, Тураи Алӣ, писари молики нонпазхона дар Бозори марказии Истаравшан, бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ гумонзад аст. Банди 110, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ ва банди 237 – авбошӣ. Иттиҳоми аввал аз панҷ то ҳашт соли зиндон ва банди дуввум ҷарима ё ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Барои фаҳмидани мавқеи тарафи дигар ба суроғашон рафтем. Аммо онҳо омода нашуданд, ки дар рӯбарӯйи дурбин гап зананд. Танҳо ҳаминро гуфтанд, ки писарашон ҳоло дар боздоштгоҳ аст ва таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.
Наздиконаш мегӯянд, Фарҳод Ҷалилов тақрибан бист сол боз дар Бозори марказии Истаравшан аробакашӣ мекард. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ягона ноновари хона буд ва ҳоло мунтазири хулосаи мақомот нишастаанд.
Ин ягона ҷанҷоли лафзие нест, ки боиси марги сокинон мешавад. Моҳи майи имсол Муҳаммадалӣ Акрамов, пизишки бемористони "Истиқлол"-и Душанбе, дар хархашае бо ронанда ва пулчинаки хатсайри рақами 28 сахт зарба хӯрду пас аз ҷарроҳии косахонаи сар ва як ҳафта беҳушӣ ҷон дод. Мақомот ҷавони пулчинакро боздошт ва нисбати ӯ низ бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ парванда кушоданд. Маълум нест, ки ин ҷавон чӣ ҷазо гирифт.
Гуфтугӯ