Миср рӯзи 6-уми октябр мизбони музокирот миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳамос” хоҳад буд. Дар ин гуфтугӯҳо намояндагони баландмақоми амрикоӣ низ ширкат хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол даҳҳо ҳазор исроилӣ бо ширкат дар таҷаммуъи ҳомиёни хонаводаҳои гаравгонҳо хостори амалӣ шудани тарҳи сулҳи Доналд Трамп шуданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил 5-уми октябр намояндагони кишварашро барои гуфтугӯ бар сари ҷузъиёти фаннии тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп ба Миср фиристод. Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, ба ҳайати ин кишвар мақомоти аршади созмони амнияти дохилӣ ва намояндагони артиш шомил шудаанд.
Қарор аст Стив Виткоф, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна ва Ҷорд Кушнер, домоди Трамп ва мушовири аршади пешини ӯ низ рӯзи якшанбе ба Миср расанд.
Мақомоти Миср эълом карданд, ки музокирот барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза ва озодии гаравгонҳои исроилӣ субҳи 6-уми октябр дар минтақаи Шарм ал-Шейх баргузор мешавад.
Вазорати хориҷаи Миср дар баёнияе навишт, дар ин музокирот “шарту шароити табодули гаравгонҳои исроилӣ ва зиндониёни фаластинӣ мутобиқ бо пешниҳоди раиси ҷумҳур Трамп” баррасӣ мешавад.
Бенямин Нетаняҳу шоми 4-уми октябр ибрози умедворӣ кард, ки “ҳамин ҳафта” “тамоми гаравгонон” ба хона бармегарданд. Ӯ гуфт, ки музокирот танҳо чанд рӯз давом мекунад ва кишвараш “дар остонаи як дастоварди бузург аст”.
Нетаняҳу тарҳи Доналд Трампро натиҷаи иқдоми муштараки худ бо раиси ҷумҳури Амрико ва тими ӯ хонд ва гуфт, ин иқдоми ҳамоҳанг “дар як лаҳза варақро баргардонд. Мехостанд Исроилро мунзавӣ кунанд, аммо “Ҳамос” мунзавӣ шудааст”.
ИМА ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Расонаҳои Исроил гузориш доданд, ки Нетаняҳу шоми 4-уми октябр талош кард, ки вазирони ростгарои ифротии давлати худро барои пуштибонӣ аз тарҳи Доналд Трамп розӣ кунад. Аммо ин вазирон бори дигар гуфтаанд, “Ҳамос” набояд ба ҳаёти худ идома диҳад”.
Ёир Лопед, роҳбари мухолифони ҳукумати феълии Исроил пуштибонии худро аз тарҳи пешниҳодии раиси ҷумҳури Амрико эълон кардааст.
Нақшаи ақибнишинии Исроил аз Ғазза
Доналд Трап шаби 4-уми октябр дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, Исроил барои ба “хати аввал ақибнишинӣ” кардан аз Навори Ғазза мувофиқат кардааст. Ба навиштаи Трамп, гуруҳи “Ҳамос” низ аз ин чиз огоҳ шудааст.
“Ба маҳзи онки “Ҳамос” инро тасдиқ кунад, оташбаси фаврӣ иҷро мешавад ва табодули гаравгонҳои исроилӣ ва зиндониёни фаластинӣ оғоз хоҳад шуд”, - навиштааст Трамп.
Исроил аз бомдоди 4-уми октябр амалиёти таҳоҷумӣ дар Навори Ғаззаро мувафаққиф карда гуфтааст, иқдомоташ “сирфан дифоӣ” аст.
Аз сӯи дигар, хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, ки пас аз нашри паёми нави Трамп, ҳанӯз Исроил ба ҳамлаҳояш дар Ғазза идома додааст. Бар асоси гузоришҳо, дастикам 70 тан рӯзи ҷумъа дар ҳамлаҳои Исроил кушта шуданд.
Гуруҳи “Ҳамос” рӯзи ҷумъаи 3-юми октябр ба тарҳи Доналд Трамп посухи мусбат дод, аммо то ҳол нагуфтааст, ки ҳама бандҳои тарҳро иҷро мекунад ё не. Сухангӯёни “Ҳамос” дар гуфтугӯ бо расонаҳои минтақа монанди “Ал-Ҷазира” халъи силоҳи комили гуруҳро ғайриқобили қабул донистанд.
Тарҳи Доналд Трамп, ки аз 20 банд иборат аст таъкид кардааст, ки “Ҳамос” ҳаққи ширкат дар идораи Ғаззаро надорад ва ин гуруҳ бояд силоҳашро ба замин гузорад.
Ҷанги навбатӣ миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин рӯз "Ҳамос" 1200 исроилиро кушт ва беш аз 250 тани дигарро ба гарав бурд.
Дар пайи ҳамлаҳои наздик ба ду соли Исроил ба Ғазза беш аз 66 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.