Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Раҳмонро дар қатори Моди ва Ҷинпин “ҳамсӯҳбати хубу самимӣ” номид


Қазон, феврали соли 2024
Қазон, феврали соли 2024

Рӯзи 2 октябр зимни суханронӣ дар маҳфили таҳлилии "Валдай" дар Сочи президенти Русия Владимир Путин раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар қатори сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ва раҳбари Чин Си Ҷинпин “ҳамсӯҳбати хубу самимӣ” унвон дод. Дар ин нишаст Путин, ки ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом хоҳад кард, давоми чор соат назари худро ба муҳимтарин масъалаҳои Русия ва ҷаҳон баён кард.

Путин, ки дар поёни суханронии чорсоатааш ба мавзӯи сафараш ба Тоҷикистон муроҷиат кард, гуфт, мунтазири дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ӯ, аз ҷумла, гуфт: "Ман ба ҳамин зудиҳо ба Тоҷикистон сафар мекунам. Мулоқот дар чорчӯби ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) ва дигар созмонҳо мадди назар аст. Бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ хоҳам дошт. Зимнан дар фазои пасошӯравӣ инсонҳои ҷолиб барои суҳбат зиёданд. Вақте исломиҳои тундгаро қудратро ба даст оварданд, президенти кунунии Тоҷикистон - ҷаноби Раҳмон, автомат дар даст ба пойтахти кишвари худ, шаҳри Душанбе ворид шуд. Мефаҳмед, ҳозир ӯ дар он ҷо як назме барпо кардааст. Шояд он ҷо ҳам вазъ сода набошад. Мехоҳам гӯям, ки суҳбат бо чунин одамон муфид аст".

Паёми Путин ва ҷавобҳои ӯ ба иштирокчиёни нишасти Валдай тахминан чор соат идома карда, муносибатҳои Русия бо ИМА, Иттиҳоди Аврупо, мамолики Осиёву Африқо, ҷанги Украина, сабқати таслиҳотӣ ва мавзуъҳои дигарро дар бар гирифт.

Раҳмон-ҳамсӯҳбати муфиди Путин
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Путин гуфт, умед дорад, ки равобити кишвараш бо ИМА пурра барқарор мешавад:

"Мо мебинем, ки маъмурияти феълии ИМА қабл аз ҳама манфиатҳои кишвари худашро пеш гузоштааст. Фикрк мекунам, ин роҳи солим аст. Аммо мебахшед, Русия ҳам манфиат дорад. Яке аз онҳо, эҳёи равобити комил бо ИМА мебошад. Вақте эҳтироми ҷонибҳо вуҷуд дорад, сарфи назар аз ихтилофҳо мо метавонем аз роҳи муколама мушкилиҳои сахттаринро ҳам тавассути созиш ҳал кунем. Яъне пайдо намудани роҳиҳалҳо барои ҳарду ҷониб қобили қабул ва имконпазир аст".

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 9-уми октябр ба Тоҷикистон сафар мекунад. Маълум нест, ки дар Душанбе вазъи муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия ба мушкилоти зиёд гирифторанд, то куҷо матраҳ мешавад. Ин сафари Путин ба Тоҷикистон дар шабу рӯзе иттифоқ меафтад, ки амалиёти зидди муҳоҷирон, ки бештар онро "шикори муҳоҷирон" меноманд, дар шаҳрҳои Русия афзоиш ёфтааст.

Русия ва Тоҷикистон ҳамдигарро "шарики муҳим ва стратегӣ" меноманд. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар ҷаҳон дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Бо ин вуҷуд, Русия ҳеч шароите ба муҳоҷирони тоҷик фароҳам намекунад ва онҳоро пайваста озору азият медиҳад.

Мақомоти тоҷик моҳи август гуфтанд, ки соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро аз ин кишвар ихроҷ кард. Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷику кору зиндагӣ мекард, вале маълум нест, ки дар ду соли ахир, ки фишорҳо шадидтар шуданд, чӣ теъдоде аз онҳо ихроҷ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG