Дар хабарнома омадааст, ки ронандаи таксӣ бо мошини "КИА Оптима", ки рақамҳои тоҷикӣ дошт, нахостааст пули таваққуфгоҳро пардохт кунад. Бинобар ин, мошинашро қасдан ба болои корманди таваққуфгоҳ ронда, ду шлагбаумро мешиканд ва аз маҳалли ҳодиса фирор мекунад.
Корманди фурудгоҳ ҷароҳат бардоштааст ва ронандаи таксиро худи ҳамон рӯз боздошт кардаанд. Дар нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Гуфта мешавад, ин ронанда борҳо қоидаҳои истифода аз хадамоти фурудгоҳро вайрон карда будааст. Исм ва дигар ҷузъиёти вобаста ба ин шахс ваё мавқеи ӯ, ки чаро чунин рафтор кардааст, нашр намешавад.
Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябр дар сомонаи худ огаҳиномаеро нашр намуд ва ронандагонро ҳушдор дод, ки барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ метавонад боиси то се сол манъ шудани вуруди шахс ба хоки Русия гардад.
Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки тибқи қонунгузории Русия агар шаҳрванди хориҷӣ дар тӯли се сол ду маротиба ва ё бештар аз он ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад, роҳаш ба ин кишвар баста мешавад. Ба чунин қонуншиканиҳо ҳатто нақзи нисбатан сабуки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба мисли бартарӣ надодан низ дохил будааст. Бинобар ин, аз зодагони Тоҷикистон даъват шудааст, ҳатто нисбати қонуншиканиҳои хурд беаҳмият набошанд, зеро онҳо ҳангоми қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти муҳоҷират ба назар гирифта мешаванд.
Зимнан рӯзи 2-юми октябр Раёсати Вазорати умури дохилии минтақаи худмухтори Ханти-Мансийски Русия хабар дод, ки беш аз 150 муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин минтақа барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия ихроҷ карда шуданд.
Яке аз муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик мегӯяд, ӯ 13 сол дар Русия дар сохтмон кор мекард ва сари вақт пардохт накардани маблағи ҳуҷҷатҳояш сабаб шуд, ки акнун барои 5 сол ба ин кишвар омада натавонад.
Ба таъкиди ин ниҳод, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сургут ҳудуди 180 нафар шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд ва аллакай дар мавриди ихроҷи онҳо аз Русия тасмим гирифта шудааст.
Гуфтугӯ