Вазорат нархномаи фурӯш ва иҷораи китобҳоро дар саҳфаи фейсбукияш нашр кардааст. Ҳар сол бо оғози таҳсил, мавзӯи китобҳоии дарсӣ дар кишвар доғ мешавад.
Муҳаммадалӣ Хушвахтов, сокини шаҳри Турсунзода беш аз 50 километр роҳро тай карда, барои харидани китоб ба Душанбе омадааст. Мегӯяд, дар мактаби набераҳояш дар Турсунзода мушкили норасоии китоб боис шуд, ки ӯ ба инҷо биояд.
"Нархи китобҳо бисёр қимат аст, боз бисёрашро ёфта наметавонем. Бе китоб хонандагонро дар мактаб намемонанд. Мактаб таъмин карда наметавонад. Ҳамин хел азоб дорем".
Маҳмадалӣ Хушвахтов бо арзиши 310 сомонӣ 8 китоб барои наберааш харидааст ва боз чанд китоби дигар бояд харидорӣ кунад.
Волидони бархе мактабхонҳо мегӯянд, бо нархи нисбатан арзон барои фарзандонашон китобҳоро дар мактаб ба иҷора додаанд ва дар поёни сол онҳоро бармегардонанд.
Зарина, як сокини Душанбе мегӯяд, барои иҷораи 19 китоб 180 сомонӣ додааст ва чунин нархгузорӣ барояш осон ва муносиб аст. "Аз онки китобҳоро бихарем, беҳтар аст, ки аз мактаб ба иҷора бигирем ва дар охири сол баргардонем",-мегӯяд ӯ.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки дар мактабҳо норасоии китоб вуҷуд надорад, аммо бинобар афзоиши шумори мактабхонҳо, ниёзмандӣ бештар шудааст.
Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, "бо ҳатмӣ шудани дарс, умуман таҳсил дар синфҳои 10 ва 11, талабот ба баъзе китобҳо зиёд шуд, аз ҷумла, китобҳои равияи дақиқ. Албатта яке аз сабабҳое, ки норасоии китоб ба миён омад, маҳз ҳамин мебошад. Дар маҷмӯъ, бо зиёд шудани хонандагон ҳамасола ҳудуди 100 ҳазор нафар ё бешта аз он, албатта эҳтиёҷ ба китоб ба миён меояд”.
Таъмини мактабҳо ба китоб бо дархости бахшҳои маориф дар шаҳру навоҳӣ низ бастагӣ доштааст.
"Дар муассисаҳои таълимӣ албатта норасоии китоб вуҷуд надорад, балки эҳтиёҷ ба китобҳо мавҷуд аст, ки ин дар заминаи он ба миён меояд, ки раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар аввали соли хониш бояд он омори дақиқ ва муайнеро, ки хонандагон ба китоб ниёз доранд, ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кунанд",-афзуд Хуршед Мавлонов.
Масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ ва нархи онҳо дар гузашта низ нигарониҳоеро ба миён оварда буд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар пай дастури раисҷумҳури кишвар дар бораи пурра таъмин намудани мактабҳо бо китоб, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки то охири соли ҷорӣ 9 миллиону 154 ҳазор нусха китоби дарсиро чоп намуда, дастрасӣ муассисаҳои таълимӣ намояд.
Бо амалӣ гардидани чунин тасмим маълум нест, ки мушкил то куҷо ҳалли худро меёбад, ҳарчанд масъулони бахши маориф дар ин бора хушбинанд.
Гуфтугӯ