Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Нависандагони мо қаҳрамонӣ мекунанд"


Шаҳзодаи Самарқандӣ
Шаҳзодаи Самарқандӣ

Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарзода), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, ки ҳуқуқи одамон, бавижа занону духтарон, дар эҷодиёташ мавзӯи асосӣ аст, рӯзи 19-уми ноябр панҷоҳсола шуд.

Ӯ борҳо барои ошкорбаёнӣ, бепарда ва урён сухан гуфтан дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарбаҳои лафзӣ дидааст, вале пайваста эҷод мекунад ва навиштаҳояшро на танҳо барои тоҷикон, балки хонандагон дар Эрону Аврупову Амрико дастрас менамояд.

Яке аз аввалин корҳояш ҳамроҳи коргардони эронӣ, Меҳдии Ҷомӣ, мустанади “Чархофалак” аст, ки дар аввали солҳои 2000-ум таҳия шудааст. Ин мустанад дар бораи мусиқии “Фалак” ва ҳунармандони маъруфи ин бахш дар Тоҷикистон аст. “Дар талоши наҷоти театр” мустанаде ба забони англисӣ аз заҳматҳое барои ҳифзи театри тоҷик, аз ҷумла “Аҳорун” қисса мекунад.

“Синдроми Стокҳолм”, “Замини модарон”, “Регистон”, “Бозгашт ба Бухоро” аз китобҳои Шаҳзодаи Самарқандӣ аст, ки бо забонҳои тоҷикию форсию англисӣ ва ҳолландию русӣ нашр шудаанд. “Зане, ки бо муҷассамаҳо роҳ мерафт” китоби нави Шаҳзодаи Самарқандӣ аст, ки базудӣ дар Эрону Ҳолланд нашр хоҳад шуд.

Дар баъзе аз ин навиштаҳо ба ҷабрҳои кашидаи мардуми Осиёи Марказӣ дар аҳди шӯравии собиқ таъкид шудааст. Шаҳзодаи Самарқандӣ дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “мушкилоте, ки мо дар замони Шӯравӣ бо он мувоҷеҳ шудем, ҳоло роҳи ҳал пайдо накардааст ва мо бояд рӯйи он кор кунем. Барои мисол, хушк шудани Баҳри Арал. Киштукор. Дарёҳои Ому, Сир ва Зарафшон ҳамон шароитеро идома медиҳанд, ки Арал бо он мувоҷеҳ буд.”

Ӯ афзуд, “мо масоили бисёре дорем, ки бояд ба насли оянда аз таҷрибаҳои худ бигӯем, то онҳо такрор накунанд. Мушкил ин аст, ки мо фикр мекунем шӯравӣ тамом шудааст. Шӯравӣ тамом нашудааст. Шӯравӣ захме аст, ки бояд асрҳо бо он мувоҷеҳ шавем.”

Навори пурраи суҳбатро дар инҷо бинед:

Шаҳзода Назарзода: "Нависандагони мо қаҳрамонӣ мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:37:30 0:00
XS
SM
MD
LG