Пас аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба “Телеграм” ва “Вотсап” дар Русия, ки тамоси ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро бо наздиконашон бурид, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр паёмрасони ба гуфтааш миллии “Ориз”-ро муаррифӣ кард.
Созандагони барнома гуфтанд, мардум бе душворӣ ва ҳатто бо суръати поини интернет метавонанд бо ҳам суҳбат куннад. Баъзе аз корбарон дар бахши сиёсати ҳифзи ҳарими хусусии он ба нуктае таваҷҷӯҳ кардаанд, ки ба бовари онҳо бехатарии мукотибаро зери суол мебарад.
“Тарзи сабтином дар паёмрасон бисёр муносиб аст. Дар телефони ман осон боргирӣ шуд. Ба ақидаи ман, чизи хуб аст, зеро дар дохили Тоҷикистон кор мекунад ва як паёмрасони қулай хоҳад буд," – гуфт Таманно Қурбонова, корманди маркази IТ.RUN.
Аммо ӯ афзуд, худаш аз ин замима ҳанӯз истифода набурдааст, чун аз нигоҳи бехатарӣ ба он чандон бовар надорад: “Ман, масалан, медонам, ки амнияти Телеграм бисёр хуб аст. Дар бораи "Ориз" ҳоло чизе гуфта наметавонам.”
Бехатарии истифода аз паёмрасон барои ҳама муҳим аст. Яъне, то куҷо сирри мукотиба ё қоидаҳои ҳарими хусусӣ риоя мешаванд. Хадамоти алоқа мегӯяд, бо паёмрасони “Ориз” маълумоти корбарон дар дохили кишвар ҳифз шуда, имкон медиҳад, ки “муассисаҳо ва шаҳрвандон дар муҳити амн ва боэътимод муошират кунанд.”
"Агар паёмҳои моро хонанд…"
Баъзе аз корбарону таҳлилгарон зимни боргирии паёмрасон дар бахши сиёсати ҳифзи ҳарими хусусии он дар Аппстор ба нуктае таваҷҷӯҳ кардаанд, ки ба бовари онҳо бехатарии мукотибаро зери суол мебарад. Дар онҷо чунин навишта шудааст:
“Ҳангоми истифодабарии шумо аз замима, мо маълумоти мухталифро ҷамъоварӣ мекунем, аз ҷумла маълумоти шахсӣ. Масалан, номи шумо, почтаи электронӣ ва акси профайл. Муҳтавои паёмҳое, ки шумо мефиристед ё қабул мекунед. Маълумот дар бораи дастгоҳе, ки шумо истифода мебаред.”
Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин, мегӯяд, “агар зери мафҳуми муҳтавои паёмҳо инро дар назар дошта бошанд, ки чӣ фиристодеду чӣ гирифтед, яъне паёмҳои моро хонда тавонанд, пас, ин ба ягон талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест.”
Созандагони паёмрасони тоҷикӣ гуфтаанд, ин маълумот бо ҳадафҳои гуногун, аз ҷумла барои таҳлилу беҳтар кардани кори он истифода мешавад. Як ҳуқуқшиноси тоҷик бе бурдани номаш гуфт, бе иҷозаи корбар ҷамъоварии маълумот ва мукотибаи ӯ хилофи қонун аст.
“Мо қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ дорем, ки бар асоси он бе иҷоза ин корро кардан манъ аст. Аз Қонуни асосӣ сар карда, то қонунҳои дигар ҷамъоварии маълумот ва мукотибаро бе иҷоза манъ кардаанд. Мо ҳатто дар Қонуни асосӣ як моддаи алоҳида дорем дар ин бора,” – гуфт ҳуқуқдон.
Чӣ чизро бояд дигар кунанд?
Корбарон дар Тоҷикистон ҳоло барои мукотибаву муошират маъмулан аз паёмрасонҳои “Телеграм” ва “Вотсап” истифода мебаранд ва ба ин замимаҳо бовар доранд. Коршиносони соҳа дар Тоҷикистон мегӯянд, таҳияи паёмрасони миллии “Ориз” ҳам ташаббуси хуб аст, ба шарте, ки агар истифодааш озод ва ба корбар ҳаққи интихоб дода шавад.
“Интерфейсаш ба Телеграм бисёр монанд аст. Агар ҳамин хел функсияҳоро дода тавонад; агар ҳамин хел сифатро дода тавонад; рақобати озод кунанду боз сифати кораш беҳтар шавад; масъалаи амниятиро дар назар гирифта, дар серверҳои худашон нигоҳ надоранду якчанд имконияти иловагӣ пешниҳод кунанд, дар байни аҳолӣ роиҷ хоҳад гашт. Агар дар шароити кунунӣ сифаташ ҳадди ақал ба Телеграм нарасад, ман шубҳаи калон дорам, ки тавонад ягон касро ҳавасманд кунад," – гуфт Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин.
Маълум нест, ки то ҳол чӣ теъдод аз корбарон паёмрасони тоҷикиро боргирӣ кардаву истифода мебаранд. Ташаббускорон изҳори умед кардаанд, ки бо афзоиши шумори корбарон, барномаи мазкур ба “бренди миллии Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ табдил хоҳад ёфт.” Коре, ки ба гуфтаи мутахассисон осон нест ва исботи онро мехоҳад, ки қоидаҳои ҳифзи ҳарими хусусӣ пурра риоя мешаванд.
Дар гузашта баъзе талошҳо барои офаридани барномаи мушобеҳ ба “Одноклассники” ва “Фейсбук” дар Тоҷикистон сурат гирифта, ба назар мерасад, муштариёни худро пайдо карда натавонистанд. Аз ҷумла, соли 2015 “Ҳамсинфон” монанд ба “Одноклассники”-и русӣ ба майдон омад, вале дер напоид. Як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик дар соли 2022 бо таъсиси системаи ҷусторӣ гуфта буданд, ки барномаҳои шабеҳи "Гугл" ва "Яндекс"-ро ба роҳ мондаанд. Ин вебсайт феълан дастнорас аст.