Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудрат ва сармоя. Чаро наздикони президентҳо ба бонкҳо рӯй меоранд?


Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Шаҳри Хуҷанд. Моҳи марти моли 2025
Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Шаҳри Хуҷанд. Моҳи марти моли 2025

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, бонкҳо на фақат ниҳоди молӣ, балки абзор ё дастгоҳи таъсиргузор дар сиёсат низ ҳастанд. Баъзе аз хешовандон ё шахсони наздик ба раҳбарони минтақа дар ҳоли ҳозир бонкҳои калонтаринро идора мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ҳам сармоя ҷамъ биоваранд ва ҳам аз хатарҳо эмин бимонанд.

Ин мавзуъ пас аз он дигарбора сари забонҳо шуд, ки писари Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистонро бунёдгузори як бонк муаррифӣ карданд ва Шӯрои Аврупо се бонкеро дар Тоҷикистон бо гумони мадад ба Русия таҳрим намуд. Ҳарсе бонк ба шахсони наздик ба президент Эмомалӣ Раҳмон пайванд дода мешаванд, агарчӣ худи онҳо ҳамагуна робитаро бо ин ниҳодҳои молӣ инкор кардаанд.

МАЙДОНЕ БАРОИ ТАҶРИБААНДӮЗӢ?

Нурдавлат Нургоҷоев, писари хурдии Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, яке аз бунёдгузорон ё муассисони бонки навтаъсиси "Баракат" дар ин кишвар муаррифӣ шуд. Ҷабборов гуфт, ин тиҷорати хусусӣ аст ва писараш бо ширкат дар кори бонкдорӣ таҷриба меандӯзад.

"Ман зиёда аз панҷ сол боз дар сари қудрат ҳастам. Дар ин муддат на бародаронам ва на ягон узви оилаамро ба кори давлатӣ ҷалб накардам. Ба ин назар ҳастам, ки дар як оила як сиёсатмадор кофист. Ман ҳамеша ба онҳо гуфтаам, ки ба тиҷорат машғул шаванд, корхона боз кунанд ва сармоягузоронро ба кишвар биоранд. Сипос Худоро, ки ҳамаашон суханҳои маро шуниданд ва ба умури давлатдорӣ дахолат намекунанд," – афзуд ӯ.

Дар ҳақиқат, дар ҳоли ҳозир ягон хешованди наздики раисҷумҳури Қирғизистон мансабдори давлатӣ ё вакили порлумон нест. Аммо ба низоми бонкдорӣ роҳ ёфтани Нурдавлат Нургоҷоев дар Қирғизистон ба ёди бархе таҷрибаи начандон хуби гузаштаро овардааст, ки бо "сохтакорӣ ва суистифода аз мақом" омехта буд.

Ишораи онҳо ба Максим Боқиев, писари президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, аст, ки раиси Оҷонси марказии рушду сармоягузорӣ буд ва саҳмияҳои AsiaUniversalBank, яке аз бузургтарин бонкҳои тиҷоратиро дар ихтиёр дошт. Ба гуфтаи ҳукумати муваққатии Қирғизистон, ки пас аз вожгунии Боқиев ба қудрат расид, пулҳои калони давлатӣ ва хусусӣ аз дасти ӯ мегузаштанд ва бо ёрии ӯ нақшаҳои берун бурдани пул амалӣ мегаштанд.

Пас аз иниқлоби моҳи апрели соли 2010 Қурмонбек Боқиев аз Қирғизистон гурехт ва дар Беларус ҷой гирифт. AsiaUniversalBank миллӣ карда шуд. Максим Боқиев дар ғайбаш 25 сол аз озодӣ маҳрум гашт.

Максим Боқиев
Максим Боқиев

Вакили мудофеъ Асел Аргимбоева пас аз хабари ҳаммуассиси бонки "Баракат" эълони шудани писари Содир Ҷабборов дар Фейсбук навишт: "Вақте узви оилаи мақоми олии кишвар ба соҳае, ки аз ҷониби давлат танзим мешавад, дастрасӣ пайдо мекунад, ногузир шубҳаҳоро дар бораи мустақил будани қарорҳои ҳукумат ба миён меорад."

Райқул Ҷабборова, хоҳари Содир Ҷабборов, дар гузашта раёсати бонки сармоягузории "Иссиқкӯл"-ро бар уҳда дошт ва дар соли 2012 ба қаллобӣ ва пулшӯйӣ муттаҳам шуд. Сипас бонкро муфлис эълон карданд ва Ҷабборова, ки ба хориҷа рафта буд, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Қирғизистон ӯро дар охири моҳи январи соли 2021, чанд моҳ баъди ба қудрат расидани Содир Ҷабборов бегуноҳ эълон кард.

ДОМОД, ХОҲАРЗОДА...

Суистифодаи наздикони президент аз ниҳодҳои молиявӣ танҳо бо Қирғизистон маҳдуд намешавад. Кормандони собиқи "Нурбонк"-и Қазоқистон соли 2008 дар як мурофиаи пурсарусадо дар Алмато ҷузъиёти боварнакарданиеро бармало карданд. Онҳо гуфтанд, бо дастури Роҳат Алиев, домоди президент Нурсултон Назарбоев, ки ин муассисаи молиро назорат мекард, сандуқҳои амонатгузориро бе иҷозаи муштариён кушода, садҳо ҳазор доллару евро ва ҷавоҳироту соатҳои гаронбаҳоро ба ӯ додаанд.

Пеш аз он ду корманди баландпояи “Нурбонк” рабуда шуда буданд. Додситон гуфт, ки онро шахсан Алиев ташкил кардааст, вале ин баёнот вазъияти ӯро дигар накард. Баръакс, Роҳат Алиев сафири Қазоқистон дар Австрия таъйин шуд.

Ҳама чиз замоне тағйир ёфт, ки ӯ дар мухолифат қарор гирифт ва аз лутфу пуштибонии падарарӯсаш маҳрум гашт. Он замон Роҳат Алиевро ба феҳрасти шахсони таҳти ҷустуҷӯ ворид карда, бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, тамаъҷӯӣ ва одамрабоӣ дар ғайбаш ба 20 сол зиндон маҳкум намуданд. Сипас ӯ ба хиёнат ва кӯшиши табаддулот низ гунаҳкор шуд ва ба ҳукмаш 20 соли дигар изофа гардид. Ҳамсараш аз ӯ ҷудо шуд.

Роҳат Алиев ин иттиҳомҳоро напазируфт ва онҳоро қасосгирии Назарбоев номид. Ҷасади ӯро соли 2014 дар зиндони Вена пайдо ва маргашро расман худкушӣ эълон карданд. Нурсултон Назарбоев пас аз марги домоди собиқаш гуфт, бо додани имконияти фаровон ба ӯ "хатои сахт" кардааст.

Роҳат Алиев ва Нурсултон Назарбоев
Роҳат Алиев ва Нурсултон Назарбоев

Ғайрат Сотиболдӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, як замон дар радабандии Forbes-и маҳаллӣ ҷой гирифта буд. Пас аз ҳодисаҳои “январи хунин”-и Қазоқистон дар соли 2022, ӯ натанҳо аз дороӣ, балки озодияш низ маҳрум гашт. Вайро бо иттиҳоми дуздии пули давлат ба шаш сол зиндон ҳамзамон бо мусодираи амвол маҳкум карданд. Сотиболдӣ дар соли 2024 пеш аз муҳлат озод шуд. Мақомоти Қазоқистон изҳор доштанд, ки вай зиёда аз 1,5 миллиард долларро ба давлат баргардондааст.

Тимур Қулибоев, домоди дигари Назарбоев, пас аз ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 бо баъзе дороиҳояш “худоҳофизӣ” кард. Қитъаҳои замини ӯ дар як минтақаи бонуфузи Алмато ва гӯшаҳои дигар мусодира карда шуданд ва сипас 50 дарсади саҳмияҳои ӯро дар “Порки нигоҳдории гази моеъ” низ гирифтанд.

Тимур Қулибоев ва ҳамсараш Динора Қулибоева (Назарбоева), дороии асосии худ -- Halyk Bank (Бонки Халқии Қазоқистон)-ро тавассути ALMEX Holding Group идора мекунанд. Тибқи иттилои Forbes, дороии Қулибоевҳо тақрибан 10 миллиард доллар аст ва сарвати онҳо дар ҳоли афзудан. Қулибоев солҳои тӯлонӣ Бунёди “Самрук-Казина”-ро идора мекард; раиси Палатаи миллии соҳибкорон буд; анҷумани созмонҳои нафту газ ва энергетикаро роҳбарӣ дошт ва президенти Кумитаи миллии олимпӣ буд. Ӯ солҳои зиёд дар рӯйхати бонуфузтарин тоҷирони Қазоқистон дар Forbes ҷой гирифт.

Тимур Қулибоев бо ҳамсараш Динора
Тимур Қулибоев бо ҳамсараш Динора

АЗ “ОРИЁНБОНК” ТО “ТАВҲИДБОНК”

Дороиҳои тамоми сохтори бонкии Тоҷикистон ба 4,8 миллард доллар баробар будааст, камтар аз дороиҳои Тимур Қулибоев. Вале ин бозори хурд барои хешовандони Эмомалӣ Раҳмон, ки зиёда аз сӣ сол боз кишварро идора мекунад, ҷойи хубе шудааст.

Барои мисол, “Ориёнбонк”, яке аз бонкҳои куҳна ва бонуфузро бо тақрибан 415 миллион доллар сармоя Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон, раҳбарӣ дорад. Муовини аввали ӯ хоҳарзодааш, духтари раисҷумҳур, Зарина Раҳмон, аст.

Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон бо тақрибан 404 миллион доллар дороӣ ва намояндагиҳои сершумор (ин барои кишваре, ки иқтисодаш аз пули фиристодаи муҳоҷирон мечархад, муҳим аст), ҳамон тавре расонаҳои мустақил менависанд, ба Ҷамшед Гулов пайванд дорад. Ӯ бародари Ашраф Гулов аст, шавҳари Парвина Раҳмон, духтари дигари президенти Тоҷикистон. Падари Ҷамшед ва Ашраф, Гул Шералӣ, то соли 2013 дар мансаби вазири энергетика кор кардааст.

“Спитамен Бонк”, ки дороиҳояш ҳудуди 308 миллион доллар шумурда мешавад, дар бахши қарзи хариди хонаву мошин ва тиҷорати бима фаъол аст. Яке аз саҳмдорони бонк ширкати бимаи “Спитамен Суғурта” аст, ки ба Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва шавҳари Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Дастгоҳи иҷроияи президент пайванд дода мешавад. Нуралиев дар замони кораш дар Бонки Миллӣ саҳм доштанашро дар ин бонк инкор кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳафт духтар ва ду писар дорад. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ҳафт духтар ва ду писар дорад. Акс аз бойгонӣ

“Спитамен Бонк” ва ду ниҳоди молии дигари Тоҷикистон (Душанбе Сити Бонк ва Коммерсбонк Тоҷикистон), ки бевосита ё бавосита бо оилаи президент пайванд дода мешаванд, чанде пеш таҳти таҳримҳои Шӯрои Аврупо қарор гирифтанд.

Бар асоси Феҳрасти давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, молики асосии “Душанбе Сити Бонк” (дороиҳояш тақрибан 375 миллион доллар гуфта мешавад) ширкати “Авесто Гурӯҳ” аст. Ин ширкатро Мирзо Муҳаммад роҳбарӣ мекунад. Бародари ӯ, Хуршед Мирзо, раиси Оҷонси навоварӣ ва технологияҳои рақамӣ ва муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, яке аз шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон номбар мешавад. “Авесто Гурӯҳ” аз соли 2016 чанд тиҷорати калон, аз истеҳсоли оби маъданӣ то низоми пардохти роҳкиро дар нақлиёти иҷтимоиро ба даст дорад.

Бонки бузурги дигар, “Коммерсбонк Тоҷикистон”, қаблан ба ширкати серсоҳаи “Фароз” марбут дониста мешуд. Тибқи гузориши расонаҳо, ин ширкат ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон пайванд дорад. Пас аз танқидҳои зиёд "Фароз" эълон кард, ки фаъолияташро боздоштааст, аммо таҳқиқ нишон дод, ки ширкат бо номҳои дигар тиҷоратҳояшро пеш мебарад ва танҳо номи "Фароз" дигар зикр намегардад.

“Тавҳидбонк”, аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон аст. Мудири иҷроияи он, Муҳиддин Ҳасанзода, писари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси президент мебошад.

“ИМПЕРИЯ”-И МОЛИЯВИИ МИРЗИЁЕВ

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 дар Узбекистон ихтиёри баъзе аз ниҳодҳои молиявӣ ба дасти доираҳои наздик ба ӯ гузашта, сармояҳо ва корхонаҳои давлатӣ дар хидмати онҳо қарор гирифтаанд.

Таҳқиқи бахши узбекии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкати гуногунсоҳаи Orient Group аз Сандуқи давлатии беҳдошти Узбекистон даҳҳо миллион доллар дарёфт кардааст. Ин ширкат ба Ойбек Умаров, бародари хурдии Отабек Умаров, домоди президент Мирзиёев, марбут аст. Ширкатҳои Умаров аз соли 2016 то соли 2020-ум 86 дарсади сармоягузории Бунёди давлатии UOIC (ниҳоди муштараки Идораи сармоягузории Умон ва Сандуқи таҷдид ва рушди Узбекистон)-ро ба даст овардаанд.

Шавкат Мирзиёев бо аъзои оилааш. Соли 2023
Шавкат Мирзиёев бо аъзои оилааш. Соли 2023

Ойбек Турсунов, домоди калонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, дар соли 2021-ум 112,49 миллион саҳмияи “Капиталбонк”-ро ба даст овард. Пас аз як сол ин бонки бузургтарин ба як ширкати вобаста аз миллиардер Алишер Усмонов гузашт. Ӯ соли 2022, баъди ҳамлаи Русия ба Украина зери таҳримҳои Ғарб қарор гирифт ва ширкаташро зуд аз сафи саҳмдорони “Капиталбонк” берун кард.

Турсунов 75 дарсади саҳмияҳои Uzcard-ро дар ихтиёр дошта, замоне низоми пардохти байнибонкиро назорат мекард. Вай соли 2020 аз қатори саҳмдорон хориҷ шуд. Ойбек Турсунов, ба гуфтаи баъзе манобеъ, яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар Узбекистон аст. Ҳамсараш, Саида Мирзиёева, моҳи июни имсол раиси Дастгоҳи иҷроияи президент шуд ва пас аз падараш, раисҷумҳури Узбекистон, мақоми дувуми баландтаринро соҳиб аст.

Саидаи 41-соларо вориси тахти падараш медонанд, чун дар ҷаласаҳои расмӣ иштирок мекунад; бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ суҳбат меорояд; ба вилоятҳо меравад ва дар маҳфилҳои байнулмилалӣ Узбекистонро муаррифӣ ва намояндагӣ мекунад. Созмони байнулмилалии Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал дар гузориши худ Узбекистонро “бо мизони баланди фасоду хешутаборбозӣ ва суистифода аз қудрат” як давлати худкома номбар кардааст.

XS
SM
MD
LG