Дар Ғазза дар миёни вайронаҳое, ки аз амалиёти харобиовари низомии Исроил боқӣ мондаанд, аксари сокинон дар хаймаҳо ва дар канори тӯдаҳои бадбӯйи партовҳо зиндагӣ мекунанд. Пизишкон мегӯянд, ҳавои олуда бахусус байни кӯдакон боис ба бемориҳои исҳол, пӯст ва маризиҳои дигар шудааст.
Оилаи Маҳмуд Абурайда аз шаш нафар иборат аст. Онҳо дар Хон Юнус дар хаймае дар паҳлӯи партовгоҳи бадбӯй ва пур аз пашша зиндагӣ мекунанд. Вай гуфт, як фарзандаш чанд бор ба бемории сироятӣ гирифтор ва дар шифохона бистарӣ шуд.
“Ҳавои тозаро намебинем. Дар дохили хайма ҳамеша бӯйи бад аст. Хоб карда наметавонам. Дар атрофи қуттии партов хомӯшакҳо, пашшаҳо ва оби ифлос ҷамъ мегарданд. Фарзандонам бо сулфа ё диққи нафас аз хоб бедор мешаванд,” – нақл кард ӯ.
Тоза кардани партовҳо дафъатан пас аз оғози ҷанг бас гардида, хадамоти коммуналӣ баъди оташбас дар моҳи гузашта танҳо қисман аз сар гирифта шудаанд. Поксозии пурраи партовҳо дар ояндаи наздик пешбинӣ намешавад.
Ба ҷуз аз партовҳои гандида ва ҳавзҳои пур аз оби корез, мардуми Ғазза маҷбуранд бо партовҳои хатарноки минтақаҳои бомббороншуда ва бо дуди заҳролуди матоъ ва зарфҳои пластикӣ низ мубориза баранд.
“Миқёси мушкили партовҳо дар навори Ғазза бисёр бузург аст,” – гуфт Алессандро Маракич аз Оҷонси рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP). Ӯ афзуд, партовгоҳҳо дар Ғазза пеш аз ҷанг ҳам пур буданд ва бар илова се партовгоҳи бузург дар сарҳад бо Исроил барои фаластиниён дастнорас аст.
“Сухан дар бораи ду миллион тонна партови коркарднашуда дар саросари Ғазза меравад. Мо технологияҳои навро баррасӣ дорем, тавре гуфтам, партовҳоро ба энергия табдил медиҳем. Имкониятҳоро барои ҳалли ҳарчӣ зудтари мушкили партовҳо меҷӯем," – афзуд вай.
Пизишкон дар анклави сераҳолии фаластиниён мегӯянд, олудашавӣ боис ба бемориҳои меъда, дарунравӣ, пайдо шудани шабушку доғҳо ва ҳар гуна захмҳо мегардад. Самӣ Абу Тоҳо, духтури бемориҳои пӯсти бемористони саҳроии Кувайт, мегӯяд, чунин шароит боис ба афзоиши бемориҳои пӯст шудааст.
Маҳмуд Ҳеллес ва аъзои хонаводааш дар наздикии ҳавзе, ки барои ҷамъоварии оби борон сохта шудааст, зиндагӣ мекунанд. Ҳоло ин ҳавз аз оби фозилоб пур шудааст ва онҳоро бемор мекунад.
“Мо ба ҷуз аз чунин ҷойҳо, дигар макони иқомат надоштем. Дар ин ҷо зиндагӣ кардан хеле душвор аст, зеро бинобар харобаҳо, тӯдаҳои партовҳо ва набудани коркарди оби корез бемориҳо авҷ гирифтааст,” – гуфт ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: